Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳо ба таркишҳои Алҷазоир


Бомби дувум ҷони чанд донишҷӯи саоври ин автобусро низ рабуд
Бомби дувум ҷони чанд донишҷӯи саоври ин автобусро низ рабуд

Раҳбарони кишварҳои ҷаҳон таркишҳои маргбор дар Алҷазоирро шадидан маҳкум карданд. Дар натиҷаи ин инфиҷорҳо беш аз 62 нафар ба ҳалокат расид.

Дар натиҷаи яке аз таркишҳо бинои дафтари СММ дар умури паноҳандагон осеб дид. Бомби дувум дар назди бинои Додгоҳи олии Алҷазоир инфиҷор карда мунҷар ба марги чанд донишҷӯи донишгоҳ гашт, ки он замон савори автобус будаанд.

Алорағми иттилооти бемористон, ки гуфтааст, дар натиҷаи таркишҳо дасти кам 62 нафар ба ҳалокат расид, вазорати дохилаи Алҷазоир хабар дод, ки ҳамаги 22 шахс кушта шуд.

Дабири кулли СММ Бан Ги Мун, ки дар кори конфронси байналмилалӣ бахшида ба тағйри иқлим дар Индонезия ширкат мекунад, ин амали террористиро шадидан маҳкум намуд.

Бан Ги Мун дастур дод, то ки барои ҳифзи кормандон ва дафтарҳои СММ дар Алҷазоир чораҳои амниятӣ тақвият шавад. Сухангӯи СММ дар мақарри ин созмон дар шаҳри Ню Йорк хабар дод, ки миёни кушташудагон кормандони СММ низ будаанд.

Шӯрои Амнияти СММ бо нашри изҳорот ин амали террористиро қотеъона маҳкум намуда, таъкид бар он дошт, ки тарҳрезони ҳамла бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Раиси ниҳоди СММ дар умури паноҳандагон Антонио Гутерес гуфт, ҳеҷ шубҳа надорад, ки ҳадафи аслии иҷрокунандагони ҳамла СММ будааст.

Мақомоти Амрико ин ҳамларо хушунати бераҳмона хондаанд.

Дар изҳороти Кохи сафед раисҷумҳур Ҷорҷ Буш ва ҳамсараш ба ҳамаи хешовандони қурбониёни ин ҳамлаи даҳшатафкан ҳамдардии худро изҳор намудаанд. “Мо ин ҳамлаи душманони инсониятро ба дафтари СММ маҳкум мекунем”, гуфта мешавад дар изҳорот.

Раисҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ, ки ҳафтаи гузашта аз Алҷазоир боздид карда буд, дар қатори аввалинҳо ба таркишҳо вокуниш нишон дод. Зимни сӯҳбати телефонӣ бо раисҷумҳури Алҷазоир, Саркозӣ ин амали ваҳшиёнаро мақкум кард.

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин низ ҳамларо маҳкум намуда кумаки кишварашро дар муқобила бо терроризм пешниҳод кард.

Силсилаи ҳамлаҳои ҳамсони қаблиро, ки аз аввали сол дар қаламрави Алҷазоир анҷом шуда мунҷар ба марги беш аз 100 нафар гашта будаанд, бахши алҷазоирии ал-Қоида ба зимма гирифта буд. Кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Либия, Мағриб, Тунису Туркия бо як овоз бомбгузориҳоро маҳкум намудаанд.

XS
SM
MD
LG