Аммо он чи ки дар қаъри замини Самси ва атрофҳои он хобидааст, саҳифаи мудҳиши таърихи Қазоқистон аст. Дар киштзорҳои Самси теппаҳои бешумори хокии хеле хурд, на баландтар аз 1 метр ба чашм мехуранд. Дар зери ин теппачаҳо қурбониёни беноми гуруснагии солҳои 30-юми асри бист гуронда шудаанд.
Қурол Токмурзин аз деҳаи Ойли вилояти Оқтепаи Қазоқистон 70 сол дорад ва баъд аз гуруснагӣ таваллуд шудааст. Аммо модараш ва дигар хешовандони ӯ дар бораи он солҳои сахт ба ӯ нақл карда будаанд. Токмурзин дар сӯҳбат бо бахши қазоқии радиои Озодӣ дар ин бора муфассал нақл кард.
Вай гуфт, ки соли 1929 мақомдорони расмии ҳизби шӯравӣ барои коллективизасия ё милликунонии кишоварзӣ ба деҳааш Ойл омадаанд. Ҳизбиён “кулакҳо”, онҳоеро, ки дар муқоиса бо боқии аҳолӣ зиндагии беҳтар доштаанд, ҷустуҷу мекардаанд. Дар мисоли Ойл, ин он шахсоне будаанд, ки чорвои шохдори калон, асп ё даҳ дувоздаҳ гӯсфанд доштаанд. Мардуми зиёде маҷбур шудаанд, ки ба дохили Русия, Қароқалпокистон, Эрон ва Ӯзбакистон кӯч банданд. Овозаҳо паҳн мешудаанд, ки зиндагӣ дар он ҷо беҳтар ва зинда мондан он ҷо осонтар аст....
Раванди милликунонӣ ба қазоқҳое, ки аксаран бо чорводорӣ машғул будаанд, сахт осеб расонд. Такмурзин мегӯяд, онҳоро бо зӯрӣ маҷбур кардаанд, то чорводориро бас карда дар як ҷо доимӣ мустақар шаванд. Бо онҳое, ки якчанд чорво доштаанд, ба мисли кулак бархурд мекардаанд.
Илова бар ин, Маскав талаб мекард, ки хоҷагиҳо маҳсулоти калони зироатиро таъмин кунанд, то ҳукумати Шӯравӣ тавонад онро ба арзи хориҷӣ ва ба мошинҳову дастгоҳҳо иваз карда корхонаҳои навашро муҷаҳҳаз намояд.
Такмурзин ин ҳикояро аз нақли модар ва амакаш Шитан гуфта дод. Ҳангоме, ки гуруснагӣ шуруъ шуд, амакаш ба Русия фирор кард, нахуст ба шаҳри Оренбург ва баъдтар ба Сталинград (Волгогради ҳозира).
Саранҷом, ҳукумати Шӯравӣ соли 1933 кумаки озуқаро ба Қазоқистон шурӯъ кард ва Шитан тасмим гирифт, ба ватанаш баргардад. Лекин роҳи бозгашт осон набуд. Такмурзин нақл мекунад:
“Мардум ба ӯ гуфтаанд, ки дар канори роҳ аз Оқтеппа ба Ойл ҷасадҳои мардум хобидаанд ва ҳайвоноти ваҳшӣ, аксаран гургон ин лошаҳоро мехӯранд. Он одамон ба амакам гуфтаанд, ки имкон ҳаст, ин ҳайвонот ба ӯ ҳамла кунанд. Аз ин ҳам дилхароштар нақлҳо дар бораи дастаҳои одамхӯрон будаанд, ки дар деҳот мегаштаанд.”
Шитан ба деҳаи Колда расидааст, ки хешовандонаш дар он ҷо ба сар мебурдаанд. Ӯ ба давоми сафар ба Ойл омодагӣ медид ва боз ҳам ба ӯ ҳушдор медодаанд, ки аз гуруснагӣ баъзеҳо дар худи деҳаи Колда даст ба одамхурӣ задаанд.
Бо вуҷуди ин, вай тасмим гирифт, роҳашро давом диҳад, аммо бо гузашти солҳо ба хоҳарзодааш нақл кард, ки баъд аз тарки Колда пай бурд, ки касе ӯро думбол мекунад. Ӯ ба рудхонае наздик шуда дид, ки чанд мард ӯро таъқиб мекунанд. Шитан худро ба рудхонаи сард андохт ва шино карда ба дигар соҳил гузашт. Дертар он мардҳоро барои ҷиноятҳояшон боздошт намудаанд.
Соли 1967 ҳукумат тасмим гирифт, дар Ойл Хонаи Фарҳанг бунёд кунад. Ҳангоме, ки корҳои заминканӣ оғоз гардидаанд, коргарон устухонҳои кӯдаконро кашф намудаанд. Модари Такмурзин ба гиряву нола даромад. Маълум шуд, ки Такмурзин бародару хоҳари бузург дошт, ки пеш аз гуруснагӣ таваллуд шуда будаанд. Барои наҷот аз гуруснагӣ онҳоро ва боз ҳазорон кудакони дигарро ба ҳукумат супоридаанд. Ҳеҷ кадомашон зинда намондаанд. Ба гуфтаи модари Такмурзин, ҳангоми бунёди Хонаи Фарҳанг дар Ойл беш аз 2 ҳазор ҷасад кашф ва аз нав гӯронда шуд.
Бо гузашти замон, ҳукумати Шӯравӣ кумаки озуқаро ба Қазоқистон афзоиш дод ва тавонист, гуруснагиро оҳиста барҳам диҳад, аммо зарари он беандоза буд. Омори қурбониёни гуруснагӣ дар Қазоқистон мухталифанд, аммо ҳамаи сарчашмаҳо бар онанд, ки шумораи қазоқҳое ки дар натиҷаи гуруснагӣ фавтидаанд, беш аз 1 миллион нафарро ташкил медиҳад. Баъзеҳо бар ин ақидаанд, ки дар он солҳо ду баробар бештар қазоқ мурдааст.