Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори қурбониёни тармаи Майхура меафзояд?


Тарма дар Майхура 12 километр дарозӣ ва 6 метр баландӣ дошт
Тарма дар Майхура 12 километр дарозӣ ва 6 метр баландӣ дошт

Ба гуфтаи сокинони деҳоти наздики Майхура, 65-километрии пойтахти Тоҷикистон, шумори қурбониёни тармахезии рӯзи 21 декабр ҳудуди 100 нафар будааст.

Сокинони мавзеъҳои наздик ба маҳалли ҳодиса, ки аз овардани номашон худдорӣ карданд, гуфтанд, ки дар миёни фавтидаҳо занону мардон ва ҳамчунин ронандагони мошинҳои мусофирбар ва борбар будаанд. Ба қавли онҳо аксарияти мошинҳои зери тармамонда то ҳол берун кашида нашудаанд.

Ин дар ҳолест, ки Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон қаблан иттилоъ дода буд, ки бар асари барфкучӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ҳамагӣ 3 нафар кушта шудаанд. Ва вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз марги 15 нафар иттилоъ дода буд.

Дар ҳамин ҳол ба иттилоъи як манбаи муътамади вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ҳудуди 70 нафар наҷотбахшони вазоратҳои ҳолатҳои фавқулъодда ва умури дохилаи Тоҷикистон, ки ба маҳалли ҳодиса барои наҷотбахшӣ фиристода шуданд, худ дар муҳосираи тарма мондаанд ва то имрӯз, яъне беш аз 10 рӯз, дар банди тарма ба сар мебаранд.

Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, тайи ин рӯзҳо гурӯҳҳои дигари наҷотбахши вазорати ҳолатҳои фавқулъодда ва ҳамчунин сокинони маҳаллӣ барои наҷоти гурӯҳи наҷотбахши дармонда талошҳо кардаанд, вале бенатиҷа будааст. Ба нақли сокинони маҳаллӣ, мардуми деҳоти атроф ҳаррӯза аз хонаҳо нону хурданиҳо ҷамъ меоранд ва ин ғизоҳо тавассути чархбол ба наҷотбахшони дар банди тармамонда расонда мешавад.

Ҳамзамон давлати Тоҷикистон аз ширкатҳои роҳсозии «Чайна-роуд»-и Чин ва «Собир-роуд»-и Эрон, ки ба сохтмони нақби Анзоб машғул мебошанд, барои наҷоти гурӯҳи наҷотбахши вазорати ҳолатҳои фавқуолъодда аз банди тарма кумак хостааст.

Тармахезӣ дар ҷамоати Майхураи ноҳияи Варзоб, 65-километрии шимоли Душанбе, шоми 21 декабр рух дода буд. Бар асари барфбории зиёд якбора чанд тарма ба сари мошину ронандаҳои ин шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд фуруд омад. Дар пайи он қитъаи роҳ то нақби Анзоб ба дарозии 12-километр бо барфи баландияш аз 3 то 6 метр баста шуд.

XS
SM
MD
LG