Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон марзҳояш бо Тоҷикистонро баст


Ба гуфтаи сарраёсати нирӯхои марзбонӣ дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Точикистон, шурӯъ аз рӯзи ҷумъаи 21 – уми декабр Узбакистон дар остонаи интихоботи раисҷумҳурии худ ҳама марзҳояш бо Тоҷикистонро бастааст.

Хушнуд Раҳматуллоев – сухангӯи сарраёсати нирӯҳои марзбонӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Узбакистон аз субҳи рӯзи ҷумъа вуруди шаҳрвандони Тоҷикистонро ба қаламраваш ба сурати якҷониба манъ кард, аммо шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозаи озодона баромадан аз қаламрави Узбакистонро доранд. Ба гуфтаи вай, танҳо ба кормандони дипломатӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ, иҷозаи убур ва мурур ба Узбакистон дода шудааст.

Хушнуд Раҳматуллоев афзуд, дар ин рӯзҳои баста будани гузаргоҳҳои марзии Узбакистон ҳаққи иҷозаи вуруд ба афроде, ки бо заруратҳои сахт, мисли иштирок дар маросими дафни пайвандони худ ба Узбакистон рафтан мехоҳанд, танҳо ба тасмими мақомоти масъули ин кишвар вобаста аст.

Интихоботи раисҷумҳурии Узбакистон дар рӯзи якшанбеи 23 – юми декабр баргузор мегардад.

Рафтуомади шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон ба қаламрави кишварҳои ҳамдигар бо раводид сурат мегирад, аммо сокинони манотиқи наздисарҳадии ҳар ду кишвар иҷозат доранд, дар муддати то панҷ шабонарӯз бидуни виза ба хоки кишварҳои якдигар ворид ва будубош кунанд.

Ба гуфтаи сарраёсати нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон, марз бо Узбакистон то рӯзи 25 декабр баста хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG