Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоҳои нотакрори Замин аз коинот


Замине, ки дурбини аккосии Ю. Батурин аз коинот дидаааст
Замине, ки дурбини аккосии Ю. Батурин аз коинот дидаааст

«Замин аз коинот» - чунин ном дошт намоишҳои аксҳои кайҳоннаварди рус Юрий Батурин, ки се рӯзи ахир дар кохи «Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе дар маърази тамошои сокинону меҳмонони пойтахти Тоҷикистон қарор гирифт.

Гузашта аз онки ҳамаи 33 акс, ки қисмате аз маҷмӯъаи 52-аксӣ аст, ба тамошогарон таассуроти амиқ бахшид, бидуни шак, акси аз баландии 450 километр аз Тоҷикистон гирифтаи Ю. Батурин ба тоҷикистониён таъсири мусбати нозудуданӣ гузошт.
Дар ин аксҳо ҳам гирдбодҳои ҳавоӣ ва ҳам мусиқии коиноту тантанаи равшаниву торикӣ тавъам бо намои шоиронаи зебоарӯси коинот – Замин – сабт шуда, ҳамоно дилу чашмони бинандагони онро тасхир мекунанд.
Аксари ин аксҳо ҳанӯз дар охири солҳои 90-уми асри гузашта ҳангоми парвозаш дар маҷмаъаи мадории «Мир» тавассути кайҳоннавард гирифта шудаанд.
Юрий Батурин мегӯяд: «Аксҳоеро, ки дар ин маҷмӯъа гирдоварӣ шудаанд, ман дар вақти холии худ гирифтаам – дар замони адои маъмурияти касбиам, вақтҳое ки зебоиву назокати Замини азизамонро назорат мекардам ва мекӯшидам дар хотираам гирифта, сабт созам ва ба дигарон нишон диҳам».
Аксе аз намоишгоҳи "Замин аз Коинот"
Ба ақидаи Юрий Батурин, ҳар як одам бояд нерӯи коинотро эҳсос кунад ва худро як қисмати нотакрори ҷаҳони бузург ва ҳатто ин коиноти бекарона ҳисоб намояд. Дар ин аксҳо нақшҳои гарми сайёра ба чашм мехӯрад ва аз як коиноти сард он чун намои харитаи ошнои ҷуғрофӣ ба назарҳо меояд.
Дар яке аз аксҳои дӯстдоштаи худ, ки ба гунаи аъло моҳият ва рангҳои коинот нишон дода шудаанд, Батурин намоеро аз сайёраи Замин, коинот ва ботриҳои офтобии муҷтамаъи мадорӣ наворбардорӣ кардааст, ки хеле диданиву хотирмон аст.
Дар маҳалли намоишгоҳ чунин манзараҳои ҷолибе мушоҳида низ мешуд, ки бинанда муддати мадиде дар тамошои як акс хира мешавад. Бештари аксҳо дар зер матнҳои на камтар аз худи аксҳо марғуби муаллифро доранд. Нигина Абдуллоева, як сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд: «Дар поёни баъзе аз аксҳо матнҳо аз дафтари ёддошти муаллиф оварда шудааст, ки ҳангоми мутолиъаи онҳо кас ба фазои ҳамонлаҳзаинаи кайҳоннавард ворид мешавад ва ӯро таассуроти дучанди ҷолибе фаро мегирад».
Владимир Пряхин, сарвари маркази САҲА дар Душанбе, ки дафтари таҳти раҳбарии ӯ ҳамроҳ бо ҳукумати Тоҷикистон аз баргузоркунандагони ин намоишгоҳ мебошад, ки акси аз коинот гирифташударо бо диққати хоссае назора мекунад, таассуроти худро аз ин акс чунин изҳор мекунад: «Дар мисоли ин акс мо метавонем бубинем, чигуна лозурҳои яхи қуллаи кӯҳҳо, ки дар таҳти таъсири рушди саноъатии инсоният кам мешаванд, осебпазиранд».
Намоишгоҳи мазкур соли ҳаштум аст, ки ҳамроҳ бо филми мустанади хеле ҳам дидании «Нардбон ба осмон» сайёраро чарх мезанад ва дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ба маърази тамошои одамони миллияту нажодҳои гуногун гузошта мешавад.
Кайҳоннавард Юрий Батурин ҳангоми тамошои Замин аз маҷмаъаи мадории "Мир"
Лозим ба тазаккур аст, ки кайҳоннавард Юрий Батурин баъди ду дафъа ба кайҳон парвоз кардан феълан дар Маркази омодасозии кайҳоннавардони Русия ба ҳайси омӯзгор-кайҳоннавард-озмоишгар, инчунин дар факултаи хабарнигории Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов ва донишкадаи физикиву техникии пойтахти Русия дарс дода, ҳамчун доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ мудири кафедраи ҳуқуқи компютерии Донишкадаи муҳандисиву физикии Маскав мебошад. Ю. Батурин замоне мушовири давлатии раисиҷумҳури собиқи Русия Б. Елсин оид ба амнияти миллӣ буд. 58 сол дорад. Дорандаи ҷоизаи Иттифоқи хабарнигорони Иттиҳоди Шӯравӣ, мукофоти «Барои саҳмгузории бузург ба рушди ҳуқуқи иттилооти омма», мукофоти соҳаи ҳуқуқи «Фемида» буда, чандин сол боз шореҳи вижа ва муаллифи рӯзномаи "Новая газета" аст.
«Замини мо аз коинот кӯчаку осебпазир ба назар мерасад», - мегӯяд Юрий Михайлович Батурин. Ба гуфтаи ин кайҳоннаварди абадийятро дар аксҳояш сабткарда, ӯ ҳамоно мусаммам аст, ки баъдан ҳам ҳамаи нерӯи зеҳнияшро ба он сарф кунад, то ин абадияти зебову нотакрорро дар намуди аввалияи он нигоҳ дорад.
Чанд сол аз ин пеш, баъди тамошои ин намоишгоҳ дар Арманистон, як бинандае гуфта буд: «Коинот ҳамеша чизи нави зебо ва беохиру тасхиркунандаеро ба кас боз мекунад. Вақте ки ман ин аксҳоро дидам, бовар кунед, кадом як мусиқии латифи нотакрореро шунидам».
Мо бовар кардем. Мо ин аксҳоро дидем ва ин мусиқиро бо гӯши ҷон шунидем...
Қисмате аз Замини зебое, ки мо дар он зиндагӣ мекунем (Акси Юрий Батурин)
XS
SM
MD
LG