Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико Тифлисро ба лағви вазъи фавқулодда даъват кард


Метю Бриза, ёвари вазири умури берунаи Амрико
Метю Бриза, ёвари вазири умури берунаи Амрико

Вошингтон аз сарони Гурҷистон даъват намуд, бидуни таъхир вазъи изтирориро, ки аз ҷониби раисиҷумҳур Саакашвилӣ эълон шуда буд, бекор кунанд.

Муовини ёвари вазири корҳои хориҷии ИМА Метю Бриза, ки интизор аст имруз аз Гурҷистон боздид кунад, ба родиои Озоди гуфт ин шарти асосии баргузории интихоботи зудҳангоми раёсатҷумҳурӣ мебошад: "Паёми ман ин паёми вазири корҳои хориҷа Кондолиза Райс аст, ва мо даъват мекунем вазъи фавқулодда дар зудтарин фурсат бекор ва фаъолияти расонаҳои нашаротӣ аз сар гирифта шавад. Дақиқан барои онки, мо медонем, инҳо қадамҳои аслии тазмини онанд, ки интихоботи эълонкардаи раисиҷумҳур Саакашвилӣ озод ва одилона хоҳанд буд.”

Рӯзи панҷшанбеи 8-уми ноябр Саакашвилӣ пешниҳод кард интихоботи раёсатҷумҳурии Гурҷистон пеш аз вақти муайянгашта, яъне дар авалҳои моҳи январи соли 2008 барпо гардад. Бриза афзуд, демократия дар Гурҷистон замоне метавонад, эҳё шавад, ки сарварони масъулиятшиноси ҳарду ҷониб , мухолифин ва ҳукумат роҳҳои тақвияти ниҳодҳои демократии кишварро мавриди баррасӣ қарор диҳанд. Чанде пештар сухангҳи вазорати корҳои хориҷаи Амркио Шон Маккормак ба хабарнигорон дар бораи ирсоли фиристодаи вижаи ҳукумати ИМА барои баррасии вазъи Гурҷистон иттилоъ дода буд. Маккормак низ гуфт, ки Михаил Саакашвили бояд ҳар чи зудтар ва бидуни таъхир вазъияти изтирори ва ҳамаи маҳдудиятҳои барои матбуотро бекор кунад. Вай афзуд, ҳукумати Гурҷистон бояд ҳамон тавре ки ваъда дод интихоботи раёсатҷумҳуриии пешазмӯҳлатро барпо кунад.Саакашвили ваъда дода буд ки интихобот 5 январ доир мегардаанд ва дар ояндаи наздик вазъи фавқулодда бекор мешавад.Маккормак аз ин тасмими раисиҷумҳури Гурҷистон истиқбол намуда гуфт мақомоти кишвар бояд инчунин дар бораи дурнамои интихоботи парлумони низ бо мухолифин муколамаро оғоз намоянд.

Сухангуи Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт интизор меравад Метю Бриза зимни боздидаш аз Гурҷистон бо Михаил Саакашвилӣ вохурӣ кунад.Маккормак бори дигар такрор намуд ки эълони вазъи изтирори дар Гурҷистон мақомоти Кохи сафедро хеле нороҳат кардааст. Вай аз ҳукумати Гурҷистон даъват кард барои баргузории интихоботи озоду мунсифона фазои муносиб таъмин кунад.Вошингтон ёрии молиашро ба Покистон барои ҷорикардани вазъи фавқулодда дар он кишвар коҳиш дод аммо Маккормак гуфт дар бораи нақшаҳои эъмоли чораҳои ҳамсон дар баробари Гурҷистон ягон иттилоъ надорад.
XS
SM
MD
LG