Бар асари бориши зиёди барф дар Қазоқистон, ҳаракат дар роҳҳои ин кишвар мушкил ва ҳатто дар баъзе қисматҳо номумкин гардид. Аз ҷумла, баъзе қисматҳои роҳи мошингарди Алмаато -- Тошканд, ки ағлаби муҳоҷирони тоҷики муқими Русия ва Қазоқистон бо ин роҳ ҳаракат мекунанд, бо барфи ғафс пӯшонида шудааст. Ба гуфтаи Роза Қолдибекова - сухангӯи Идораи корҳои дохилии вилояти Ҷанбул, алъон ағбаҳои Шақпақ ва деҳаи Мамишули воқеъ дар наздикии шаҳри Тароз ба тӯли 50 километр баста аст ва ҳаракати мошинҳо дар ин қисмат номумкин гардидааст ва маълум нест, ки роҳ дар ин ҷо кай боз мегардад. Аз ин хотир, сухангӯи Идораи корҳои дохилии вилояти Ҷамбул ба пурсиши мо, ки мусофир алъон бо ин роҳ ба Тошканд ё Чимканд сафар карда метавонад ё не ҷавоби манфӣ дод.
Хонум Колдибекова таъкид намуд, ки алъон аз сафар бояд худдорӣ намуд, зеро барои барқарор кардани роҳ ва аз барф тоза кардани он ба таври иловагӣ ду-се соат ва ё ду шабонарӯз зарур аст.
Ду рӯз қабл бошад, дар наздикии деҳаи Мамишули анқариб 280 мошину автобусҳои мусофирбар ва қариб 1500 мусофир дар роҳ монданд ва хадамоти ҳолатҳои фавқулъодаи вилоят алъон беш аз 500 нафар мусофиронро ба шаҳрҳои Тароз ва Чимканд оварда бо қаторҳо сӯи Тошканд фиристоданд.
Алъон, тавре сухангӯи идораи корҳои дохилии вилоят мегӯяд, корҳои аз барф тоза кардани роҳ идома дорад, вале маълум нест, ки он кай анҷом пазирад ва барои ҳаракати озоди мошинҳо имкон пайдо гардад. Зеро қисмати ағбаи Шакпак то деҳаи Мамишули пурра бо барфи ғафс, ки дар баъзе ҷойҳо он то ба 4 метр мерасад, пӯшонида шудааст.
Пас, алъон барои сафар сӯи Чимканд ё Тошканд аз кадом роҳ истифода намуд? Ба ин суоли ман сухангӯи идораи корҳои дохилии вилояти Ҷамбул қаторро воситаи ягонаи ҳаракат гуфта посух дод.
Ин нуктаро як мусофири тоҷик, ки дар роҳ монда азоби бисёр дидааст, ба Алмаато, ба наздиконаш занг зада низ таъкид кардааст. Вай гуфтааст, онон аз сафар бо автобус худдорӣ намоянд, то чун вай низ ба мушкилот дучор нагарданд.
Вале бо қатор низ то ба Чимканд расидан алъон муҳол аст ва чун мо ба фурӯшгоҳи чиптаҳои вокзали шаҳри Алмаато рафтем, онон гуфтанд, ки то соли нав ба Чимканд чипта нест. Аз ин хотир, муҳоҷирони тоҷики вилояти Суғд, ки дар Алмаато кор мекунанд, аз ҳавопаймои хатти сайри Алмаато - Хуҷанд истифода мекунанд, вале ин ҳавопаймо ҳамагӣ ҳафтае як маротиба парвоз дорад.
Аз сӯи дигар, ҳарчанд роҳ баста аст, дар ин рӯзҳои арафаи соли нав қимати чиптаҳо ба автобус дар ҳоли афзоиш мебошад. Агар мусофир рӯзҳои муқаррарӣ бо 1000 ё 1500 танга, ки муодили 8 ё 13 доллар аст, аз Алмаато то ба Тошканд бирасад, алъон ин қимат аз 6000 то ба 10 000 танга боло рафтааст, ки баробари 50 ва 80 доллари амрикоист.
Вале бо сарфи ин маблағ мусофирон дар роҳ монда баъдан маҷбур шудаанд, ки сафари хешро бо қатор идома диҳанд.
Аз ин хотир, дар ҷашни Соли Нав ба Ватан баргаштани муҳоҷирони тоҷик мушкил гаштааст ва ағлаби онон маҷбуранд аз сафар даст кашида ин ҷашнро дар мусофират гузаронанд. Ҳавошиносон бошанд, фақат баъди Соли Нав дар Қазоқистон назар ба ҳамин давраи соли гузашта каме гарм шудани ҳаворо пешгӯӣ кардаанд.