Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Охирин омодагиҳо ба интихоботи Узбакистон


23 декабр, интихоботи раисҷумҳури Узбакистон баргузор мешавад ва ҳамзамон таҳлилгарон ҳадс мезананд, ки он шаффофу озод нахоҳад буд.

Дар бораи интихоботи дарпешистодаи раёсати ҷумҳури Узбакистон раиси бахши Аврупо ва Осиёи Марказии созмони байнулмилалии ҳуқуқи башар «Human Rights Watch» Ҳолли Картнер гуфт, ин интихобот дар Узбакистон наметавонад озоду боадолатона баргузор шавад, зеро ҳукумати ин кишвар тамоми нерӯҳо ва афроди сиёсии мухолифи худро аз байн бурдааст ва ҳамаи расонаҳои ғайридавлатиро таҳти контрол қарор додааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар Узбакистон ягон шароите барои баргузории интихоботи озоду шаффоф мавҷуд нест ва умуман дар ин интихобот интихоб вуҷуд нахоҳад дошт.

Тибқи иттилоъи расмии Узбакистон, дар интихобот дар баробари раисҷумҳури феълӣ Ислом Каримов номзадии се нафари дигар, аз ҷумла Дилором Тошмуҳаммадова ва Аслиддин Рустамов, ҷонишинҳои раиси парлумони Узбакистон ва Акмал Саидов, раиси Маркази миллии ҳуқуқи башар, пешниҳод шудааст.

Вале таҳлилгарони сиёсӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ мегуянд, ин се нафар рақибони Ислом Каримов гумоштагони худи ӯ мебошанд ва аз сиёсати Каримов ҷонибдорӣ мекунанд. Аҳзоби мухолиф, ба мисли «Бирлик», «Эрк» ва «Озод деҳқон» ба ин интихобот роҳ дода нашудаанд.

Аксарияти таҳлилгарон себора интихоб шудани Ислом Каримов ба ҳайси раисҷумҳури Узбакистонро пешгуӣ кардаанд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи онҳо тибқи сарқонуни Узбакистон, як нафар шаҳрванди ин кишвар ҳақ надорад беш аз ду давра президентӣ кунад ва Ислом Каримов бар хилофи сарқонуни кишвари худ бори сеюм аст, ки номзадии худро пешниҳод мекунад.

XS
SM
MD
LG