Ин ҳам дар ҳолест, ки бештари муштариёни ин навъи хидмат дар кишвар дар ҳолати фақр ба сар мебаранд.
Коршиносон мегӯянд, ин амр метавонад хадамоти телефониро барои як бахши қобили мулоҳизаи сокинони Тоҷикистон дастнорас сохта, ва ба коҳиши теъдоди муштариёни шабакаҳои телефонӣ, аз ҷумла телефонҳои ҳамроҳ (мобилӣ) сабаб гардад. Ҳамакнун се рӯз мешавад, ки тоҷикистониён аз телефонҳои хонагии худ наметавонанд мустақиман ба телефонҳои ҳамроҳ занг зананд. Ширкати «Тоҷиктелеком» ҳам аз куллия муштариёни худ тақозо кардааст, ки то нимаи моҳи декабр бо муассисаи мазкур қарордоди нав имзо намоянд. Дар акси ҳол, ҳушдор медиҳад ин ширкати мухобиротӣ, аз телефонҳои одӣ ба телефонҳои мобилӣ занг задан имконнопазир хоҳад шуд.
Аксари муштариёни телефонҳои одӣ ё хонагӣ мегӯянд, ҷиҳати як дақиқаи занги содиршаванда ба телефонҳои ҳамроҳ тавони пардохти 16,5 дирамро надоранд. Якбора боло бурдани қимати гуфтугӯи телефонӣ, ба гуфтаи онҳо, дар ҳолест, ки ҳадди аксари мардум на бештар аз 40 ё 100 сомонӣ маош мегиранд. Аммо, ба иддаои масъулини ширкати «Тоҷиктелеком», ин амр бо тақозои ширкатҳои мухобироти мобилии кишвар сурат гирифтааст.
Гуфта мешавад, феълан арзиши як дақиқаи гуфтугӯ аз телефони хонагӣ ба телефони ҳамсони он ҳамоно 2 дирам боқӣ мемонад.
Вале дар ҳамин ҳол 8 баробар гарон шудани арзиши зангҳои содиротӣ аз телефонҳои одӣ ба телефонҳои ҳамроҳ хашми бештаре аз муштариёнро ба бор овардааст. Онҳо мегӯянд, дар ҳоле ки маоши ҳадди ақалл дар Тоҷикистон 20 сомонӣ ва нафақаҳои одӣ аз 20 то 40 сомонӣ аст, бештарашон имкони пардохти онро надоранд. Аммо иддае дигар аз муштариёнро ин ҳолат ба ташвиш наовардааст, чун онҳо телефонҳои хонагии худро қатъ намуда,танҳо аз хидмати телефонҳои ҳамроҳ истифода мебаранд.
Дар ҳамин ҳол Хайриннисо Юсуфӣ, муовини сарвазири Тоҷикистон, аз мақомоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Вазорати роҳу мухобироти кишвар дархост кардааст, то ин мавзӯъро дигарбора баррасӣ намуда, хулосаҳои ахири худро ба дастгоҳи раиси ҷумҳур равона кунанд. Бархе аз манобеъи наздик ба раиси ҷумҳур ҳам мегӯянд, ки Эмомалӣ Раҳмон ахиран ба мақомоти дахлдори ин соҳа амр додааст, то нархномаҳоро мувофиқ ба зиндагии воқеъии аҳолӣ ба танзим биёваранд.
Воқиъан, ба гуфтаи коршиносон, мавзӯъи боло бурдани арзиши гуфтугӯи телефонӣ аз 2 ба 16,5 дирам мавзӯи якрӯза ва ё якмоҳа набудааст. Онҳо мегӯянд, ки сари ин мавзӯъ бештар аз якуним сол Вазорати рушди иқтисод ва Вазорати роҳу мухобироти Тоҷикистон бо ҷамъи ширкатҳои мухобиротӣ баҳсу мухолифатҳо доштанд. Ҳатто дар ин масъала як мовини вазири иқтисод ва як муовини вазири роҳу мухобироти кившар ба як баҳси додгоҳӣ кашида шуданд, ки натиҷаи он бо ҷуброн шудани Бек Зуҳуров, муовини вазири роҳу мухобирот ва яке аз мухолифони боло бурдани гуфтугӯи телефонӣ, анҷом шуд.
Бек Зуҳуров ҳанӯз 6 моҳи қабл дар яке аз нишастҳои хабарӣ роҷеъ ба оқибатҳои нохуби ин масъала чунин гуфта буд: «Коре, ки онҳо пеш гирифтаанд, барои ҷомиъаи мо бисёр хатарзо аст. Даъвояшон, ки дар Русия як дақиқаи гуфтугӯи телефонӣ 15 дирам аст, ба шароити кунунии аҳолии Тоҷикистон рост намегирад».
Ахиран нашрияи сиёсиву иқтисодии «Факти и комментарии»-и чопи Душанбе дар як пурсишномаи худ андешаи мардум дар робита ба боло бурдани ҳаққи гуфтугӯи телефониро муайян кардааст. Натиҷаи ин пурсиш нишон додааст, ки 91,4 дарсади пурсидашудагон муқобили боло бурдани қимати гуфтугӯи телефонӣ ҳастанд.