Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеъфои Мушарраф аз мақоми сарфармондеҳи артиш


Ин либоси низомиро Парвиз Мушарраф дигар ба бар нахоҳад кард
Ин либоси низомиро Парвиз Мушарраф дигар ба бар нахоҳад кард

Имрӯз, 28 ноябр, раисҷумҳури Покистон Парвиз Мушарраф аз мақоми фармондеҳи артиши кишвар истеъфо дод.

Ба ҳамин тариқ, тақозои мухолифини вай иҷро шуд ва акнун ӯ раҳбари комилан мулкӣ гардид.

Раисҷумҳури Покистон генерал Парвиз Мушарраф хилофи анъанаҳои қабулшуда амал намуда, маросими интиқоли қудрати низомиро на дар пушти дарҳои баста, балки дар мазҳари ом бо иштироки рӯзноманигорон баргузор кард. Рӯзи чоршанбе дар пойгоҳи низомии шаҳри Раванлпиндӣ генерал Мушарраф аз мақоми фармондеҳи артиши Покистон ба нафъи вориси интихоб намудааш - генерал-лейтенант Ашфақ Киёнӣ, собиқ раиси хадамоти кашфи Покистон, даст кашид.

Дар маросими интиқоли салоҳият раисҷумҳур Мушарраф изҳори умед кард, ки таҳти фармондеҳии Киёнӣ артиш пешрафт хоҳад кард. Раисҷумҳури Покистон ҳамчунин изҳори боварӣ кард, ки артиш ба Киёнӣ садоқат нишон медиҳад. Бо ин маросим ҳокимияти мутлақи Мушарраф ба поён мерасад. Соли 1999 Мушарраф дар ҷараёни як табаддулоти низомиии бидуни хунрезӣ сари қудрат омада, худро раҳбари ҳокимияти иҷроияи Покистон эълон намуда буд.

Истеъфои Мушарраф зери фишори мухолифин ба вуқӯъ пайваст. Ҳафтаҳои ахир онҳо исрор меварзиданд, ки бо истифода аз мақоми раҳбари иртиш ва эълони вазъи фавқулода Мушарраф саъй дорад, нуфузаш болои ҳукуматро ҳифз намояд. Мушарраф вазъи фавқулодаро ҳамчун фармондеҳи артиш ҷорӣ намуд. Ҳоло ӯ ин салоҳиятро ба президент интиқол дод. Яъне дар вазъи кунунӣ зимоми қудрати мулкиву низомӣ дар дасти ӯ боқӣ мемонад.

Коршиносон мегӯянд, дар тӯли панҷ соли раёсати Мушарраф бо дастгирии заъиф дар байни мардум, ифротгароии исломии дар ҳоли тавсеъа ва нооромиҳои сиёсии дохилӣ мувоҷеҳ мешавад. Шаҳид Саъдуллоҳ, хабарнигори рӯзномаи англисизабони "The News"-и Покистон дар шаҳри Лондон, гуфт, зарбаи асосии сиёсӣ ин хоҳад буд, ки ӯ дигар фармондеҳи артиш нест ва аз ин рӯ, суол пайдо хоҳад шуд, ки то кадом ҳудуд низомиён аз Мушарраф пуштибонӣ мекунанд? Вай афзуд, метавон тахмин кард, ки то таъйиноти ахир ӯ аз дастгирии пурраи артиш баҳрманд буд, зеро дар давоми ҳашт соли раҳбарӣ ӯ аз артиш хуб нигаҳбонӣ намуд.

Ба ин фикри Шаҳиди Саъдуллоҳ рӯзноманигори маъруфи покистонӣ Аҳмад Рашид мувофиқ аст. Рашид илова мекунад, таслими фармондеҳии артиш ба Киёнӣ имкон медиҳад, ки нерӯҳои мусаллаҳ ба мубориза бо ҷангҷӯёни пуштибон аз Толибон таваҷҷӯҳи бештар нишон диҳанд. Вай гуфт, ман бовар дорам, ки таваққуфе рӯй намедиҳад. Аслан бӯҳрони сиёсии Покистон ҳам аз он сарчашма мегирифт, ки Мушарраф дар сараш ду кӯлоҳ дорад, ӯ ҳам президент буд ва ҳам фармондеҳи артиш. Ӯ афзуд, ҳамин бӯҳрони сиёсӣ боис гардида буд, ки Мушарраф ба ҷанг бо терроризм таваҷҷӯҳи зарурӣ нишон намедод.

Собиқ сарвазири Покистон хонум Беназир Бҳутто аз ин иқдоми Мушарраф қадрдонӣ намудааст. Як мансабдори покистонӣ, ки нахостааст номаш ошкор шавад, ба хабарнигорон гуфтааст, ки эҳтимол ҳукумат то интихоботи парлумони 8 январ вазъи фавқулъода дар Покистонро лағв намояд.

XS
SM
MD
LG