Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрикоиҳо Эронро бузургтарин хатар мегӯянд


Бино бар натиҷаҳои назарпурсии Бунёди Геллап мардуми Иёлоти Муттаҳида Эронро бузургтарин таҳдид барои суботи ҷаҳонӣ мешуморанд.

Дар ин феҳрист Чин пас аз Эрон дар мақоми дуввум ва худи Иёлоти Муттаҳида дар зинаи панҷум қарор гирифтааст.

Дар ин ҳамапурсӣ, ки аз 25 то 28 октябр ва дар миёни як ҳазор нафар амрикоӣ сурат гирифтааст, ин оморро мебинем, ки 35 дар сади мардум Эрон, 19 дар сад Чин, 10 дар сад Куриёи Шимолӣ ва 9 дар сад Ироқро бузургтарин таҳдид алайҳи суботи ҷаҳонӣ талаққӣ мекунанд.

Ҳашт дар сади назардодагон Амрико ва танҳо чаҳор дар сад Русияро таҳдид ба субот дар ҷаҳон номидаанд. Аммо дар миёни ду ҳизби умдаи Амрико, яъне Ҳизбҳои Демократ ва Ҷумҳурихоҳ ниме аз ҷумҳурихоҳон ва 26 дар сади демократҳо Эронро бузургтарин хатар унвон кардаанд. Чинро 18 дар сади ҷумҳурихоҳон ва 22 дар сади демократҳо хатари бузургтарин ба суботи ҷаҳонӣ медонистаанд.

Хабаргузории Франс Пресс бар асоси назархоҳии Геллап навиштааст, дар ҳоле ки бархе раҳбарони Амрико мегӯянд, эҳтимол дорад, Эрон ба хотири барномаҳои ҳастаиаш ҳадафи ҳамла қарор гирад ва таниш миёни Теҳрону Вашингтон авҷ мегирад, теъдоди бештари амрикоиҳо мегӯянд, ки ҷонибдори эъмоли таҳримоти сахттаре ба зидди Эрон ҳастанд. Аммо дар айни ҳол аксарияти онҳо мегӯянд, ба андозаи кофӣ аз вазъият огаҳӣ надоранд, то битавонанд дар мавриди таҳримот ибрози назар кунанд.

Дар робита ба таҳримоти наве, ки чанде пеш Амрико ба зидди Эрон эъмол кард, 34 дар сад гуфтаанд, ки ҷонибдори ин иқдоми кишварашон ҳастанд. Аммо дар мавриди интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, ки қарор аст, соли оянда дар Амрико баргузор шавад, ҳамаи назардодагон гуфтаанд, муҳимтарин нукоте, ки мехоҳанд аз номзадҳо бишнаванд, сиёсати онҳо дар қиболи ҷанги Ироқ ва ҳамчунин Эрон аст.

Хабаргузории Франс Пресс мегӯяд, бо таваҷҷӯҳ ба баёнияҳои раисҷумҳур Ҷорҷ Буш ва муовинаш Дик Чейнӣ, дар мавриди эҳтимоли ҳамла ба Эрон, масъалаи ин кишвар ба як нукоти аслии корзорҳои интихоботии Амрико табдил шудааст.

Бар асоси назарпурсии Бунёди Геллап, 87 дар сади онҳое, ки дар назархоҳӣ ширкат кардаанд, гуфтанд бисёр муҳим аст, то номзадҳо ҷузъиёти сиёсат ва назарашон дар мавриди Ироқро бигӯянд ва 80 дар сад ҳамин гуна назарро нисбат ба Эрон баён кардаанд.

XS
SM
MD
LG