Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хурӯҷи Русия аз паймони нерӯҳо дар Аврупо


Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин қонун доир ба манъи ҳузури кишвараш дар Паймони нерӯҳои мусаллаҳи маъмулӣ дар Аврупоро имзо кард.

Ин паймон ҷойгир кардани тонку тӯп ва дигар силоҳҳои маъмулӣ дар ин қитъаро маҳдуд месохт, ки Русияро розӣ намекард.
Баъд аз ин акнун Русия метавонад, дигар ин паймонро риоят накунад ва пас аз 12-уми декабри имсол тӯпу тонкҳои худро дар ғарби кӯҳҳои Урал ҷойгир кунад.
Русия аз дер боз дар пайи иҷрои ин тасмим буд, аммо дар замоне ин барномаро иҷро мекунад, ки ҳукумати кишвар дар остонаи интихоботи муҳими порлумонӣ хитобаҳои зидди ғарбиро афзоиш додааст.
Русия ҳузури худ дар паймонеро муттавақиф кард, ки як асоси амнияти кишварҳои аврупоӣ арзёбӣ мешавад. Владимир Путин бо як имзо ба коре анҷом бахшид, ки онро моҳи июли соли ҷорӣ оғоз карда буд.
Дар он ҳангом ӯ гуфта буд, ки Русия ният дорад пас аз 150 рӯз ширкаташ дар Паймони нерӯҳои мусаллаҳи маъмулӣ дар Аврупоро мутаввақиф кунад. Ҳарду палатаи Думаи давлатӣ, порлумони Русия, аввали ҳамин моҳ қонуни манъи ҳузур дар паймонро тасвиб карданд, то раиси ҷумҳур онро ба имзо расонад.
Ва имрӯз мақомоти Кремлин ба таври сода эълом карданд, ки раиси ҷумҳур Путин қонуни манъи ҳузур дар паймони мазкурро имзо кард.
Акнун пас аз камтар аз ду ҳафтаи дигар Русия метавонад, тӯпу тонк ва ҳавопаймоҳои ҷангии иловагиро дар манотиқи ғарбии худ дар наздикиҳои кӯҳҳои Урал ҷойгир кунад.
Дар ҳамин ҳол мақомоти Амрикову Иттиҳодияи Аврупо, ки дар конфронси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар шаҳри Мадрид (Испания) ширкат доштанд, охирин бор кӯшиш карданд, ки Русияро аз ин роҳаш баргардонанд. Муовини вазири умури хориҷаи Амрико Николас Бурнс аз ҷумла гуфт: “Ба эътиқоди мо, набояд ягон кишвар аз аҳдномаи таърихии низомии Аврупо ба таври якҷониба хориҷ шавад.
Вазири умури хориҷаи Португалия Луис Амадо, ки кишвараш раёсати давраии Иттиҳодияи Аврупоро бар уҳда дорад, нигаронии амиқи худро дар робита ба номаълумиҳои оянда ва аҳаммияти Паймони нерӯҳои мусаллаҳи маъмулии Аврупо иброз кард.
Вале дар ҳамин ҳол мақомоти русӣ паймони мазкурро мероси ҷанги сард номида ва гуфтаанд, ки он паймон аҳаммияти худро дар шароити имрӯзаи ҷаҳон гум кардааст. Баъд аз он ки 16-уми ноябр Шӯрои Федеросюн, палатаи болоии порлумони Русия, қонуни манъи ширкат дар паймони мазкурро тасвиб кард, Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, гуфт, ки кишвараш мехоҳад амнияти стратегӣ ва тавозуни низомиву сиёсӣ дар қорраи Аврупоро барқарор кунад: “Мо вокунишеро мунтазир ҳастем, ки иҷоза медиҳад, назорати маҳдудияти истиқрори силоҳҳо дар Аврупоро ба тартиб дарорем. Танҳо бо роҳи созишномаи изофӣ бар Паймони нерӯҳои мусаллаҳи маъмулӣ дар Аврупо ва дар маҷмӯъ бо таҷдиди шеваи назорати силоҳҳо, ки ба таври ноумедкунанда куҳна шудааст, метавон ба ҳадафи лозим расид.
Барои имзои ин паймон НАТО ва Паймони Варшава 10 сол музокира карданд ва паймони мазкур танҳо дар соли 1992 ба иҷро даромад. Ин санад истиқрори тӯпу тонку дигар силоҳҳои маъмулиро дар тамоми густураи миёни Уқёнуси Атлантик ва қаторкӯҳҳои Урал маҳдуд мекунад ва иҷоза медиҳад, то ҳар ду тараф қувваҳои ҳамдигарро тафтиш намоянд.
Баъди аз байн рафтани Аҳдномаи Варшава дар шаҳри Истанбул Паймони дуввуми нерӯҳои мусаллаҳи маъмулӣ дар Аврупо ба имзо расид, ки барои кишварҳои алоҳидаи шӯравии собиқ барои ҷойгир кардани силоҳҳояшон дар қаламравҳои муайян маҳдудият эҷод намуд. Бо вуҷуди ин Русияву Укроин ва Қазоқистону Беларус ин паймонро имзо карда буданд. Аммо кишварҳои узви НАТО бо имзову иҷрои муқаррароти паймони мазкур гуфтанд, то замоне, ки Русия нерӯҳои мусаллаҳу муҳиммоти ҷангияшро аз Гурҷистону Молдова хориҷ накунад, он паймонро ба тасвиб намерасонанд. Маҳз ҳамин қазия нуктаи асосии ихтилоф миёни Русияву НАТО буд ва ахируламр ба он оварда расонд, ки Путин дастур дод, то Русия аз Паймон хориҷ шавад.
Ин амр ба Русия имкон дод, ки мавқеъи худро дар баробари кишварҳои Ғарбӣ мустаҳкам кунад, чун Русия мухолифи истиқрори сипари дифоъии мушакии Амрико дар Аврупои Марказӣ, тавсиъаи НАТО ва сарнавишти ояндаи минтақаи Косово мебошад. Ва мавқеъи сахти давлати Русия бар зидди Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо дар остонаи интихоботҳо ба раъйдиҳандагон бисёр хуш омадааст, ки онҳо рӯзи якшанбе вакилони Дума ва рӯзи 2-вуми марти соли 2008 раиси ҷумҳури нави Русияро интихоб мекунанд.
  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG