Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садама дар пойтахт: 9 кушта ва 3 маҷрӯҳ


Дар натиҷаи як садама ҳангоми бархӯрди микроавтобус бо тепловози қатор дар маҳалли мавсум ба Бетонкаи пойтахт 9 мусофир ба ҳалокат расид.

Худойназар Асозода, сухангӯи вазорати дохилаи Тоҷикистон, дар як тамоси телефонӣ бо радиои «Озодӣ» гуфт, ки ин ҳодиса дар натиҷаи риоят нашудани қоидаи ҳаракати роҳ аз сӯи ронандаи микроавтобуси хатсайри 16-и Душанбе ба вуқӯъ пайвастааст. Ҳамзамон оқои Асозода аз шарҳи бештари ҷузъиёти ҳодиса худдорӣ кард. Вай танҳо афзуд, ки дар ҳоли ҳозир як гурӯҳи бозрасони ниҳодҳои интизомии кишвар ба таҳқиқи ҳодиса пардохтаанд.

Шахсияти афроди кушташуда то кунун шиносоӣ нашудааст. Зеро 3 нафари шадидан маҷрӯҳшуда, ки ба бемористон мунтақил шудаанд, зери табобати пизишкон қарор доранд ва ба муфаттишон низ иҷозаи мулоқот бо онҳо дода нашудааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки бештари сокинони пойтахт низ аз тарзи хидматрасонии ронандагони микроавтобусҳо изҳори норозигӣ мекунанд. Як нафар сокини шаҳри Душанбе изҳор намуд, ки дар аксари ҳолат ронандагон ба хотири ба даст овардани фоида одитарин меъёрҳои амниятиро риоят намекунанд.
Замоне, ки мо аз маҳалли ҳодиса боздид карданӣ шудем, нерӯҳои интизомӣ гирдогирди маҳалро печонида, таҳти назорат қарор дода буданд ва дар ҳамин ҳол касеро ҳам ба ҷои ҳодиса роҳ намедоданд.
Ҳодиса зӯҳри имрӯз, соати тақрибан дувуним ба вақти Душанбе рух додааст. Микроавтобуси мусофирбари тамғаи «Газел», ки дар хатсайри 16 ҳаракат мекардааст ба ҳангоми убур аз роҳи оҳан дар хиёбони Нурулло Ҳувайдуллоев бо тепловози қатор бархӯрд кардааст.

XS
SM
MD
LG