Натоиҷи эълоншудаи интихоботи Думаи давлатӣ ҳокист, ки дар раъйгирии се моҳи баъд низ ғолибан номзади ҳизби ҳоким ва ё ҳар касе ки раисҷумҳури кунунии Русия Владимир Путин рӯи исмаш ҳамчун вориси сиёсии худ хат бикашад, тақрибан бидуни кадом як рақиби билқувва яккатоз хоҳад шуд.
Рӯзи душанбе Владимир Путин дар мулоқот бо раҳбарони аҳзоби «Русияи воҳид», «Русияи боадолат», «Ҳизби Кишоварзӣ» ва «Адолати шаҳрвандӣ» изҳор дошт, ки аз номзадии Дмитрий Медведев, номзади воҳиди ин 4 ҳизби наздик бо Кремлин, комилан пуштибонӣ мекунад. Оқои Путин гуфт, пешбарии номзадии Медведев имкон медиҳад, сиёсате, ки тайи 8 соли ахир (манзур замони раҳбарии худи Путин) пеш бурда мешуд, идома ёбад. Вай афзуд, «ман ӯро беш аз 17 сол боз медонам ва тайи ин ҳама солҳо бо ӯ ҳамкории хеле наздик доштам, ва ман аз ин номзад ба пуррагӣ тарафдорӣ мекунам».
Ин баёнияи Владимир Путин муаммои аслӣ ва то ҳол сарбастаи ин интихоботи раёсатҷумҳурӣ, яъне исми вориси сиёсии Путин ва номзади Кремлин дар ин маъракаи муҳими сиёсиро як андоза гӯё боз мекунад. Тайи тақрибан 2 соли охир дар маҳфилҳои сиёсии Русия вақте сӯҳбат перомуни ворисони эҳтимолии Владимир Путин мерафт, бештар исми ду ноиби нахуствазир – ҳамин Дмитрий Медведев ва Сергей Иванов вирди забон буд. Ва аммо таҳлилгарон дар ин робита бештар рӯи исми Сергей Иванов рақам мезаданд ва пеш аз ҳама ба далели собиқаи тӯлонии ҳамкории ӯ бо Путин дар мақомоти кашфи Русия.
Ва аммо дар моҳи сентябр дар пайи истеъфои сарвазири вақт Михаил Фрадков, вақте ҳама интизор доштанд, ки раисҷумҳур Владимир Путин бо интихоби яке аз байни Медведев ва Иванов билохира исми вориси сисёиашро маълум хоҳад кард, ба симати сарвазирӣ бо пешниҳоди Путин Виктор Зубков, нафари барои маҳофили сиёсии Русия ва хориҷ аз он тақрибан ноошно таъйин шуд. Иддаои Зубков дар мавриди эҳтимоли ширкаташ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба оташи ҳадсу гумонҳо перомуни вориси эҳтимолии Путин ва номзади Кремлин дар интихоботи қарибулвуқӯъи раёсати ҷумҳурӣ равғани бештар рехт ва сардаргумии маҳфилҳоро дар ин маврид боз ҳам афзуд.
Сергей Иванов дар ҳукумати Русия масъули назорат бар фаъолияти вазоратхонаҳои қудратист ва аммо Дмитрий Медведев бар ҷараёни иҷрои барномаҳои хоси давлатӣ назорат мебарад. Дар ҳар сурат, дар муқоиса бо Сергей Иванов, ки аз доираҳои низомиву иктишофӣ намояндагӣ ва табъан бо мавзеъгириҳои тундтараш дар қиболи масоили мухталифи сиёсати чӣ дохилӣ ва чӣ хориҷии Русия фарқ мекунад, Дмитрий Медведев намояндаи ҷиноҳи нисбатан мӯътадилтар маҳсуб мешавад.
Ба назари таҳлилгарон, Медведев дар сурати расиданаш ба симати президентӣ сиёсати Кремлинро аз ҳамин мавзеъҳои нисбатан мӯътадилтар пеш хоҳад бурд. Албатта, дар муқоиса бо Сергей Иванов. Вагарна, мегӯянд коршиносони умур, вазъ ва мавзеъгириҳо ба сурати умум чӣ дар Русия ва чӣ дар муҳимтарин маркази қабули қарорҳояш, яъне Кремлин пас аз дуввуми март ҳам тағйири қобили мулоҳизае шояд нахоҳад кард.
Ва аммо бо такя ба ин ҳама собиқаи чистонбозиҳои сиёсие, ки ин ҳама муддат рӯи исми вориси эҳтимолии Владимир Путин мушоҳида шуд, аҳли назар эҳтимоли то моҳи март рух задани чунин чистонҳои дигари сиёсиро аз сӯи Кремлин ва сардамдори кунуниаш низ баъид намедонанд. Яъне, мегӯянд соҳибназарон, Владимир Путин бо вуҷуди ҳимояти имрӯзааш аз Дмитрий Медведев, фардо метавонад ҳамин тавр ҳамкори собиқадораш Сергей Ивановро низ барои ширкат дар интихоботи моҳи март фотеҳаи роҳ диҳад ва ин муамморо, ки оё вориси воқеъии ӯ дар тахти Кремлин кист – Медведев ё Иванов - то рӯзи интихобот ва ҳатто шояд то замони нашри натоиҷи расмии он маърака ҳамчунон ногушуда ва сарбамӯҳр нигоҳ дорад.