Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бензин рақиб пайдо мекунад


Дар Душанбе низ фурӯши биосӯзишворӣ оғоз шудааст.
Дар Душанбе низ фурӯши биосӯзишворӣ оғоз шудааст.

Мавзуъи тавлиди сузишвории биологӣ ё биотопливо дар замоне муассир арзёбӣ шудааст, ки қимати як бушка нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба 100 доллар наздик шудааст. Ин дар ҳолест, ки саҳми сухти наботӣ ё биотопливо танҳо 15 дарсади мавриди ниёз аст.

Ба гуфтаи коршиносон, маводи сухти тавлидшуда аз наботот наметавонад ҷойгузини маҳсулоти тавлидшуда аз нафт бошад. Алексей Аблаев, раиси иттиҳодияи миллии биотопливои Русия, гуфт, дар ҳоли ҳозир текноложии ҷадиде дар бораи тавлиди биосузишворӣ ё тавлиди этанол аз наботот вуҷуд надорад ва корхонаҳои тавлиди ин маводи сухт худкифо нестанд.

Андрей Соколов, мутахассиси ширкати «Держава», иброз дошт, ки дар солҳои наздик дар ин соҳа пешрафтеро интизор набояд шуд, ба ин далел, ки тавлиди сухти наботӣ нисбат ба тавлиди маводи сухт аз нафту газ гаронтар аст. Вай афзуд, рӯ овардан ба тавлиди сухти наботӣ ба қимати меваву сабзавот маводи ғизоӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ садама ворид мекунад.

Ахиран дар Русия қимати маводи ғизоӣ то 40 дарсад боло рафтааст. Мақомоти Русия далели боло рафтани қимати нон ва дигар анвои ғизоиро ба боло рафтани нархҳо дар бозори ҷаҳонӣ арзёбӣ кардаанд. Русия бештар маводи ғизоиро аз Аврупо ворид мекунад. Дар бархе аз кишварҳои аврупоӣ, ба далели боло рафтани қимати нафт, ба тавлиди сухти наботӣ рӯ овардаанд.

Аммо ба қавли баъзеи коршиносон, рӯ овардан ба тавлиди сухти наботӣ ҷуз як иқдоми таблиғотӣ чизи дигаре нест. Ба гуфтаи ин коршиносон, бархе аз кишварҳои Ғарб ба ин васила мехоҳанд бениёзии худ аз нафту гази кишварҳои шарқро нишон диҳанд.

Аммо бисёре аз сиёсатмадорон ба ояндаи тавлиди сухти наботӣ эътимод доранд. Мануэл Борозу, раиси комисиюни Иттиҳодияи Аврупо ба аҳамияти сухти наботӣ дар пешрафти иқтисоди ҷаҳон таъкид кард ва тавлиди биодизелҳоро муҳим хонд. Ҷорҷ Буш, раисҷумҳури Амрико, даъват кард, ки дар иҷрои ин барномаҳо, аз ҷумла тавлиди этанол, сармоягузорӣ кунад.

Мақомоти Шветсария тасмим доранд то соли 2020 мелодӣ аз истифодаи маводи сухти нафтӣ даст кашанд ва ба ҷои он аз маводи сухти наботӣ истифода кунанд. Кишварҳои ғанӣ аз захоири нафт - Норвеж ва Русия низ тасмим доранд барномаҳои умдаи энержӣ дар ин заминаро сармоягузорӣ кунанд.

Ширкатҳои бузурги нафтӣ аз ҷумлаи «Шеврон», «Коноко», «Филипс», «БП» ва ғайра низ омодаанд дар иҷрои барномаҳои тавлиди сухти наботӣ сармоягузорӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG