«Ояндасоз» тасмим гирифтааст, робитаи худро бо хонандаҳо ва шунавандаҳояш бештару наздиктар кунад.
Аз ин ба баъд, ҳар рӯзи ҷумъа, дар «Ояндасоз» - қиссаҳо аз рӯзгори ҷавонони дур аз пойтахт дар деҳот ва манотиқи дурдаст.
Ин навбат барнома дар бораи ҷавонони ҷамоати Зидеҳи ноҳияи Варзоб, дар 70 километрии пойтахт хоҳад буд.
Зиддеҳ, дар миёнаи кӯҳҳои дараи Варзоб, дар доманаи ағбаи Анзоб ҷойгир аст. То ҳанӯз табиати ин диёр дастноёфта ва бойгариҳои кашфношуда дорад.
Зебоии табиати Зидеҳро дар фасли баҳор ва оғози тобистон мушоҳида кардан мумкин аст. Вале ҳоло баробари ворид шудан ба Зиддеҳ кас ин русторо пур аз чангу хок, сиёҳии ангишт, теппаҳои каҳ ва хонаҳои пасти сангини ғолибан бидуни ҳавлӣ дармеёбад.
Ҳарчанд сокинони Зидеҳ дар масофаи ҳамагӣ 70 километр аз пойтахт қарор дошта бошанд ҳам, аммо онҳо дар шароити душвор ва тоқатфарсои кӯҳсор ба сар мебаранд.
Зиндагии пиру барно дар Зидеҳ якранг аст. Субҳи аксари ҷавонони ин деҳ бо корҳои хоҷагӣ ва ё мардикорӣ шом мешавад. Ҳатто кӯдакон ҳам серкоранд ва то дери шаб ба корҳои вазнин ба монанди ҷамъоварии ҳезум ва каҳ аз кӯҳӯ адир, ҷамъоварии ангишт ва кашонидани обу нигоҳбини чорво машғул мешаванд. Вазъи зиндагии ин деҳаро аз симои зоҳирии сокинонаш зуд пай бурдан мумкин аст.
Ҳарчанд писарону духтарони Зидеҳ чун дигар ҷавонони Тоҷикистон табиатан зебоянду, бавижа, чашму абрӯвони зебо ва чеҳраи гарм доранд, зиндагии пурмашаққат ва боду ҳавои номусоид ба намуди зоҳирии онҳо сахт таъсир расонидааст. Дасту руйҳои кӯдакон ва ҷавонони Зидеҳ кафидаву ба гуфти сокинонаш ҳатто хуншор мешудаанд.
Ин буд маълумоти умумӣ дар бораи сокинон ва деҳаи Зидеҳ ва аммо барои шиносоии бештар бо зиндагии ҳамсолонамон барномаи моро бишунавед.
Ба гуфти омӯзгорон, ягона шуғле, ки ба рушди маънавии хонандагон мусоидат менамояд, таҳсил дар мактаб аст. Аммо онҳо нисбат ба муҳассилини шаҳр имконоти кам доранду аксаран бо иллати набуди барқ аз истифодаи фанновариҳои иттилоотӣ, ҳатто то бегоҳ аз тамошои телевизион маҳруманд ва кори зиёди хоҷагӣ ба душашон вогузор шудааст.
Бархе аз ҷавондухтарони Зидеҳ мегӯянд, касоне, ки зиндагии хубро орзу мекунанд, ба ҷавони чӯпон оиладор шуданро бартарӣ медиҳанд, аммо барои қисмати дигар марди орзуҳояшон ҷавони омӯзгор будааст бо вуҷуди он ки муаллим маоши кам мегирад. Вале духтарон мегӯянд, муаллим ҳамеша сару либоси озода ва галстук дорад.