Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМ САҲА-ро ба марзҳои Осиёи Марказӣ даъват мекунад


Николас Бернс дар Мадрид. 29 ноябр
Николас Бернс дар Мадрид. 29 ноябр

Николас Бернс, ёвари Котиби давлатии ИМА дар нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои узви САҲА дар Мадриди Испания гуфт, бояд бо мусоидати ин созмон тавофуқе дар заминаи таҳкими амнияти марзии Тоҷикистону Афғонистон ба даст ояд.

Вай гуфт, ки ташаббуси мазкур барои муқобила бо қочоқи маводи мухаддир, убуру мурури афроди мусаллаҳ ва гурӯҳҳои террористӣ мусоидат хоҳад кард. Бернс гуфт:

"Афғонистон бо мушкилоти фаровон рӯбарӯ аст ва яке аз ин мушкилот амнияти марзӣ мебошад. Ба ин масъалаҳо ҷиноёти марзӣ, қочоқи маводи мухаддир ва терроризм дохил мешавад, ки рафъи онҳо барои ояндаи Афғонистон ҳаётан муҳим аст. НАТО ҳамроҳ бо артиши Афғонистон ва полис дар ин кишвар бо таъмини амнияти дохилӣ машғул ҳастанд. Иттиҳодияи Аврупо ва СММ бо ироаи кӯмакҳои иқтисодиву башарӣ машғул аст. Ва ҳоло САҲА ҳам ҷойгоҳе дорад, ки мувофиқи хости шумо онро пур кардан мумкин мешавад. Ин - кор бо давлатҳои ҳамсоя - Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳо мебошад. Ман Ӯзбакистон ва дигарҳоро ҳам мехостам ба ин феҳраст дохил кунам, то ки ба онҳо барои таъмини бештари субот ва қонунитар кардани марзҳо назар ба вазъи имрӯзаашон кӯмак кунем".

Дипломати баландпояи амрикоӣ гуфт, дар амал тадбиқ шудани ташаббуси мазкур барои таъмини амнияти кулли минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад. Хабарнигори радиои Озодӣ Брюс Паннир, ки дар кори ин нишаст иштирок мекард, дар як сӯҳбати телефонӣ аз Мадрид дар ин замина чунин тавзеҳ дод:

"Николас Бернс дар нишасти САҲА чунин гуфт, ки агар ҳам ин нишаст дигар тасмимҳои муҳимро қабул накунад, як тавофуқи муҳиме ҳаст, ки он мусоидат ба таъмини амнияти марзии Тоҷикистону Афғонистон мебошад. Вай гуфт, ки дар марз мушкилоти хеле ҷиддии марбут ба терроризму қочоқи силоҳу маводи мухаддир робита мегирад ва барои ҳалли он бояд ҳатман расидагӣ сурат гирад. Ин тарҳро вай бо ташаббуси САҲА дар Косово муқоиса кард".

Брюс Панир афзуд, ҳарчанд Бернс аз додани тафсилоти бештар дар ин замина худдорӣ кард, аммо гуфт, ки дидгоҳи вай ин аст, ки дар марзи Тоҷикистону Афғонистон як гурӯҳе амал кунад, ки ба нирӯҳои марзбониву гумрукии ин кишварҳо дар самти муқобила бо чолишҳо кӯмак мекунад. Вай гуфт, ки сухан аз мусоидати фанниву омӯзишӣ, мисли тренингҳо меравад.

"Як гурӯҳи махсуси САҲА амал хоҳад кард, ки ба ҳукумати Тоҷикистон дар ҳама мушкилоти марзӣ мусоидат карда инчунин кӯмак ба дигар ҷумҳуриҳои минтақаи Осиёи Марказиро ҳам дар назар хоҳад дошт".

Ҳамроҳхон Зарифӣ дар нишасти Мадрид. 29 ноябри 2007

Феълан, ба марзбонони Тоҷикистон дар сарҳади Афғонистон кӯмакҳои фанниву молиро ҳукумати ИМА, Иттиҳодияи Аврупо ва баъзе созмонҳои байналмилалӣ ироа мекунанд. Фаъолияти САҲА дар Тоҷикистон ғолибан аз кор бо созмонҳои ҷамъиятӣ ва назорат аз вазъи ҳуқуқи башар иборат будааст. Интизор меравад, ки ташаббуси ёвари вазири хориҷаи Амрико имрӯз дар нишасти ниҳоии кишварҳои аъзои САҲА баррасӣ шавад. Дар кори он вазири хориҷаи Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ иштирок мекунад, аммо то ҳол, вокуниши ҷониби Душанбе ба ин ташаббус мушаххас нест, мегӯяд хабарнигори радиои Озодӣ аз нишасти Мадрид.

XS
SM
MD
LG