Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иқтисоди Тоҷикистон ба евро мегузарад?


Чунин ба назар мерасад, ки бо поин рафтани қурби доллар дар бозори ҷаҳонӣ, эътимоди мардум ва ширкатҳои Тоҷикистон низ ба асъори Иёлоти Муттаҳида то андозае коҳиш ёфтааст.

Иддае аз ширкатҳои воридкунандаи маводи сӯхт ва корхонаи воҳиди давлатии «ТоҷикЭйр» ҳамакнун дар муомилоти худ аз евро - воҳиди пули Аврупо истифода мекунанд. Ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон» низ мегӯяд, ҳисобу китоби худро бо франки швейтсарӣ, ки гуфта мешавад, қавитар аз доллари амрикоист, роҳандозӣ кардааст. Бо ин ҳама дар мардуми Тоҷикистон сару садоҳое ба миён омадаанд, ки гӯё доллар дар ояндаи наздик қурби худро батамом аз даст дода ва евро ҷойгузини он дар муомилоти байналмилалӣ хоҳад шуд.

Раҳматшо Додихудоев, сухангӯи Бонки миллии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир ҳама гуна муомилоти байналмилалӣ тариқи доллари амрикоӣ сурат мегирад ва пиромуни табдили сиёсати пулӣ ва гузаштан ба евро, алъон дар Бонки миллӣ сӯҳбат намеравад. Ба андешаи ҷаноби Додихудоев, дар ҳоле ки воридоти мол ба Тоҷикистон бештар аз содироти он ба хориҷа аст, зарурат ба истифодаи воҳиди пули Аврупо дар миён нест ва ширкатҳо дар истифодаи кадом як асъор барои харидуфурӯши молу коло мустақил ҳастанд.

Ширкати ҳавопаймоии «ТоҷикЭйр» аз нахустин ширкатҳоест, ки дар муомилоти худ аз воҳиди пули Аврупо – евро истифода кард. Назира Давлатова, масъули дафтари матбуоти «ТоҷикЭйр», гуфт, сабаби даст кашидан аз доллари амрикоӣ дар баҳогузории чиптаҳо ин аст, ки аксар аз ширкатҳои байналмилалии ҳавопаймоии ҷаҳон чиптаҳои худро бо евро ба фурӯш мемонанд. Хонум Давлатова афзуд, бар тибқи қарордоди Кумитаи байналмилалии марбут ба нақлиёти ҳавоӣ, аксар аз ширкатҳои ҳавопаймоии кишварҳои узви ин созмон, аз ҷумла «ТоҷикЭйр», тарофаҳои нави худро бо евро муқаррар мекунанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон» мегӯяд, муомилот ё ба истилоҳ, ҳисобу китоб, дар ин корхона тавассути франки швейтсарӣ сурат мегирифтааст. Усмон Қаландаров, мудири бахши иқтисоди «Роҳи оҳани Тоҷикистон», гуфт, тамоми тарофаҳо дар роҳҳои оҳани кишварҳои узви ИДМ ва Балтик бо франки швейтсарӣ муайян карда шудаанд, на бо доллар. Ва мо низ ин тарофаҳоро тағйир доданӣ нестем, чунки франк қавитар аз доллар аст, масалан, 1 франки швейтсарӣ баробар ба 1,2 доллар аст.

Ва аммо ширкатҳои дигари давлатӣ, мисли «Тоҷикгаз» ва «Барқи тоҷик», дар муомилоти худ аз доллар кор мегирифтаанд. Ҳамчунин ширкати «Нафтрасон», ки ба воридоти маводди сӯхт ба Тоҷикистон масъул аст, мегӯяд, азбаски ин кишвар сӯзишворӣ истеҳсол намекунад ва ба истилоҳ, вобастаи Русияву Қазоқистон мебошад, кишварҳое, ки маводи нафтиро ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд, дар таъйини баҳои маҳсулоти худ мустақиланд ва бо асъори дилхоҳ.

Ва аммо Раҳматулло Абдуллоев, раиси як нуктаи сӯхтфурӯшӣ дар Душанбе, гуфт, эътимоди соҳибкорон ва ширкатҳои воридкунандаи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон ба доллар коста шуда ва ҳамакнун барои ҳифзи дороии худ танҳо бо воҳиди пули Аврупо муомилот мекардаанд. Оқои Абдуллоев гуфт, «овозаи иваз шудани доллар тамоми халқро ба ташвиш овардааст, ҳар ширкате, ки мол дошт, панаҳ кард, то мӯътадил шудани вазъ. Дар расонаҳои байналмилалӣ хабар доданд, ки қурби доллар дар ҷаҳон ба дараҷаи рекордӣ поин рафта ва Чин, масалан, иқтисодашро аз доллар ба евро гузаронд, ин боиси боло рафтани нархҳо, бавиқа қимати бензин ва маводи нафтӣ дар бозори Тоҷикистон шуд…»

Бо ин ҳама коршиносон мегӯянд, сабаби аслии уфтухезҳои қурби доллар дар бозори арзи Тоҷикистон дар ин аст, ки беш аз 90 дар сади қарордодҳои муносиботи хориҷии Тоҷикистон бо доллар анҷом дода мешавад. Ба эътиқоди таҳлилгарон, дар беқуршавии пули миллии сомонӣ Бонки миллии Тоҷикистон айбдор аст ва нигаҳдории сунъии қурби сомонӣ дар қиёс бо доллар боиси афзоиши нархҳо шудааст. Нуриддин Қаюмов, раиси Пажӯҳишгоҳи иқтисодии Тоҷикистон, бар ин назар аст, ки уфтухезҳои қурби асъори хориҷӣ дар ин кишвар муваққатист, аммо, мегӯяд ӯ, имрӯз вақти он аст, ки муомилоти тиҷорӣ ба воситаи евро сурат бигирад.

Вай афзуд, агар имрӯз Тоҷикистон маҳсулоти худро бо евро ба фурӯш гузорад, афзалтар ва бар манфиат аст. Чунки ҳозир хатари паст шудани қурби Евро дар ҷаҳон нест, бубинед дар давоми чанд сол мӯътадил аст ва ҳатто боло меравад қурбаш, аммо доллар паст меравад. Гузашта аз ин, дар хазинаи асъори Чин қариб 1,5 триллион доллар захира ҳаст, дар Русия низ ҳамчунин ва агар ин кишварҳо «интервенсия» карда, доллари захираашонро ба гардиш бароранд, дар оянда қурби доллар ба ҳадди ниҳоӣ паст меравад, дефолт шуданаш мумкин дар Амрико. Аз ҳамин рӯ, гузаштан ба евро мӯътадилӣ ва рушди иқтисоди Тоҷикистонро таъмин мекунад.

Вале гурӯҳи дигари иқтисоддонони тоҷик бар ин назаранд, ки поинравии қурби доллар дар бозори ҷаҳонӣ барои Тоҷикистон манфиат дорад. Зеро Тоҷикистон молу маҳсулоти арзандае барои содир кардан надорад ва асосан аз хориҷа ва бо доллар мол ворид мекунад. Ҳоло танҳо пахта ва алюминиуми хом дар Тоҷикистон тавлид ва ба хориҷи кишвар содир мегардад ва ин маҳсулот бо доллари амрикоӣ қиматгузорӣ мешудааст.

XS
SM
MD
LG