Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ришватхорони Оҷонси мубориза бо коррупсия?


Оҷонси назорати молӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон мегӯяд, даст доштани чаҳор корманди ин ниҳод дар фасоди молиро кашф карда ва онҳоро ҷазо додааст.

Акбар Абдуллоев, намояндаи Оҷонси зидди фасод бо таъйиди ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, нисбат ба яке аз ин чаҳор нафар парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ гардида ва се тани дигар ба ҷазои маъмурӣ кашида шуданд. Вай афзуд, онҳоро шӯъбаи амнияти дохилии оҷонсии мо ошкор кардааст ва ҳоло ин шӯъба тафтишот мебарад ва вазифааш ҳам ҳамин аст, ки аз мавориди ришватситонӣ ва сӯистифода аз мақоми кормандони ин ниҳод ҷилавгирӣ кунад. Ва аммо Акбар Абдуллоев ному насаби афроди муттаҳамро ошкор накард, мушаххасан нагуфт, ки ин афрод аз кӣ ва чӣ миқдор ришват гирифтаанд ва аз посух ба саволҳои дигари радиои Озодӣ дар ин маврид худдорӣ варзид.

Оҷонси назорати молӣ ва мубориза бо коррупсия камтар аз як сол аст, ки фаъолият мекунад ва ба манзури ҷилавгирӣ аз ришвату фасод дар ниҳодҳои асосан давлатӣ, таъсис ёфтааст. Шерхон Салимов, раиси ниҳоди мазкур, дар як нишасти хабарӣ гуфта буд, ки кормандони ин оҷонс дар пайи таҳқиқу тафтиши парванда ва собиқаи корию поквиҷдониашон ба кор даъват мешаванд. Вай гуфта буд, ки қабл аз шурӯъи кор ҳар як довталаб қасами хидматӣ ёд мекунад.

Дар ҳамин ҳол, таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, бо ин ки Оҷонси зидди фасод дар зарфи танҳо чанд моҳи фаъолият даст доштани чаҳор кормандашро дар ришватситонӣ ошкор кардааст, обрӯву нуфуз ва эътимоди мардум ба худро то ҷое коста кардааст. Абдулғанӣ Маҳмадазимов, раиси Иттиҳодияи сиёсатшиносони Тоҷикистон, гуфт, ҳарчанд 4 нафар дар миёни 500 корманди Ожонси зиддифасод камтар аз як фисадро ташкил медиҳанд ва ин як шумори ночиз аст, аммо давлатро мебояд ҳақмузди кормандони ин ниҳодро ба ҳадде боло барад, ки онҳо ба гирифтани ришва моил нашаванд.

Ду моҳ пеш раиси Оҷонси назорати молӣ ва мубориза бо коррупсия Шерхон Салимов, дар ҷамъи хабарнигорон аз маоши ками худ ва кормандони ин ниҳод изҳори норозигӣ карда буд. Шерхон Салимов барои мисол 1250 сомонӣ, муодили 360 доллар, ва кормандони қатории ин Оҷонс камтар аз ӯ (аз 100 то 300 доллар) ҳақмузд доштаанд. Табиист, камии маош ҳам намояндагони ҳатто Ожонси зиддифасодро ба гирифтани ришва таҳрик медиҳад.

Хуршеди Атовулло, раиси Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон, ки дар робита ба ришвату фасод дар сохторҳои давлатӣ пажӯҳишҳое чанд таҳия кардааст, ришватситонии ҳатто кормандони Оҷонси зиддифасодро як амри табиӣ медонад, чун ба андешаи ӯ, аксар аз кормандони ин ниҳод ба сурати тасодуф пазируфта шудаанд. Оқои Атовулло афзуд, ин аст, ки ниҳоди мазкур бо гузашти қариб як сол аз замони таъсисаш интизороти ҷомеъаро бароварда пурра насохт.

Оқои Атовулло гуфт, «мардум интизоранд, ба саволҳои зиёди худ аз Ожонси зиддифасод посух бигиранд. Онҳо мехоҳанд донанд, ки машинаҳои ранг ба ранге, ки дар атрофи вазорату кумитаҳои давлатӣ ва ҳатто мақомотҳои қудратӣ меистанд, моли кист ва аз ҳисоби кӣ харида шудаанд, мардум интизоранд, ки посух бигиранд ба ин суол ҷавоб бигиранд, ки он қасру кӯшкҳои дар маҳаллаҳои Душанбе шуморашон афзоянда аз кадом ҳисоб ҳастанд, онҳо мехоҳанд фаҳманд, ки чаро бисёре аз корхонаҳое, ки ба фурӯш гузошта мешаванд, асосан аз ҷониби як гурӯҳи муайян харида мешавад. Ва ин саволҳоеанд, ки мардум ҷавоб мехоҳад ва то вақте ҷавоб ба ин саволҳо нест, чунин мешавад гуфт, ки фаъолияти Ожонси зиддикоррупсионӣ қаноатманд нест».

Вале масъулини Оҷонси зидди фасод низ иқрор мекунанд, ки собит кардани гуноҳи мансабдорони баландпоя ва раҳбарони вазорату идораҳои, ба истилоҳ, «калидӣ»-и кишвар, дар ришватситонӣ бас мушкил аст. Шерхон Салимов, раҳбари Ожонси назорати молӣ ва мубориза бо коррупсия, дар ин робита гуфт, «мубориза бурдан бо ӯ, ошкор кардани фаъолияти коррупсионии ӯ ва ба ҷавобгарӣ кашидани ӯ албатта кори осон нест. Барои он ки шахсияте, ки ба коррупсия даст мезанад, ӯ дорои ваколати ҳокимияти давлатист».

Ин ҳама дар ҳолест, ки созмонҳои марбутаи байнулмилалӣ аз Тоҷикистон ба унвони яке аз кишварҳои аз ҳама фасодзада дар ҷаҳон ном мебаранд. Созмони байнулмилалии «Freedom House» ё «Хонаи Озодӣ» ахиран давлати Тоҷикистонро барои ношаффоф будани фаъолияташ таҳти танқид қарор дода ва гуфтааст, фасодкории амиқ, ҷиноӣ шудани сохторҳои давлатӣ ва иртиботи наздики ҳукумат бо иқтисоди пасипардагӣ дар умури сиёсии Тоҷикистон мустаҳкам шудааст. Ба қавли «Хонаи Озодӣ», ҳукумат барои дилсард кардани мақомот аз фасодкорӣ ниҳоят кам иқдом мекунад.

Аммо мақомоти Тоҷикистон ин иддаоҳоро рад карда мегӯянд, дар роҳи мубориза бо ришвату фасод дар ин кишвар талошҳои бесобиқа анҷом медиҳанд. Ожонси зиддифасод мегӯяд, дар нӯҳ моҳи аввали соли равон наздик ба 300 ҷинояти коррупсиониро ошкор кардааст, ки дар пайи он ба буҷаи давлат беш аз 24 миллион доллари амрикоӣ зиён расидааст. Дар миёни афроди ба иттиҳоми ришватситонӣ боздоштшуда, 14 корманди идораҳои молиёт, беш аз 20 милиса ва чанд намояндаи додгоҳу ҳукуматҳои маҳаллӣ низ будаанд.

XS
SM
MD
LG