Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талошҳои ҳалли моҷарои дипломатӣ дар Кобул


СММ мегӯяд, дар гуфтушуниди фаврие бо мақомоти Афғонистон сарнавишти ду дипломати рондашуда аз Кобулро баррасӣ мекунанд.

Ин дипломатҳо, ки яке бритониёӣ ва дигаре ирлондӣ, яке корманди баландпояи Созмони Милали Муттаҳид ва дигаре ходими намояндагии Иттиҳоди Аврупост, аз тарафи Кобул таҳдид ба амнияти миллии Афғонистон шумурда шудаанд. Ҳукумати Афғонистон мегӯяд, онҳо дар вулусволии Мусоқалъаи вилояти Ҳилманд бо мусаллаҳони толиб гуфтушунид доштаанд. Аммо худи дипломатҳо ин айбномаро рад мекунанд.

Намояндагии Созмони Милал дар Кобул мегӯяд, дипломатҳо бо мақсади омӯзиши вазъият ба Ҳилманд сафар доштанд ва барои ин бо мардумони гуногун -- мӯйсафедони қабилаҳо, мақомоти маҳаллӣ ва намояндагони ғайридавлатӣ мулоқот карданд. Нило Мубориз, сухангӯи Намояндагии Созмони Милал дар Кобул, мегӯяд, ин моҷаро як сӯйитафоҳум аст, ки ба зудӣ ҳал хоҳад шуд.Аммо Ҳумоюн Ҳамидзода, сухангӯи раёсатҷумҳурии Афғонистон рӯзи сешанбе ба хабарнигорон гуфт, шаҳрвандони хориҷӣ "ашхоси нохоҳам" эълон шуда, чанде аз ҳамкорони маҳаллии онҳо мавриди боздошт ва бозпурсӣ қарор гирифтаанд.

Вилояти Ҳилманд, ки дипломатҳои ғарбӣ дар он ҷо бо аҳолии маҳаллӣ вохӯрдаанд, яке аз минтақаҳои асосии тавлидкунандаи маводи мухаддир ва аз пойгоҳҳои Толибон ба шумор меравад. Мусоқалъа чанде пеш, баъд аз даҳ моҳи ишғол шуданаш аз тарафи Толибон, дубора ба дасти нирӯҳои давлатӣ ва байнулмилалӣ баргашт. Ҳукумати Афғонистон ва ҳампаймонҳои ғарбии он мӯътақиданд, ки набояд бо Толибон вориди гуфтушунид шуд. Аммо бархе аз давлатмардон, тибқи хабарҳо пешниҳод кардаанд, ки тафриқаандозӣ дар байни толибҳо ва сарварони онҳо метавонад аз роҳкорҳои қонунӣ бошад.

Моҷарои ахир дар Кобул дар ҳоле ба амал омадааст, ки рӯзномаи бритониёии Дейли Телеграф аз гуфтушунидҳои махфии хадамоти иктишофии Бритониё бо ошӯбгарони толиб дар ҳузури мақомоти давлати Афғонистон хабар додааст. Сарвазири Бритониё, Гордон Броун ахиран гуфта буд, ҳеч гуна гуфтугӯ бо ситезаҷӯёни толиб ба амал нахоҳад омад.
XS
SM
MD
LG