Нашрияи русизабони "Азия-плюс" аҳволи имрӯзаи деҳқонони пахтачинро баҳо дода, менависад, ки дар Тоҷикистон мавсими меҳнати ғуломона идома дорад. Дар робита ба фаъолияти ширкатҳои фючерсӣ дар ноҳияҳои пахтапарвар, нашрия навиштааст, ки ин ширкатҳо баъди бастани шартнома бо хоҷагиҳои деҳқонӣ танҳо то 50 дар сади ӯҳдадориҳои худро иҷро мекунанд. Ҳафтанома менависад, ки деҳқонони тоҷик имрӯз чун ғуломи воқеӣ аз субҳ то шом пахта ҷамъ мекунанд ва ҳатто умеде ба беҳбуди вазъи зиндагии худ надоранд.
Ҳафтаномаи «Фараж» дар шумораи навбатии худ матлаберо дар робита ба суруди миллии Тоҷикистон чоп намуда, навиштааст, ки вақтҳои охир дар бораи иваз намудани суруди миллӣ ва оҳанги он баҳсҳо идома дорад. Ҳафтанома бо истинод ба сухани шоири тоҷик Муъмин Қаноат навиштааст, «суруди миллии имрӯзаи Тоҷикистон бояд як навъ ниёиш бошад, на марш. Вақте, ки гимни ҳозираи моро мешунавед, қадамзании аскарон ба ёд мерасад, ки ҷаҳон аз садои марш безор шудааст. Имрӯз воқеан зарурате ҳаст, ки суруди миллӣ дигар карда шавад».
Вазъи кудакони оворагарди шаҳри Душанберо нашрияи дигари русизабони кишвар «Вечерний Душанбе» мавзӯъи марказии худ интихоб кардааст. Нашрия натоиҷи як таҳқиқот дар ин мавридро оварда, навиштааст, имрӯз шумори кудакони оворагард дар пойтахти кишвар то ба 6 ҳазор нафар мерасад, ки аксаран ба мошиншӯӣ, боркашӣ ва ҳамчунин талбандагӣ машғуланд. Гуфта мешавад, 25 дар сади ин кӯдакон дар кӯчаҳо ба сар мебаранд.
Ҳафтаномаи «Миллат» зимни як матлаб таҳти унвони «Сарзамине, ки модаронаш роҳрӯбанд» дар бораи мушкилоти ҳаёти занони роҳрӯби шаҳри Душанбе нақл мекунад. Ба навиштаи ҳафтанома, занони роҳрӯб, ки аксаран солхурда мебошанд, ба ивази кори пурмашаққати худ 100 сомонӣ музди кор мегиранд, ки бо он метавон танҳо як халта орд харидорӣ кард.