Ҳокимият ин ҳадафро бо он баҳона, ки ин сарварон барои кишварашон хидмати бузурге кардаанд, пиёда мекунанд. Аз ҷумла, парлумони Қазоқистон ахиран бо назардошти хидматҳои Нурсултон Назарбоев ҳамчун аввалин раиси ҷумҳури кишвар ба ӯ имкони қонунӣ дод, ки то охири умр дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат варзад.
Чунин кӯшиш дар минтақа бори нахуст дар Туркманистон пиёда шуда буд. Туркманбошӣ ё Сафармурод Ниёзов дар ин кишвар то абад раиси ҷумҳур эълон шуда буд. Вале барои бардавом дар сари қудрат мондан ба ӯ умр вафо накард ва баъдимаргаш ҳокимият ба Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов гузашт. Ҳокимияти 13-солаи Аскар Оқоевро дар Кирғизистон инқилоби мардумии кишвар поён бахшид ва ба ҷои ӯ Қурмонбек Боқиев сарвари давлат баргузида шуд.
Дар ҳамин ҳол ҳарчанд дар Узбакистону Тоҷикистон, чун дар Қазоқистон, қонуни вижае дар бораи то охири умр боқӣ мондани сарони ин кишвар қабул нашудааст, вале Ислом Каримову Эмомалқ Раҳмон низ ҳамоно дар сари қудрат боқӣ мондаанд ва сарварии хешро солҳост идома медиҳанд.
Ҳарчанд ҳокимият ва атрофиёни раисони ҷумҳури кишварҳои минтақа сарварони хешро шахсияти маъруф ва ягонаи замон арзёбӣ карда, онҳоро боз солҳои дароз дар сари давлат диданианд, вале аҳли назар бар инанд, ки чунин шеваи коргирӣ, яъне то абад зери дасти як шахс бокӣ мондани қудрат барои рушди ҷомиъа ва ба вижа пиёдасозии равандҳои демократӣ дар ин кишварҳо зарари змёд дорад. Аз ҷумла, сиёсатшиноси шинохтаи қазоқ Досим Сатпаев мегӯяд, ки қабл аз ҳама чунин иқдом системаи сиёсии кишварро басо бесубот месозад, зеро ҳокимият дар дасти як шахс қарор мегирад ва ҳама ниҳодҳои қудрат дар дасти вай боқӣ мемонад. Аз сӯи дигар, ба андешаи ин сиёсатшинос, агар як шахс ба муддати тулонӣ дар сари қудрат боқӣ монад, ҷомиъа ногузир ба рукуд мубтало мегардад.
Ҳамчунин дар ҷомиа чунин назаре мавқеъи хосса пайдо мекунад, ки гӯиё сиёсат на кори тамоми аҳли ҷомиъа, балки шуғли гурӯҳи маҳдуди одамон, дақиқтараш атрофиёни раиси ҷумҳур, мебошад. Бар илова, ба таъкиди Досим Сатпаев, дар сари қудрат ба дарозо боқӣ мондани як шахс ба фарҳанги сиёсии аҳли ҷомиъа таъсири манфӣ мерасонад ва чунин ақида ҳукмрон мегардад, ки то ба охир сарварӣ кардани як шахс дуруст аст.
Дар ҳамин ҳол ба мардум талқин мешавад, ки онҳо барои интихоб кардан ва демократияи ҳақиқӣ ҳанӯз омода нашудаанд, яъне ҳокимият дфр ҳоли ҳозир ба мардум бовар намекунад ва аз ин рӯ ӯро аз вазифаи асосиаш – ба таври одилона ва мунсифонаву озод баргузидани сарвари хеш – маҳрум месозад. Сиёсатшинос чунин мешуморад, то замоне, ки ба мардум имкони интихоби демократиро надиҳанд, онон чи будани демократияро нахоҳанд дарк кард.
Вале Розлана Таукина, рӯзноманигори шинохтаи кишвар, солҳои тулонӣ дар сари қудрат мондани раисони ҷумҳурро, ки ба андешааш бо роҳҳои ба Қонуни Асосӣ ва дигар қонунҳо ворид кардани тағйироту иловаҳо имконпазир мегардад, асоси тақвияти фасод дар ҷомиъа ва беқонунӣ медонад. Ба гуфтаи вай, як ҳамин беш аз ду муҳлат дар сари қудрат мондани як шахс хилофи раванди демократист ва сарварон мувофиқи хостаи хеш ва талаби, ба истилоҳ, мардум, яъне, дақиқтараш, як гурӯҳ аз атрофиёни хушомадгӯи раиси ҷумҳурӣ дар ҳокимият боқӣ монда, худ хилофи қонун рафтор мекунанд.
Феълан дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чунин шудааст, ки гӯиё қонунҳо танҳо барои мардуми одӣ кабул карда мешаванд ва сарварон бошанд, қонунро тибқи хостаи хеш тағйир медиҳанд. Дар натиҷа,
дар ҷомиа роҳи қонунӣ ва демократии табдили қудрат ба шахси дигар аз байн меравад ва ин оқибатҳои ногувор ба бор меорад. Розлана Таукина мегӯяд, вақте механизми ивазшавии қудрат вуҷуд надорад, имкони назорати ҷамъиятии мардум аз болои ҳокимият ва шаффофияти амалкардҳои он аз даст меравад. Аз ҳама муҳиммаш, ба ақидаи ӯ, имкони сар задани фасоди басо нерӯманд, ки ба он тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ ғӯтидаанд, ба вуҷуд меояд. Таукина иддаъо мекунад, дар ҳар кишвари минтақа барои исботи ин ақида мисолҳои зиёдеро метавон пайдо намуд, зеро, ба қавли ӯ, дар ағлаби ин кишварҳо хариду фурӯши мансаб, тақсими он дар байни хешу табор, басо сарватманд гардидани гурӯҳи одамони ба ҳокимият наздик ва қашшоқу муфлис гардидани мардуми одӣ баръало мушоҳида мешавад.
Амирҷон Косанов, муовини раиси Ҳизби сосиал-демократии Қазоқистон, бошад яке аз ҳадафҳои ба муддати тулонӣ дар сари қудрат боқӣ мондани раисҷумҳурҳои кишварҳои минтақаро маҳз ба дастёбии онҳо ба имкониятҳои молӣ ва ҳокимиятро на чун василаи пешбурди ҷомиъа, балки воситаи сарватманд гардидани сарварон ва атрофиёни онҳо медонад.
Ба андешаи ҳамсӯҳбатони мо омили дигари «меросӣ» гардидани ҳокимият дар кишварҳои минтақа он аст, ки раҳбарияти ин кишварҳоро гурӯҳи ашхоси ба ҳокимият наздик иҳота кардаанд ва онҳо ба ҳеч ваҷҳ ивазшавии сарварони кунунии давлатҳоро намехоҳанд, зеро бо ивазшавии раиси ҷумҳур онҳо имкон дорад, ки онҳо манофеъи молии хешро аз даст диҳанд.
Ағлаби коршиносон бар онанд, ки дар шароити имрӯзи раванди рушди ҷомиа дар кишварҳои Осиёи Марказӣ наметавон бо роҳи маъмуливу қонунӣ ба ивазшавии ҳокимият умед баст. Зеро, мегӯянд онҳо, ин сарварон на худ мехоҳанд, ки аз мансаб берун раванду на дигаронро мегузоранд, ки чунин кунанд.
Дар ин робита журналист Розлана Таукина аз таҷрибаи Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии феълии Қазоқистон, мисол меорад. Ба гуфтаи рӯзноманигор, Н. Назарбоев аз Владимир Путин дархост намудааст, ки дар давраи севуми интихоботи раиси ҷумхури Русия низ номзадиашро пешниҳод намояд ва дар ин масъала аз интиқоди Ғарб наҳаросида, ба қонуни асосии кишвар тағйироти лозимаро ворид намояд.
Дар ҳамин ҳол Амирҷон Косанов мегӯяд, ки бояд нерӯҳои демократӣ низ ҷавобан ба он муттаҳид шаванд ва алайҳи доираи диктаторҳои маҳдудаи шӯравӣ онон низ бояд иттиҳоди қавии нерӯҳои демократии кишварҳои собиқи шӯравиро бунёд намоянд ва ин нерӯҳо бояд барои тақвияти раванди демократӣ дар минтақа, аз ҷумла ивазшавии қонунии сарварони кишварҳояшон ва рӯи кор омадани одамони нав бо тафаккури ҷадид, мусоидат намоянд.
Бо такя ба гуфтаи Уинстон Черчилл, онҳо мегӯянд, ки роҳи ягона дурусти пешрафт ин демократия аст ва дар ду навбат ивазшавии раисони ҷумҳур аз шартҳои асосии усулии он аст, ки инро на танҳо таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, балки интихоботҳои раёсати ҷумҳурӣ дар дигар кишварҳо, мисли Ҷумҳурии исломии Эрон, ки таййи 20 соли ахир мардуми ин кишвар 3 раиси ҷумҳурро ба сари кор овард, нишон додаст.