Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озарбойҷон: зиндонишавии боз як рӯзноманигор


Илғор Насибов, хабарнигори родиёи Озодӣ дар Озарбойҷон ва ахиран зиндонишуда
Илғор Насибов, хабарнигори родиёи Озодӣ дар Озарбойҷон ва ахиран зиндонишуда

Илғор Насибов, даҳумин хабарнигори озарист, ки барои интиқодаш аз нақзи ҳуқуқ ва таъқиби рӯзноманигорон аз сӯи ҳукумати Озарбойҷон равонаи зиндон гардид.

Нина Огнианова, ҳамоҳангсози барномаи Дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон дар Аврупо ва Осиёи Миёна, мавриди таъқиб қарор гирифтани теъдоди бештари хабарнигорони мустақил дар Озорбойҷонро нигаронкунанда арзёбӣ кард ва гуфт, дар дувоздаҳ моҳи гузашта Озорбойҷон дар миёни кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба зудӣ ба кишвари зиндоникунандаи рӯзноманигорон табдил ёфтааст. Ва боиси ташвиш аст, ки ҳабси ин хабарнигорон дар асоси даъвои мақомоти расмӣ сурат мегирад.

Ҳанӯз як моҳи қабл Илғор Насибов ва ҳамсари ӯ Малоҳат Насибова, ҳарду хабарнигорони бахши озарии родиёи Озодӣ роҷеъ ба ҷабру зулми афсарони пулиси ноҳияи Нахҷувон ба сокинони маҳаллӣ, гузориш пахш карданд. Дар ин гузориш таъкид мешуд, ки афсарони пулис ҳангоме мехостанд яке аз бозорҳои ин ноҳияро бубанданд, фурӯшандагон тазоҳурот нишон доданд ва ин афсарон онҳоро саркӯб карданд. Дар ҳоле, ки ин хабарнигорон мехостанд бо тазоҳургарон мусоҳиба кунанд, афсарони пулис бо таҳдиди мусодираи дастгоҳи сабт ин иҷозаро ба онҳо надоданд. Пас аз ин Илғор Насибов дар мавриди зулми афсарони полис ба унвони раисҷумҳури Озарбоҷон Илҳом Алиев мактуб ирсол кард.

Дар пайи ин нома Додгоҳи Озарбойҷон Илғор Насибовро бо гуноҳи бӯҳтон задан ба афсарони пулис муттаҳам кард. Рӯзи 6 ноябр Илғор Насибов дигарбора барои имзои баъзе аз санадҳо ба додгоҳ даъват шуд мустақиман барои 90 рӯз равонаи зиндон гардид. Вале дӯ рӯз қабл аз ин додгоҳ иттиҳомот алайҳи Илғор Насибовро беасос эълом намуда буд. Рашид Ҳоҷилӣ, вакили мудофеъи Илғор Насибов, дар сӯҳбат бо бахши озарии Родиё озодӣ гуфтааст, ки бидуни огаҳии ӯ ба зиндон равона шудани Илғор Насибов як навъ нақзи ҳуқуқи муввакилаш ҳаст.

Малоҳат Насибова, ҳамсари Илғор Насибов, мегӯяд, пас аз зиндонӣ шудани ҳамсараш афасарони пулис ба манзилашон ворид шудаву компутар ва дастгоҳи сабти онҳро низ мусодира карданд. Вай мегӯяд, ин ҳам дар ҳолест, ки афсарон дастури мусодираро пешниҳод нанамуданд. Дар ҳамин ҳоли Ҷефф Гедмин раҳбари Радиои Озодӣ хостори озодии фаврии Илғор Насибов шуд ва муҳокимаи ӯро масхарабозӣ унвон кард.

Гуфта мешавад ҳабси Илғор Насибов ба ҳайси хабарнигори озод дар Озорбойҷон ҳодисаи ягона нест. Соли гузашта низ дар ин кишвар нисбати хабарнигорони мустақил ва озодандеш парвандаҳои ҷиноӣ боз гардида буданд. Аз ҷумла 30 октябри соли гузашта Айнулло Фатуллоев, сардабири ду нашрияи Озарбойҷонӣ, ки асосан дар мавриди фасодкорӣ миёни мақомоти давлатии кишвар мавод нашр мекарданд, бо иттиҳоми терроризм, барангехтани нафрати нажодпарастӣ ва саркашӣ аз супоридани андоз барои 8 сол зиндонӣ гардид.

Ва 11 ноябр Ғанимат Зоҳидов, муҳаррири рӯзномаи оппозитсионии “Озодӣ” ва яке аз мунаққидони режими раисҷумҳури Озарбойҷон илҳом Алиев, қабл аз баргузории мурофиъаи додгоҳӣ то муайян шудани иттиҳомот барои авбошӣ ва расонидани зарари ҷисмонӣ ду моҳ дар зиндон нигаҳ дошта шуд.

XS
SM
MD
LG