Ин суханонро Раиси Барномаи муқобила бо тағйири иқлими СММ Иво де Бур дар як нишасти матбуотӣ дар остонаи ҳамоиши Балӣ (Индонезия) изҳор намуд. Ба ақидаи ӯ, барои пешгирӣ аз афзоиши тӯфонҳои дарёӣ ва хушксоливу болоравии сатҳи баҳрҳо вақти зиёде намондааст.
Дар ҳамин ҳол дар кори ҳамоиши Балӣ сарварони вазоратҳои муҳити зисти 130 кишвари ҷаҳон ширкат мекунанд. Онҳо кӯшиш хоҳанд кард, то ба музокироти дарозмуддате оғоз бахшанд, ки бояд соли 2009 бо имзои созишномаи нави СММ дар мавриди иқлим хотима ёбад. Дар ин росто изҳори умед мешавад, ки кишварҳои ба монанди ИМА ва Чин, ки аз имзои аҳдномаи Киото худдорӣ карда буданд, ба санади нав ҳамроҳ шаванд.Гуфта мешавд, тибқи санаде, ки дар Киотои Ҷопон имзо шуда буд, 36 кишвари пешрафтаи иқтисодӣ аҳд карда буданд, то соли 2012 омили аслии гармоиши курраи Замин истихроҷи газҳои гулхонаиро, коҳиш хоҳанд дод.
Ин ҳам дар ҳолест, ки аксари кишварҳо ҷонибдори иқдомот ҷиҳати ҷилавгирӣ аз тағйири иқлим ҳастанд, аммо дар марвиди тақсими хисорот аз коҳиши ихроҷи ин газҳо, ки аксаран аз сӯхти нафту ангишт ҳосил мешаванд, ихтилофи назар доранд. СММ гуфтааст, барои расидан ба тафоҳум ва иҷрои тааҳудот ба баҳсу баррасиҳои бештар ниёз аст.
Ҳарчанд баъзе кишварҳо омодаанд ихроҷи ин газҳоро ба таври чашмрас коҳиш диҳанд, иддаъо мешавад, ки бояд ваъдаҳои қаблиро иҷро кард. Мутахассисон низ хостори пайвастани дигар кишварҳо ба аҳдномаи Киото ҳастанд.
Коршиносони Созмони Милал ваъдаи раисиҷумҳури ИМА Ҷорҷ Буш, ки ИМА баъд аз соли 2012 ба ин созишнома ҳамроҳ хоҳад шуд, хеле умедбахш меҳисобанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки то ин замон Ҷ. Буш, ки аз мухолифони аслии созишномаи Киото маҳсуб мешуд ва онро эҷодкунандаи хатар ба рушди иқтисоди Амрико меҳисобид. Аммо муовини вазири корҳои хориҷаи ИМА дар умури демократия ва равобити байнулмилалӣ Пола Добринскӣ дар остонаи ҳамоиши Балӣ изҳор дошт, ки кишвараш мехоҳад дар мавриди оғози гуфтушунудҳо тавофуқ ҳосил шавад, ва ба истилоҳ “нақшаи роҳи Балӣ” пешкаш гардад. Вай афзуд ки ҳайъати амрикои ба нишасти Балӣ омодаи муҳовара ва омодаи тағйири мавқеъи худ меравад.
Дар ҳамин ҳол нахуствазири Чин Вен Ҷинбао дар суҳбати телефониаш ба дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун гуфтааст, ҳукуматаш дар Балӣ мавқеъи фаъолона, масъулиятнок ва кориро ишғол хоҳад кард.