Одил пас аз ташхиси хун, ки аз ҷониби донишгоҳ иҷборан миёни донишҷуен гузаронида шуд, мефаҳмад, ки сироятёфта аст. Хабари олудаи Эйч Ай Ви шудани ӯ ба зудӣ дар донишгоҳ паҳн гардида муносибати атрофиёнро нисбат ба ӯ тағйир медиҳад. Ӯ мебинад, ки на танҳо ба ӯ, балки ба дигар сироятёфтагон низ одамон ва ҳатто кормандони соҳаи тиб муносибати сард ва нобаробар доранд. Аммо дастгирӣ ва кумаки як гурӯҳи хурди дӯстон Одилро ба зиндагӣ дилгарм мекунад ва ӯ ба донишгоҳ ва ҳаёти маъмулӣ баргашта, бо дӯстдоштааш Комила, ки ҳарду мубталои эйч ай ви буданд оила бунёд мекунад.
Ин филм дар доираи фестивали «Ҳуқуқи инсон» ба намоиш гузошта шуд, ки дар Душанбе то 10 декабр баргузор гардида, дар он ба тамошобинон, филмҳои бахшида ба мавзӯъҳои қочоқи инсон, баробари ҷинсӣ, хуқуқи кудак, муҳоҷират ва амсоли инҳо низ пешниҳод мегардад. Паём Фуруғӣ, корманди Созмони амният ва ҳамкории Аврупо мустақар дар Тоҷикистон, мегуяд, фестивали мазкур бо ҳадафи баланд бардоштани маърифати ҷавонон оид ба ҳуқуқи башар аст. Паём Фуруғӣ мегуяд, дар Тоҷикистон ғолибан ҳуқуқи маҳбусон, ки аксаран ҷавононанд поймол мешавад, зеро онҳо дар шароити номусоид ба зиндагӣ нигоҳ дошта, дар ҳамин ҳол адами боздид аз маҳбасхонаҳо мавҷуд аст.
Вай афзуд, ман фикр мекунам, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз давлати тақозо кунанд, ки чаро чунин иҷозате ки дар кишварҳои дигар ҳаст дар Тоҷикистон нест, ҳам созмонҳои дохилӣ ва байнулмилалӣ, ва вижа Салиби Сурх, иҷозат дошта бошанд, ки аз зиндонҳо дидан кунанд. Шаҳрвандон ҳам медонанд, ки дар зиндонҳо ғизои хуб нест, зимистони сард ва тобистони гарм дорад. Агар шумо, худо накунад, як велосипед бидуздед ва баъд аз панч ё дах сол одам маъюб мешавад ва ё метавонад аз дунё биравад, мегуяд ӯ.
Дар ҳамин ҳол ба гуфти ҷавонон ҳуқуқҳои онҳо дар аксари маворид аз ҷониби ағлаби нафарони масъул, волидон ва дигарон поймол мегардад. Инҳо ҳуқуқ ба меҳнат, издивоҷ, таҳсил, зиндагӣ, дахлнопазирии шахсӣ, ҳимоя аз зуроварӣ ва дигар ҳуқуқҳои шаҳрвандиву конститусиониянд, ки ҳамарӯза ба назар мерасанд. Як мусоҳибам, ки худро Наргис муаррифӣ кард, гуфт, бо сӯистифода аз набуди ҷойҳои зиёди корӣ ва камтаҷрибагӣ бархе аз кордиҳандагон ҷавононро чанд муддат ройгон ва баъдан бо маоши ночиз кор мефармоянд. Бар илова, ба гуфти Наргис, на ҳамеша ҷавонони боистеъдод бе ягон восита ба кор қабул мешавад.
Мусоҳиби дигари ман донишҷуйи факултаи ҳуқуқшиносии ДДМТ, ки аз бурдани номаш худдори кард, гуфт ба назари онҳо дар муқоисаи ҷавонони шаҳрҳо, ҳамсолони деҳотияшон заъфпазир буда, ҳатто дар масоили марбут ба зиндагии шахсиашон ҳаққи изҳори назар карданро надоранд. Дар ҳамин ҳол ин донишҷу мегуяд, дар сурати ба амал омадани нақзи ҳуқуқ ӯ ва аксари дӯстонаш ба кормандони полис ва адолати судӣ дар кишвар бовар надорад. Вай мегуяд, барои ҳимоя кардани ҳуқуқи худ ҳатто ба суд ҳам намеравад, чунки аз мавҷудияти фасод дар худи суд меҳаросад.
Коршиносон мегуянд, як иллати риоя нагаштани ҳуқуқҳои ҷавонон дар камсаводӣ ва беҷуръатии худи онҳост, ки ҳатто ҳолатҳои нақзи ҳуқуқро дар аксари маворид эҳсос намекунанд. Аммо дар миёни ҷавонон ду андешае ҳаст, яке гурӯҳе мегуянд, бо донистани ҳуқуқҳои хеш метавон дар роҳи ҳимояи онҳо мубориза бурду муваффақ шуд. Гурӯҳи дигар ба он назар аст, ки дар шароити имрӯз донистани ҳуқуқ дар роҳи ҳомоя кардани онҳо камтаъсир аст, зеро дар ғолибан баҳсҳои ҳуқуқӣ ба манфиати нафарони сарватманд ва бонуфӯз ҳал мешаванд.