Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳои манфӣ ба аъмоли раҳбари Покистон


Латукӯби тазоҳуркунандагон дар Карочӣ, 5 ноябри соли 2007.
Латукӯби тазоҳуркунандагон дар Карочӣ, 5 ноябри соли 2007.

Эълони вазъияти фавқулодда дар Покистон баёнияҳои яъсомез, аммо рӯйдодҳои ахири он нигарониҳои байнулмилалиро ба бор овардааст.

Раисиҷумҳури ИМА Ҷорҷ Даблю Буш аз раҳбари Покистон Парвиз Мушараф қатъиян даъват кард, ки вазъи фавқулоддаро дар Покистон бекор ва низоми демократиро ҳарчи зудтар барқарор намояд.

Буш афзуд, Мушарраф бояд ҳарчи зудтар интихоботро барпо кунад ва либоси низомиашро канор гузорад. Вай гуфт: "Мо ба Мушарраф ошкор гуфта будем, ки мо умед дорем, ӯ аз эълони вазъияти фавқулода худдорӣ мекунад. Ҳоло ки ӯ ба ин иқдом даст зад, мо изҳори умед мекунем ки Мушарраф ҳарчи зуддтар интихоботро барпо кунад. Ин дар ҳолест ки мо ба ҳамкориамон бо Мушарраф дар мубориза бо он террористон ва ифротгароён идома медиҳем. Ин террористон на танҳо хостанд ӯро бикушанд балки қасд доштаанд бо истифода аз як қисми кишвараш ба Афғонистон ҳамлаҳо анҷом диҳанд. Онҳо инчунин ҳамлаҳоро ба ИМА тарҳрезӣ мекардаанд. "

Вай бояд маҳбусони сиёсиро озод ва маҳдудиятҳои зидди матбуотро бекор кунад.
Ҳамчунин вазири корҳои хориҷаи Амрико Кондолиза Райс дируз бо Мушарраф телефони дар тамос шуда аз вай талаб намуд ки ба зудтарин фурсат вазъияти фавқулодаро бекор кунад. Райс аз раҳбари Покистон тақозо кардааст, ки интихоботи парлумониро дар таърихи қабл аз 15 январ, яъне мӯҳлати аз пеш муқарраршуда баргузор намояд. Ин дар ҳолест ки Дабири кулли СММ Бан Ги-мун низ дар бораи чоришавии вазъяти фавҷулода дар Покистон амиқан изҳори нигаронӣ карда аз мақомоти Исломобод озодшавии фаврии боздоштшудагон ва бозгашт ба роҳи демократиро талаб кардааст. Бан Ги-мун нигарониҳои Иттиҳоди Аврупо ҳамроҳ шуд, ки гуфтааст имкон дорад алайҳи он кишвар иқдом кунад. Ҳукумати Ҳолланд эълон кард, ки ирсоли миллионҳо евро кӯмакро ба Покистон муваққатан мутаваққиф мекунад.

Вазири корҳои хориҷаи Британия Девид Милибанд дар нишасти хабариаш дар Лондон гуфт: "Барои расиҷумҳури Покистон замоне фаро расидааст ки ӯ бояд рушод бигӯяд ки интихобот 15 январ озод ва мунсифона барпо мешвад ва ӯ аз мақоми сарфармондеҳи артиш то 15 ноябр меравад. Вай бояд маҳбусони сиёсиро озод ва маҳдудиятҳои зидди матбуотро бекор кунад.”

Дирӯз полиси Покистон бар зидди тазоҳургарон, ки дар эътироз ба эълони вазъияти изтирорӣ раҳпаймоӣ мекардаанд гази ашковар истифода бурд. Бино ба хабарҳо дар шаҳрҳои Лоҳур, Карочӣ, Равалпиндӣ, Мултон ва Пешавор даҳҳо нафар боздошт ва маҷрӯҳ шудаанд. Додситони кулли Покистон Малик Абдул Қаюм гуфтааст ҳукумат тасмим гирифт интихоботро он тавре ки барномарези шуда буд январи соли оянда барпо кунад. 3 юми ноябр расиҷумҳур Мушарраф дар тамоми қаламрави Покистон вазъияти изтирориро ҷорӣ кард ва гуфт сабаби ин афзоиши мизони хушунатҳои ситезаҷӯён ва саркашии мақомоти адлия будааст.

XS
SM
MD
LG