Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фишор болои ҷангиёни курд зиёд мешавад


Туркия, Ироқ ва ИМА тасмим гирифтаанд, то фишор болои мусаллаҳони Ҳизби коргарони Курдистонро шадидтар бикунанд.

Вазири умури хориҷаи Ироқ, эълом дошт, Бағдод дар бораи ташкили постгоҳҳои нав дар шимоли Ироқ тасмим гирифтааст.

Гуфта мешавад, ки як ҳадафи ин постгоҳҳо ҷилавгирӣ аз вуруди силоҳ барои ошубгарони курд аст. Ҳушёр Зебарӣ, вазири умури хориҷаи Ироқ, дар ин бора баъд аз мулоқот бо ҳамтоии эронии худ Манучеҳри Муттакӣ хабар дод, ки барои ширкат дар конфаронси байнулмилалӣ оид ба вазъи Ироқ имрӯз вориди Стамбул шуд.

Дар ин нишаст, ки фардо ифтитоҳ хоҳад шуд, ҳайъатҳои кишварҳои ҳамсояи Ироқ, дипломатҳои Иёлоти Муттаҳида ва чанд кишвари аврупоӣ масоили марбут ба хатми хушунат дар Ироқро баррасӣ мекунанд. Ба гуфтаи коршиносон, шояд вазъ дар марзҳои шимолии Ироқ ва ҳамлаи эҳтимолии Туркия ба пойгоҳҳои мусаллаҳони Ҳизби коргарони Курдистон низ ба рӯзномаи нишаст ворид шавад.

Ёдовар мешавем, ки ду конфаронси аввалӣ оид ба эътидоли авзоъ дар Ироқ дар фароғатгоҳи Шармулшайхи Миср ва Бағдод доир шуда буданд.

Дар ҳамин ҳол, Анкара эълом дошт, ки алайҳи гурӯҳҳои пуштибон аз Ҳизби коргарони Курдистон таҳримҳои иқтисодӣ ҷорӣ хоҳад кард. Ҷамол Чичек – муовини сарвазири Туркия гуфт, дар нишасти ахири ҳукумат ҳамчунин чораҳои низомӣ, сиёсӣ ва дипломатӣ алайҳи Ҳизби коргарони Курдистон пазируфта шуданд.

Ҳукумат ҷузъиёти бештар, аз ҷумла, номгӯи таҳримҳоро ошкор накардааст. Коршиносон ҳадс мезананд, ки Анкара метавонад алайҳи Курдистони Ироқ ин гуна таҳримҳоро ба роҳ монад: сарпечӣ аз эътирофи маъмурияти вилояти Курдистони Ироқ, қатъи интиқоли маводи озуқа ва неруи барқ ба минтақаи курднишини шимоли Ироқ.

Ва аммо ҳанӯз рушан нест, ки аз кадом роҳҳо Анкара осебнопазирии мардуми осоиштаи шимоли Ироқ аз ин таҳримҳоро таъмин хоҳад кард.

Зимнан, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, сарвазири Туркия эълом дошт, ки татбиқи таҳримҳои иқтисодӣ ҳанӯз шурӯъ нашудааст. Ӯ ҳамчунин иттилоъи баъзе расонаҳои хабарии кишвар дар мавриди баста шудани ҳарими ҳавоӣ ва қатъи парвози ҳавопаймоҳо ба манотиқи шимолии Ироқро такзиб кард.

Вазорати дифоъи Иёлоти Муттаҳида изҳор намуд, ки иттилоъи муфассал дар бораи фаъолияти Ҳизби коргарони Курдистон дар шимоли Ироқро дар ихтиёри Туркия мегузорад. Пентагон манбаъ ва роҳҳои дарёфти ин иттилоъро ошкор накардааст ва аммо шоҳидон дар бораи афзоиши парвози ҳавопаймоҳои низомии амрикоӣ, аз ҷумла, ҳавопаймоҳои U-2-и муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири кашф дар марзи миёни Туркияву Ироқ хабар медиҳанд.

Туркия ҳазорон низомӣ ва шумораи бузурги техникаи ҳарбиро дар марзҳои кишвар бо манотиқи шимолии Ироқ мустақар кардааст ва мегӯяд, ки ҳар лаҳза метавонад ба амалиёти низомӣ алайҳи мусаллаҳони Ҳизби коргарони Курдистон шурӯъ кунад.

XS
SM
MD
LG