Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳо ба қатли журналист Алишер Соҳибов


Журналист Алишер Соҳибов
Журналист Алишер Соҳибов

Pаёсатҷумҳурии Қирғизистон эълон кард, ки пажӯҳиши қатли журналисти саршинос Алишер Соҳибовро зери назaр хоҳад гирифт.

Дар расми дафни Алишер Соҳибов нимирӯзии 25-уми октябр издиҳоми бузурге ширкат кард. Тобути ӯро журналистон, ҳомиёни ҳуқуқи инсон бардоштанд. Одамони одии зиёде низ омада буданд, ки замоне аз ёрдамҳои Алишер истифода кардаанд.

Алишер Соҳибови 26-сола, сардабири ҳафтаномаи "Сиёсат" ва хабарнигори Садои Амрико, аз журналистоне буд, ки рӯйдодҳои хунини Андиҷонро дар соли 2005 бозтоб дода, сипас муддати тӯлонӣ ба таҳлилу баррасии онҳо пардохта буд. Вай рӯзи 24-уми октябр ҳангоме ки аз идорааш мебаромад, тирборон шуда, ба ҳалокат расид. Ягона шоҳиди маълуми ин қатл, таҳлилгари умури сиёсӣ ва коршиноси гурӯҳҳои мазҳабӣ, Иқбол Мирсаидов мегӯяд, тири аввал ба пои ӯ расид ва замоне ки ӯ афтод, ҳамлавар ба вай наздик омад ва ба сараш тир зад.

Мотамзадагони қатли Алишер Соҳибов
Соҳибов борҳо мавриди таҳдид қарор гирифта буд, Махсусан барои мақолаҳое, ки дар онҳо раҳбарони Узбакистон шадидан танқид шуда, ҳодисаҳои фасоду ришвати мақомоти расмии онҳо фош мегардид. Ахиран вай ҳамкории афзояндаи хадамоти махсуси Қирғизистон ва Узбакистонро таҳти танқид қарор дода, аз амалиёти озодонаи афсарони хадамоти махфии Узбакистон дар Қирғизистон навишта буд.

Куштори Алишер Соҳибов эъломияҳои тунди созмонҳои байнулмилалиро ба вуҷуд овард. Мудири радиои Садои Амрико Денфортс Оустин гуфт, "журналисти хушсалиқа нархи баланди иҷрои вазифаи худро пардохт.

XS
SM
MD
LG