Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иосиф Кобзон - падари мафия ё истеъдоди нодир?


Шоми сешанбеи 20 ноябр дар Кохи Борбади Душанбе консерти Иосиф Кобзон, ҳунарманди саршиноси рус баргузор гардид.

Консерти мазбур дар пасманзари сафари ҳунарии оқои Кобзон ба ҳамаи кишварҳои собиқ Шӯравӣ тарҳрезӣ шудаву бояд ройгон баргузор мегардид. Аммо шоҳидон қисса мекунанд, ки дар консерти мазбур давъватномаҳое низ ба фурӯш рафтаанд.

Иосиф Кобзон аз шинохтатрин сароянда дар собиқ Шӯравист, ки бо суруди маъруфи худ «Рӯзи Ғалаба» ё худ «Денъ Победи» ба арсаи санъат барқвор ворид шудааст.

Шӯҳрати саҳнавии Кобзон аз солҳои шасти асри 20 маншаъ мегирад, ки пас аз кор дар Радиои Шӯравӣ ба ҳайси сароянда ӯ дар ду соли дигар дар тамомии бунёдгоҳҳои маъруфи шӯравӣ - Братск, Ангарск, Улан-Удэ, Усть-Илим, БАМ, Сибирь, Урал, Шарқи Дур консерт дода, аз соли 1962 то 1989 сарояндаи пешбари Москонсерт буд.

Аз соли 1989 саҳнаи консертро ба саҳнаи сиёсат иваз кард ва вакили мардумӣ дар парлумони ахирини Шӯравӣ интихоб гардид. Шурӯъ аз соли 1990 вориди бизнес ва президенти яке аз номдор ва пулдортарин ширкати Русия «Московит» интихоб шудааст.

Баъд аз пошхӯрди Шӯравӣ дини буддоиро пазируфт ва вакили мардумӣ аз ҳавзаи Агино - Бурятия интихоб гардид, ки бештари мардум муътақиди дини буддоианд.

Дар соли 1994 Иосиф Кобзон дар саҳафоти матбуоти даврӣ ҳамчун яке аз дигар «падарони криминоли Русия» муаррифӣ гардид. Департаменти давлатии ИМА шурӯъ аз соли 1995 дарҳои кишварашро ба рӯи оқои Кобзон – ҳамчун ба рӯи яке аз дигар махуфтарин чеҳраҳои криминол баст. Ба думболи Департаменти Давлатии Амрико, аксари кишварҳои Аврупои Ғарбӣ низ Иосиф Кобзонро чеҳраи «нон грат» ё ғайри қобили қабул эълом карданд ва дарҳои аксарияти кулли ин давлатҳо ба рӯи сароянда баста гардид.

Ҳамакнун, Иосиф Кобзон ҳатто ба кишварҳое, ки равуо ба онҳо бидуни раводид аст, ҳамчун Кипр, Маҷористон, Туркия рафта наметавонад.

Оқои Кобзон тамомии иттиҳомотеро, ки ӯро бо «мафияи рус», харидуфурӯши силоҳ ва криминол баста медонанд, шадидан рад мекунад. Вале аз дӯстӣ бо «дуздҳои қонунӣ» ё шахсиятҳои маъруфи олами ҷиноӣ ҳамчун Отари Кванташвили, Тайванчик ва Калина – се тани дар олами ҷиноӣ хеле маъруф ифтихор дорад ва ин дӯстиро пинҳон намедорад.

Ин дар ҳолест, ки як сол муқаддам ҳатто бархе аз кишварҳои собиқи Шӯравӣ Кобзонро чеҳраи махуф эълом кардаанд. Ҳамакнун, дарҳои Латвия низ ба рӯи оқои Кобзон бастааст.

Дар авоили солҳои 90-и асри 20, Иосиф Кобзон аз саҳнаи бузург бадар рафт. Вале дар соли 1997 бахшида ба 60 - солагии ӯ дар тамоми 15 кишвари собиқ Шӯравӣ консерти идонаи Кобзон баргузор гардид, ки 9 моҳ идома дошт ва ҳамакнун баъд аз 10 сол, яъне дар 70 - солагӣ оқои Кобзон бо як барномаи вижаи консертӣ ва бо маблағи худ ба кишварҳои собиқ Шӯравӣ сафар мекунад.

Ҳунарманди мардумии СССР, Русия, Укроин, Доғистон ва Чеченистон, узви фарҳангистони Русия, барандаи ҷоизаи давлатии СССР ва мукофоти Ленин Иосиф Кобзон аз чеҳраҳои шинохташуда ва маҳбубтарин дар саҳнаи опера маҳсуб меравад.

XS
SM
MD
LG