Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исботи нави зарари тамоку


Бар асоси як таҳқиқоти тоза, тамокукашӣ дар ҳузури тифлон метавонад сабаби аллергия ва ё бемориҳои ҳассосияти роҳҳои нафаси ин кудакон шавад.

Аз дер боз маълум буд, ки агар зани ҳомила сигор кашад ва ё тифлон дар муҳити олудаи ба дуди сигор бузург шаванд, имкони гирифтории онҳо ба бемории диққи нафас бештар мешавад. Аммо дар робита ба имкони таъсири ин омил ба афзоиши ҳассосият ва ё аллергия олимон назарҳои гуногун доштаанд.

Акнун табибони Шветсия ошкор кардаанд, кудакони чаҳорсолае, ки волидонашон дар айёми навзодӣ дар ҳузури онҳо сигор мекашидаанд, ба гардҳои болиши пар ва пашми гурба аллергия пайдо мекунанд. Гузашта аз ин, чунин тифлон ҳатто ба анвоъи гуногуни таъом низ ҳассосият пайдо мекардаанд, ки барои сиҳатиашон хатарнок аст.

Пажӯҳише, ки онро профессор Ева Ланнеро аз пажӯҳишгоҳи Каролинскаи Стокҳолм анҷом дод, баёнгари он аст, ки зиндагӣ дар муҳити олуда ба дуди тамоку, ба роҳҳои нафаскашии кӯдак осеб мерасонад ва сабаби афзоиши ҳассосияти бадани ӯ мегардад.

Натиҷаҳои таҳқиқоти хонум Ланнеро дар маҷаллаи тиббии Соракс нашр шудааст. Олимон барои ин пажӯҳиш беш аз 4 ҳазор оиларо, ки кӯдаконашон дар солҳои 1994 - 1996 таваллуд шуда будаанд, мавриди пажӯҳиш қарор додаанд. Аз волидони кудакон савол кардаанд, ки оё ҳангоме, ки тифлашон ду моҳа, як сола ва ду сола буд, онҳо сигор мекашидаанд ё хайр.

Дар синни чаҳорсолагӣ хуни наврасонро мавриди пажӯҳиш қарор дода ва дидаанд, ки онҳо ба ангезандаҳои маъмулии ҳассосият, ба мисли гарди болиши пар, пашми гурба, тухми мурғ ва орд чӣ вокуниш нишон медиҳанд. Бар асоси ин таҳқиқ, пажӯҳишгарон ба хулосае омадаанд, ки наврасоне, ки аз синни ду моҳагӣ дар муҳити олуда ба дуди тамоку ба сар мебурдаанд, 28 дар сад бештар дар хун подтан ва ё ба ибораи русӣ антитела доштаанд ва ҳассосияташон низ бештар будааст.

Дар аксар вақт ҳассосияти онҳо ба гарди пашми гурба нисбат ба кӯдаконе, ки дар муҳити покиза аз дуди тамоку бузург шудаанд, ду баробар бештар будааст. Ҳассосияти ин наврасон ба анвоъи гуногуни таъом дар муқоиса ба тифлони маъмулӣ 50 дар сад зиёдтар будааст.

Гуруҳи олимон зери раҳбарии профессор Ланнеро бар ин ақидаанд, ки агар роҳҳои нафаскашии наврас аз ибтидои ҳаёташ осеб бинад, ҳассосияти вай афзоиш меёбад ва ин назарияи илмии мавҷударо тасдиқ мекунад. Ва ин пажӯҳиш бори дигар нишон медиҳад, ки падару модарон бояд бикушанд, ки тифлонашон дар муҳити покиза аз дуди сигор бузург шаванд.

XS
SM
MD
LG