Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баёнияҳои муштараки Буш ва Меркел


Ангела Меркел ва Ҷорҷ Буш дар Кроуфорди Тексас, 10 ноябри соли 2007.
Ангела Меркел ва Ҷорҷ Буш дар Кроуфорди Тексас, 10 ноябри соли 2007.

Президенти Амрико Ҷорҷ Буш ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел мехоҳанд, дар муносибат бо Эрон ҳам аз гул истифода кунанд, ҳам аз қамчин.

Садри аъзами Олмон Ангела Меркел дар мулоқот бо раисиҷумҳури ИМА Ҷорҷ Буш дар Кроуфорди Тексас гуфт, Шурои амнияти СММ бояд ба эълони таҳримҳои шадидтари зидди Эрон омода бошад ва дар сурати саркашии Теҳрон аз иҷрои талабҳои қатъи ғанисозии ураниум ва эҷоди шаффофият дар фаъолиятҳои ҳастаӣ аз ин чораҳо истифода шавад. Хонуми Меркел афзуд барои овардани фишор ба режими Теҳрон ки дар кушиши дастёфтан ба тавлиди силоҳи ҳастаии гумонбар мешавад, аз тоҷирон ва бизнесменҳои Олмон талаб хоҳад кард, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратиашонро бо Эрон коҳиш диҳанд.

Буш ва Меркел таъкид кардаанд, ки ҳалли баҳс бо Эрон аз роҳи дипломатӣ бартарӣ медиҳанд. Бо вуҷуди ин раисиҷумҳури Амрико гуфт дар ҳоле ки Теҳрон ба ғанисозии ураниум ва фаъолиятҳое ки метавонанд ба тавлиди силоҳи ҳастаӣ мусоидат намоянд хотима набахшад, ӯ имкони истифодаи неруи низомӣ ва мариди зарба қарор додани ҳадафҳо дар Эронро канор намегузорад. Ин дар ҳолест ки Эрон батакрор мегӯяд, барномаи ҳастаии он сулҳомез аст. Ин бори нахустин дар тули 40 соли ахирр аст ки сарвари Олмон бо раҳбари ИМА дар иқоматгоҳи шахсиаш бо раисиҷумҳури ИМА во мехурад. Шореҳон инро ҳамчун аломати тақвияти муносибот миёни ду кишвар арзёби мекунанд, ки ин муносибот бо сабаби ихтилофоти назар ба ҷанги Ироқ заиф шуда будаанд.

Дар аввали ҳафтаи ҷорӣ раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркози низ меҳмони Ҷорҷ Буш шуда буд ва шеваи пазироии ӯ аз ҷониби раисиҷумҳури Амрико аз он шаҳодат медиҳад, ки Буш кӯшиш дорад робитаҳои заифшудаашро бо сарварони кишварҳои Аврупо барқарор кунад. Таҳлилгарон бар инанд, ки Буш бо беҳбуди робитаҳояш бо аъзои доимии Шурои Амнияти СММ ва қудратҳои ҷаҳонӣ мехоҳад мавқеашро дар ин ниҳоди байналмилалӣ тақвият бахшад. Олмон дар баробари се узви доимии Шурои Амнияти СММ Бритониё, Фаронса ва ИМА ҷонибдори эъмоли таҳримҳои шадидтар алайҳи Эрон мебошанд дар ҳоле ки Русия ва Чин мухолифи ин иқдоманд. Зимни мулоқот Буш ва Меркел дигар мавзуъҳои мубрамро ба мисоли вазъи Ироқ, ҷанг бо терроризм дар Афғонистон, мақоми ояндаи минтақаи ҷудоихоҳи Сербистон Косово, масъалаи Лубнон ва нияти Амрико барои баргузории конфронси сулҳи миёни Исроил ва фаластиниҳоро мавриди баррасӣ қарор додаанд.
XS
SM
MD
LG