Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вижагиҳои интихоботи порлумонӣ дар Қирғизистон


Барои нахустин бор баъди барканор шудани ҳукумати раиси ҷумҳурии пешини Қирғизистон Аскар Оқоев дар моҳи марти соли 2005 инак дар ин кишвар интихоби порлумонӣ баргузор мешавад.

Раиси ҷумҳурӣ Қурмонбек Боқиев баъди тағйири Қонуни асосӣ ва таъсиси ҳизби худ ба баргузории интихобот иқдом кард ва ҳамакнун интизор меравад, ки аъзои ҳизби вай дар порлумони ҷадид аксариятро ташкил хоҳанд кард.
Барои роҳёбӣ ба порлумони иборат аз 90 курсии Қирғизистон имрӯз 12 ҳизб мубориза мебарад. Тибқи қонунҳои нави ин кишвар, ки моҳи октябр дар як раъйдиҳӣ қабул шудааст, маҷлиси нав назар ба порлумони пешина 15 курсии бештар хоҳад дошт. Интизор меравад, ки раъйи бештари мардумро барои дарёфти ҳаққи узвият дар порлумон ҳизби «Оқ жол»-и Қурмонбек Боқиев, Ҳизби сосиал-демократи нахуствазири собиқ Алмос Отамбоев ва ҳизби «Отамакон» ба раҳбарии раиси собиқи порлумон Омурбек Текебоев ба даст хоҳанд овард.
Аммо 9 ҳизби дигари дар интихобот ширкаткунанда барои роҳ ёфтан ба Жогорку Кенеш, порлумони Қирғизистон, шонси кам доранд.
Ба фарқ аз интихоботи гузашта, раъйдиҳии имрӯза танҳо аз рӯи рӯйхатҳои ҳизбӣ ҷараён мегирад ва ин маънои онро дорад, ки ин интихобот бидуни даври дувум баргузор мешавад ва коршиносон онро ҳамеша чун қисмати пуршӯри интихобот арзёбӣ мекунанд.
Имрӯз, баъди ширкаташ дар интихобот, раиси ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев гуфт, ки ҳамакнун мардуми кишвараш тасмими ба кадом самт ҳаракат карданро мегиранд. Ӯ ҳамчунин гуфт: «Ин як рӯзи таърихӣ аст, чунки барои нахустин бор шаҳрвандони Қирғизистон барои ҳизбҳо, барои рӯйхатҳои ҳизбӣ раъй медиҳанд. Барои давлати демократии дар ҳоли рушд ин як рӯзи вижа аст. Аз ҳамин хотир, новобаста аз натиҷаҳои раъйдиҳӣ, ман комилан мутмаинам, ки порлумони нав аз порлумонҳои гузашта фарқ хоҳад кард ва нерӯҳои нав, занҳо, ақаллиятҳои миллӣ ба порлумон роҳ хоҳанд ёфт».
Ин дар ҳолест, ки, тибқи иттилоъи бахши қирғизии родиюи «Озодӣ», Омурбек Текебоев, раиси ҳизби «Отамакон», гуфтааст, дар манотиқи мухталифи кишвар ҳодисаҳои тақаллуби баргаҳо ба манфиъати ҳизби «Оқ жол» мушоҳида шудааст. Сиёсатмадори дигар Алмос Отамбоев ҷараёни раъйдиҳии имрӯзаро «ифлосу пуртавтиъа» номидааст. Гурӯҳҳои мухолифин гуфтанд, ки ҳизби президент Боқиев «Оқ жол» аз захоири маъмурии дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ ба таври фаровон истифода кардааст. Ба иддаъои аҳзоби мухолифи ҳукумати кишвар, онҳо дар дастрасӣ ба расонаҳои хабарӣ ва таблиғот аз тариқи телевизиону родию ҳаққи нобаробар доштаанд.
Рӯзи шанбе як додгоҳи Бишкек номзади аслии ҳизби сотсиал-демократ Омурбек Бабановро бо далели ин ки вай шаҳрванди Қазоқистон аст, аз ҳаққи ширкат дар интихобот маҳрум кард. Вале О. Бабанов дар суҳбат бо хабарнигори родиюи «Озодӣ» дар Бишкек гуфт, ки ҳукми додгоҳ ангезаҳои сиёсӣ дошт: «Ман ҳукми додгоҳро чун як амри сиёсӣ арзёбӣ мекунам. Ин танҳо як намунаи фаъолиятҳои ғайриқонунии мақомот дар тамоми манотиқи кишвар мебошад. Феълан додгоҳ маро аз табаъияти Қирғизистон маҳрум кард. Дар ҳоли ҳозир ман расман на шаҳрвандии Қирғизистон ва на шаҳрванди Қазоқистон ҳастам, аммо ман мехоҳам ба мардуми қирғиз бигӯям, ки ҳеҷ гоҳ аз ҳаққи табаъияти Қирғизистон даст нахоҳам кашид».
Ёдовар мешавем, ки Қурмонбек Боқиев дар пайи мавҷи эътирозҳои мухолифин аз натоиҷи интихоботи соли 2005 сари қудрат омада буд. Баъди тағйири Қонуни асосиву Ойиннома интихоботи кишвар акнун Боқиев умед дорад, ки бо порлумони нав дубора вазъи кишварро ба эътидол хоҳад овард. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳукумати Боқиевро мухолифини ҳукумати ӯ дар адами мубориза бо фасод ва хешутаборпарастӣ муттаҳам мекунанд.
Тибқи иттилоъи Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсиҳои Қирғизистон, дар интихобот то нисфирӯзӣ наздики 30 %-и интихобкунандагон иштирок кардаанд. Гуфта мешавад, ба ҷараёни раъдиҳӣ 600 нозири байнулмилаливу ҳазорҳо нозирони маҳаллӣ назорат мекунанд.
Қарор аст, натиҷаи муқаддамотии интихобот рӯзи душанбе эълон шавад. Даи ин рӯз ҳамчунин ҳайати нозирини САҲА, ки масъули назорат аз интихобот аст, хулосаҳои худро роҷеъ ба ҷараёни раъйдиҳӣ баён хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG