Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарзи Тоҷикистон аз $1 миллиард гузашт


Қарзи умумии Тоҷикистон аз мамолики дигар дар аввали октябри соли равон ба 1 076 000 000 доллари ИМА расид, ки ба 30,5%-и ММД баробар аст.

Дар ин бора Шералӣ Сафаров, ҷонишини вазири молияи кишвар, дирӯз ба хабарнигорон хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, як соли пеш, дар санаи 1-уми октябри соли 2006 ин қарз $829 810 000-ро ташкил медод. Ӯ ёдовар шуд, ки қарздиҳандагони асосии Тоҷикистон ниҳодҳои молии байнулмилалӣ, аз ҷумла бонкҳои Исломӣ ва Осиёии рушд, мебошанд.

Ш. Сафаров ҳамчунин иттилоъ дод, ки гардиши тиҷорати берунаи кишвар бо дарназардошти нерӯи барқ ва гази $2,766 миллиардро ташкил намуд, ки аз ҳамин давраи соли гузашта 24% баландтар аст. Дар ҳамин ҳол, ба иттилоъи ҷонишини вазири молия, ҳиссаи содирот дар гардиши тиҷорати беруна дар 9 моҳи аввали солиравон ба $1,94 миллиард баробар шуда, воридот $1,672 миллиардро ташкил намуд.

Шералӣ Сафаров ҳамчунин гуфт, ки маоши миёна дар кишвар баробари 156 сомонӣ буд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 38 сомонӣ зиёдтар аст.

Дар робита ба буҷети имсола оқои Сафаров изҳор намуд, ки ба он дар 9 моҳ ҳудуди 2,67 миллиард сомонӣ ворид гардидааст (аз нақша 121 миллион сомонӣ бештар). Ба таъйиди ӯ, ин, қабл аз ҳама, тавассути интиқолоти молиётӣ ва гумрукӣ имконпазир гардидааст.

«Дар робита ба бахши масрафоти буҷа ҳаминро бояд гуфт, ки он, бо назардошти маблағҳои махсуси буҷаи давлатӣ ва лоиҳаҳои сармоявӣ, то ҳамин давра 96 дарсад иҷро шудааст» - ишора намуд Шералӣ Сафаров.

XS
SM
MD
LG