Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушташавии генерали лубнонӣ бар асари таркиш


Амали террористӣ ҷони якчанд нафар, аз ҷумла генерали артиши Лубнонро гирифт, 12 декабри 2007
Амали террористӣ ҷони якчанд нафар, аз ҷумла генерали артиши Лубнонро гирифт, 12 декабри 2007

Таркиши субҳи рӯзи чоршанбе дар Бейрут, пойтахти Лубнон, ҷони як генерали баландпоя ва дасти кам се нафари дигарро гирифт. Генерал Франсуа Ал-Ҳаҷ ҳадафи асосии ин ҳамла буд, ки дар мавзеъи масеҳинишини шаҳр рух дод.

Генерал Ал-Ҳаҷ мебоист масъулияти фармондеҳии артиши Лубнонро аз дасти генерал Майкл Сулаймон, раисҷумҳури мунтахаби ин кишвар, ба дӯш мегирифт. Вай яке аз ташкилкунандаҳои аслии амалиёти низомии зидди ҷангиёни исломӣ тобистони имсол будааст.

Таркиши ахир чун нахустин чунин ҳамла болои намояндаи артиш арзёбӣ мешавад, ки дар тамоми гирудорҳои сиёсии ахири Лубнон мавқеъи бетарафона ва то андозае муттаҳидкунандаи нерӯҳои даргири ин кишварро ихтиёр карда буд. Тафриқаҳои сиёсии гурӯҳҳои мухталифи парлумон боиси фалаҷ шудани ҳукумат ва монеъагузорӣ дар интихоби раисҷумҳури нави ин кишвар шуд, ки то таърихи 23 ноябр ба дарозо кашид.

Дар чунин шароит, дар дохили Бейрут ҳамакнун ҳар гуна гумонзаниҳо роҷеъ ба омилони эҳтимолии ин таркиш сар задааст. То ҳол ҳеҷ гурӯҳ ё нафаре масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст. Аммо бо ин вуҷуд, гурӯҳҳои сиёсии зиддисуриягӣ Димишқро дар анҷоми ин ҳамла гунаҳгор медонанд ва мегӯянд, далели куштори 8 сиёсатмадори лубнонӣ дар ду соли ахир аз ҷониби гурӯҳҳои рӯ ба Сурия мебошад.

Аммо Димишқ ин гуна иттиҳомотро ҳамеша рад кардааст. Дар хабари дигар омадааст, ки як мақоми баландпояи Лубнон ангушти ишораро ба ҷониби Эрону Сурия баланд карда гуфтааст, ки онҳо пуштибони аслии Ҳизбуллоҳи Лубнон мебошанд. Аммо худи Ҳизбуллоҳ дафъатан бо нашри изҳороте гуфтааст, ки ин гурӯҳ бо артиш ҳамеша равобити хуб дошта, куштори Ал-Ҳаҷро маҳкум мекунад. Дар ҳамин ҳол, Сурия дар посух ба иттиҳомоти тоза Исроилро дар анҷоми ин ҳамла муттаҳам карда мегӯяд, ки Тел-Авив аз равобити ҳасанаи артиш бо гурӯҳҳои исломӣ нохушнуд аст.

Дар ҳоле, ки айбмониҳои чандҷониба дар дохили Лубнон ҳанӯз ҳам идома доранд, баъзе давлатҳои аврупоӣ ба ҳодисаи куштори генерали низомӣ вокуниш нишон медиҳанд. Вазирони хориҷаи Олмону Фаронса бо нашри изҳороте ин ҳодисаро ба шиддат маҳкум карданд. Френк Валтер Штенмайер, вазири олмонӣ, гуфт, куштори мазкур дар як вазъияти ҳассоси сиёсии Лубнон рух дод ва ҳоло ҳама нерӯҳои сиёсии ин кишвар бояд дар роҳи муқобила бо хушунат ва барқарории демократия дар кишвар дар пешорӯи интихобот муттаҳид шаванд.

Фаронса, ки талошҳои Аврупоро барои баҳам овардани нерӯҳои даргири Лубнон раҳбарӣ кардааст, ҳодисаи имрӯзаро чун кӯшиши баҳам задани суботи кишвар арзёбӣ мекунад. Вазири хориҷа Бернар Кӯҳнер гуфт, ки дар чунин шароит ҳама раҳбарони сиёсӣ бояд аз худ масъулият нишон дода, бидуни таъхир раисҷумҳури нави кишварро интихоб кунанд.

Баъди ҷанги шаҳрвандии Лубнон дар солҳои 1975 то 1990 ин марҳилаи сахттарини сиёсии кишвар аст, ки пушти сар мешавад.

XS
SM
MD
LG