Саввумин мулоқоти масъулони аршади Иттиҳоди Аврупо ва намояндагони баландпояи Осиёи Марказӣ дар Берлин дар ҳоле ба поён расид, ки нозирон аз дуру наздик ин дидорро боз ҳам ба ниёзмандиҳои инержии Аврупо бастагӣ доданд. Онҳо ба таври сода гуфтанд, Аврупо ташнаи нафт ва гушнаи газ аст, биноан рӯ ба ин минтақа ниҳодааст. Ширкати Озарбойҷон дар ин нишаст, ки аз ташаббуси дигари Иттиҳоди Аврупо бо номи Ташаббуси Боку, яъне кашидани долонҳои иловагии газу нафт аз дарёи Хазар ба Аврупо ёдовар шуд, ин натиҷагириро тақвият дод.
Баракси ин хулосаҳо, корманди Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва равобити байнулмилали Фарҳангистони улуми Русия, Александр Умнов мегӯяд, Русия ба густариши муносибатҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ бо тафоҳум менигарад: "Ба фикри ман, манфиати асосии Русия ин аст, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ дар истиқлолият ва иқтисодиёти худ тақвияти бештар ёбанд ва гумон намекунам, Русия ба ин равандҳо мухолифат кунад."
Ҳамзамон ҷаноби Умнов инро ҳам иқрор мекунад, ки мумкин аст, рақобатҳо дар минтақа афзоиши бештар ёбанд, вале онҳо созанда хоҳанд буд.
Тоҷикистон ҳам аз лиҳози пойбандиҳояш бо Русия ва ҳам бо сабаби надоштани захираҳои нафту газ, дар раддабандии равобити Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ шояд ҷои начандон намоён дошта бошад, ҳарчанд мумкин аст ҳамсоягии Тоҷикистон бо Афғонистон ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддир метавонанд, ба аҳамияти он меафзоянд. Хонуми Турфа ба ин хулоса мувофиқ нест ва мегӯяд: "Фаромӯш набояд кард, ки об ва газ барои Иттиҳоди Аврупо инержиҳои оянда ҳастанд ва ҷаноби Франк Волтер-Штейнмайер, вазири умури хориҷии Олмон дар суханронияш дар нишасти Берлин мушаххасан ба ин нукта ишора кардааст. Ба хотири инки аз нафт дида барои саноати Иттиҳоди Аврупо тамизтар ҳастанд. Дар натиҷа Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки дорои захираҳои бузурги об ҳастанд, комилан дар маркази таваҷҷӯҳи Иттиҳоди Аврупо қарор доранд."
Дар як масъала ҳарду ҳамсӯҳбати мо ҳам хонуми Турфа ва ҳам ҷаноби Умнов ҳамназаранд, ки дар барномаи ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба масъалаҳои ҳуқуқи башар ва озодии матбуот таваҷҷӯҳи камтар дода мешуд, ҳарчанд ахиран ҳаракате дар ин самт низ ба мушоҳида расидааст.