Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номзади ягонаи мухолифони Гурҷистон


Левон Гачечиладзе дар нишасти хабарӣ дар Тифлис 12 ноябри соли 2007.
Левон Гачечиладзе дар нишасти хабарӣ дар Тифлис 12 ноябри соли 2007.

Бо вуҷуди чунин эълон эътилофи даҳ ҳизби мухолифони Гурҷистон натавонистааст, ба интихоботи зудҳангоми раёсатҷумҳурӣ бо номзади ягона ворид шавад.

Эълон шуда буд, ки Леван Гачечиладзе номзади ягона хоҳад шуд, аммо бино ба хабарҳои ахир Ҳизби кори Гурҷистон тасмим гирифт, сарвари худ Шалва Нателашвилиро пешбарӣ кунад. Як сарватманди гурҷӣ Бадрӣ Патаркатсашвилӣ аз мунаққидони аслии раисиҷумҳур Саакашвилӣ низ эълон намуд, ки дар интихобот барои курсии раёсатҷумҳури вориди мубориза хоҳад шуд.

Шоми дируз Эътилофи мухолифини Гурҷистон, иборат аз 10 ҳизби сиёсӣ, ниҳоят исми рақиби аслии Михаил Саакашвилӣ, раиси ҷумҳурии феълии Гурҷистонро эълон карда будаанд. Мухолифон гуфта будаанд, ки дар интихоботи 5 январи соли оянда омодаанд, дар атрофи Гaчечиладзе як соҳибкор ва вакили порлумони Гурҷистон муттаҳид шаванд.

Худи номзади эътилофи мухолифин Гачечиладзе зимни мусоҳибааш бо хабарнигорон дар шаҳри Тифлис изҳор дошт:

"Ман мехоҳам, ҳамаи ҷамъшудагонро табрик кунам ва ба мардуми Гурҷистон ва намояндагони эътилофи мухолифин барои пуштибонии номзадиам ташаккур гӯям. Ин интихоботи маъмулӣ нест. Ин идомаи муборизаи мо бар зидди хушунат, беадолатӣ ва низоми раёсатҷумҳурӣ мебошад. Мо барои решакан кардани кешпарастӣ муборизаро идома хоҳем дод. Ва ман омодаам ҳангоме ки мо ба ҳадафҳоямон бирасем ба истеъфо равам.”

Левoн Гачечиладзе соҳибкори маъруф дар соҳаи тавлид ва фуруши шароб ва вакили порлумони кишвар буда, дар раҳпаймоиҳои эътирозӣ нақши калидӣ бозидааст. Ҳангоме ки полис этирозгаронро пароканда мекард Гачечиладзе яке аз осебдидагон ва маҷруҳшудагон буд. Бародари ӯ Гия овозхони маъруфи таронаҳои сиёсист.

Гуфта мешавад бо ин пешвои мухолифин умед доранд Гачечиладзе ки зодаи Тифлис мебошад метавонад овозҳои қишрҳои мухталифи ҷомеъаии гурҷиро аз они худ кунад. Дар гузашта Гачечиладзе бо Саакашвилӣ робитаҳои хеле наздик дошт ва ҳатто замоне ки Саакашвилӣ соли 1999 барои ишғоли курсии парлумонӣ мубориза мебурд раиси ситоди интихоботии ӯ будааст.

Гачечиладзе дар бораи ҳадафи асли худ ва мухолифин дар ин интихобот чунин изҳор дошт:

"Шурои миллӣ чанд номзад ба мақоми раёсатҷумҳурӣ дошт. Яке аз номзадҳо ман будам. Ин тасмим дар паи чанд даври раъдиҳӣ гирифта шуд. Ва ниҳоятан номзадии ман пазируфта шуд. Ҳадафи аслии ман хотима бахшидан ба низоми раёсатҷумҳурӣ дар Гурҷистон мебошад. Ин ҳадафи асосӣ хоҳад буд.”

Гачечиладзе дирӯз эълон кард, ки ҳадафи вай баъди расидан ба курсии раёсатҷумҳурӣ мусоидат ба ташкили низоми порлумонӣ дар кишвар мебошад ва ӯ омодааст, баъд аз анҷоми вазифаҳои худ аз ин мақом даст кашад.

Тасмими дируза дар натиҷаи гуфтушунудҳо миёни намояндагони мухолифин ва ҳукумат барои баромадан аз бӯҳрони сиёсӣ ҳосил шудааст. Ҳафтаи гузашта таниши миёни ҳукумат ва мухолифин ба авҷи худ расида, боиси даргириҳои миёни полис ва эътирозгарон шуд. Дар паи ин задухурдҳо Саакашвилӣ дар кишвар вазъияти фавқулодда ва таърихи баргузории интихоботи пеш аз вақти раёсатҷумҳуриро эълон кард. ба дунболи он, Тибқи қарори раисиҷумҳур фаъолияти хабаргузориҳои нашароти маҳдуд карда шуд. чунин тасмимҳои Саакашвилӣ боиси нигарониҳо ва танқидҳои Ғарбу Аврупо шуд ва фиристодаҳои вижаи онҳо ба Тифлис барои фишор болои ҳукумати Саакашвилӣ дар роҳи бартарафсозии ин ҳама мушкилот шитофтанд. Дирӯз муовини ёвари вазири корҳои хориҷаи ИМА дар умури Аврупо ва Авруосиё Метю Бриза зимни мусоҳибааш бо хабарнигорон дар Тифлис гуфт:


"Имруз он чизе ки мавриди нигаронии амиқи ҳукумати ИМ нисбати Гурҷистон мешавад ин вазъи демократия дар ин кившар мебошад. Ошкоро бигӯем, он воқеъаҳое ки дар Гурҷистон дар ҳафтаҳои гузашта рух дод барои низоми и нкишвар такондиҳанда буд, ки ба ҳиссиёти интихобкунандагон, ҳадди аққал ба ҳиссиёти эътирозгарон робита мегирад. Ва мо хоҳони он ҳастем ки равандҳои демократӣ бояд ҳарчи зудтар барқарор карда шаванд ва манзурамон гомҳои амали дар ин самт аст.”

Вазъият дар ин байн дар Гурҷистон тадриҷан ба эътидол меояд, дирӯз мактабу донишгоҳҳо дубоар фаъол шуда ба рӯи муҳассилон дарҳои худро боз карданд. Аммо бо вуҷуди даъватҳои ИМА ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо то ҳануз вазъи изтирорӣ дар ин кишвар побарҷо мемонанд.

XS
SM
MD
LG