Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизбҳо ва порлумонҳои фасодзада


Тибқи як гузориши созмони байнулмилалии «Транспаренси Интернешнл», ҳизбҳои сиёсӣ ва порлумонҳои кишварҳои ҷаҳон ниҳодҳои беш аз ҳама фасодзада ҳастанд ва мардум ба ниҳодҳои диниву ғайридавлатӣ эътимоди бештар дорад.

Дар гузориши мизони саросарии фасод дар соли 2007-ум, ки Созмони «Транспаренси Интернешнл» ба муносибати рӯзи мубориза бо фасод - 9-уми декабр ба табъ расонд, беш аз 63 ҳазор сокини 60 кишвари ҷаҳон дар бораи фасод, ниҳодҳои порахӯр ва таъсири он ба рушди ин мамолик ибрози назар кардаанд. Хулосаи имсолаи гузориш ин аст, ки мардум пули бо арақи ҷабин ба даст омадаро барои хадамоте мепардозанд, ки аслан бояд маҷонӣ бошад. «Транспаренси Интернешнл» изҳори хушҳолӣ мекунад, ки дар саросари дунё мардум аз ҳукуматҳояшон мубориза бо фасодро тақозо намуда, ҷонибдори тағйири вазъ мебошанд.

Ба ҳисоби миёна даҳ дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, ки дар давоми даҳ соли ахир барои адои хидмате пора додаанд. Пораи хурд барои адои хидмате дар кишварҳои амсоли Албания, Камбоджа, Камерун, Македония, вилояти Косово, Нигерия, Покистон, Филиппин, Романия ва Сенегал хеле ҳам маъмул аст. Дар ин кишварҳо тахминан 30 дарсади пурсидашудагон додани ришваро тасдиқ кардаанд. Аксари пурсидашудагон гуфтаанд, ки полис беш аз ҳар ниҳоди дигар ба ришваситонӣ моил аст. Мудири иҷроияи «Транспаренси Интернешнл» Кобус де Швардт гуфт, аснои пурсиш аксарият полис ва додгоҳро бахше аз ҳалқаи фасод номидаанд.

Соли равон «Транспаренси Интернешнл» маъракаи мубориза бо фасод дар низоми додгустарро пеш бурд, ки дар гузориши солонаи ин созмон инъикос гардидааст. Ба қавли «Транспаренси Интернешнл» дар баъзе кишварҳо метавон ба воситаи ришва ин ва ё он қарори лозимаи додгоҳро ба даст овард. Дар Покистон 96 дарсади ширкаткунандагони назархоҳӣ гуфтаанд, ки ҳангоми муомила бо додгоҳҳои маҳаллӣ бо фасод рӯбарӯ шудаанд. «Транспаренси Интернешнл» тахмин мекунад, ки дар додгоҳҳои Русия солона тақрибан 210 миллион доллар ришва ситонида мешавад.

Назархоҳии «Транспаренси Интернешнл» дар Тоҷикистон доир нашуд ва рақами дақиқу назари мардуми ин ҷумҳурӣ дар гузориши мизони саросарии фасод дар соли 2007-уми Созмони «Транспаренси Интернешнл» зикр нашудааст. Аммо ҷой доштани фасод ва зарурати мубориза бо он боис гардидааст, ки дар Тоҷикистон бо ҳадафи решакансозии фасод ниҳоди махсуси давлатӣ таъсис ёфтааст. Рӯзи чоршанбе раиси ниҳоди мубориза бо фасод дар Тоҷикистон Шерхон Салимзода дар бораи «обулойкунии» амволи давлатӣ дар сохтмони нерӯгоҳи обиву барқии Сангтӯда-1 гуфт, дар ҳисоботи масъулони молии сохтмони Нерӯгоҳи Сангтӯда-1 камбуди 3500 тонна семент ташхис шудааст. Вай афзуд, онҳо сементро дар бозорҳои Душанбе фурӯхта, пули он аз худ кардаанд.

Дар гузориши худ созмони «Транспаренси Интернешнл» таъкид мекунад, ки ҳизбҳои сиёсӣ ва порлумонҳо ниҳодҳои беш аз ҳама фасодзада ҳастанд ва мардуми одӣ ба ниҳодҳои диниву муассисаҳои ғайридавлатӣ эътимоди бештар дорад. Вале дар муқоиса бо мизони соли 2004 дар саросари олам боварӣ ба муассисаҳои ғайридавлатӣ камтар шудааст. Бо ишора ба назари мардум «Транспаренси Интернешнл» ҳукуматҳои оламро ба муборизаи беамон бо фасод даъват кардааст, вале дар айни замон ин созмон таъкид менамояд, ки бидуни кумаки созмонҳои ғайридавлатӣ ва бахши соҳибкории хусусӣ шикаст додани ниҳодҳои фосид осон нахоҳад буд.

XS
SM
MD
LG