Агар дар чаҳор моҳи пеш қимати 1 литр бензини навъи А-95 дар кишвар 2 сомонӣ будаст, феълан он ба 2 сомонию 80 дирам расидааст. Масъулини ширкати «Нафтрасон» мегӯянд, нархи бензин дар кишвар ахиран 1,5 баробар нисбат ба 4 моҳи пеш афзудааст ва афзоиши он идома пайдо хоҳад кард.
Леонтий Ян, муовини раиси ширкати «Нафтрасон», сабаби боло рафтани нархи бензинро ба афзоиши қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ марбут медонад. Оқои Ян гуфт, нафт ба тариқи пешпардохт аз Русия ба Тоҷикистон ворид мешавад ва дар Русия, ки қимати бензин боло рафт, дар Тоҷикистон низ он афзоиш пайдо хоҳад кард. Вай ҳамчунин таъкид кард, ки ба афзудани нархи бензин дар Тоҷикистон афзудани шумори васоити нақлиёт низ боис мешавад. Тибқи иттилоъи мақомоти гумруки Тоҷикистон танҳо дар нуҳ моҳи ахир аз хориҷа ба Тоҷикистон бештар аз 7 ҳазор мошини сабукрав ворид шудааст.
Ба Тоҷикистон аслан аз Русия, Қазоқистон ва ба миқдори кам аз Эрон маводи сухт ворид мешавад.Гарон шудани нархи бензин дар Тоҷикистон агар аз як су, ба афзоиши нархи маводи сухт ба Русия ва Қазоқистон бастагӣ дошта бошад, аз сӯи дигар ба кам ворид шудани миқдори бензин ба Тоҷикистон мебошад.
Аммо ба андешаи коршиносон, агар қимати бензин дар Тоҷикистон афзоиш ёбад, роҳкирои васоити нақлиёт низ дар паи он гарон шуда, ба сатҳи зиндагии мардум ҷиддан таъсири манфӣ хоҳад расонд. Хилватшоҳи Маҳмуд, коршиноси мустақил мегӯяд, ба дунболи боло рафтани нархи анвои хӯрданӣ, гарон шудани қимати бензин рӯзгори сокинони кишварро боз ҳам мушкилтар хоҳад кард.
Дар ҳоли ҳозир қимати бензини навъи 80 ба 2 сомонию 50 дирам ва навъи 92 ба 2 сомонию 70 дирам навъи 95 2 сомонию 80 дирам ва наъи 96 ба 2 сомнию 90 дирам баробар аст.