Ҳисобро дар дақиқаи 12 Амирбек Саидов боз кардааст. Баъдан, Шодибек Ғафуров дар дақиқаҳои 81 ва 88 ду тӯби дигар вориди дарвозаи ҳамсолони бангладешии худ мекунад.
Бангладешиҳо танҳо дар дақоиқи иловашуда ба задани як тӯби ба истилоҳ «тасаллӣ» муваффақ шудаанд.
Ба ҳамин тариқ, наврасони Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Тоҳирҷон Мӯъминов дар гурӯҳи худ, гурӯҳи “D” пас аз Узбакистон ҷои дуввумро гирифта ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё миёни бозигарони зери 16-сола роҳхат гирифтанд.
Айни ҳол, мизбони сабқати ниҳоии ин бозиҳо таъин нашудааст.
Дар ҳоли ҳозир, тимҳои зер ба ин бозиҳо роҳхат гирифтаанд: Ирон ва Баҳрайн аз гурӯҳи “B”, Узбакистон ва Тоҷикистон аз гурӯҳи “D”, Чин ва Сингапур аз гурӯҳи “E”, Кореяи Шимолӣ ва Австралия аз гурӯҳи “G” ва Кореяи Ҷанубӣ аз гурӯҳи “H”.
Бозиҳо дар гурӯҳҳои “A”, “C”, ва “F” идома доранд.