Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нарху навои дастнораси манозил дар Тоҷикистон


Чанд рӯзи пеш бо як коршинос сӯҳбате доштам ва тибқи маъмул, пиромуни мушкилоти зиндагиву масоили доғи рӯз табодули назар мекардем. «Ӯ гуфт, ки сатҳи зист дар кишварро аз рӯи таъмини аҳолии он бо манзил мешавад бо сурати мушаххас муайян кард.

Дар ҳамин ҳол, мабнӣ бар баёнияҳои расмии ҳукумати Тоҷикистон, феълан наздики 57 дарсади сокинони ин кишвар дар ҳоли фақр ба сар мебаранд. Ва аммо, ба гуфти ҳамсӯҳбатам, шумори бештар аз 57 дарсади аҳолии Тоҷикистон аз мушкили камбуди манзил азият мекашанд.

Воқиъан, мумкин аст, иддаои мусоҳиби мо, ба қавле, «ҷон» дошта бошад. Ба ёдам хонае дар ҳамсоягиамон расид, ки дар як манзили дуҳуҷраӣ се оила бо ҷамъи 16 нафар ба сар мебаранд. Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, ки феълан, тибқи омори расмӣ, дар он беш аз 700 000 нафар зиндагӣ мекунанд (ҳарчанд дар асл шумори бошандагонаш аз як миллион ҳам гузаштааст). Дар ҳамин ҳол шаҳрдории Душанбе мегӯяд, ки дар инҷо танҳо то як миллион нафар метавонанд зиндагӣ кунанд, на беш аз он. Шумори танҳо донишҷӯёни макотиби олии Душанбе беш аз 100 000 нафар унвон мешавад, дар ҳоле ки қариб тамоми ин макотиб аз камбуди хобгоҳҳо шикоят доранд. Ҳамзамон шуморе аз сокинони навоҳии гирду атрофи Душанбе дар фурӯшгоҳҳо, корхонаву муассисаҳои пойтахт кор мекунанд ва барои ҳамаи онҳо лозим аст, то шаби худро дар ҷое рӯз кунанд.

Ва шояд ин ҳама сабаб шуда бошад, ки қимати манзил дар ду-се соли ахир дар Душанбе ба таври бесобиқа боло рафтааст. Ба гуфтаи раҳбарони ширкатҳои манзилфурӯшӣ, арзиши ҳаттол манзилҳои якҳуҷраӣ дар биноҳои баландошёнаи хиёбонҳои наздик ба маркази Душанбе имрӯз ба 25-30 ҳазор доллари амрикоӣ расидааст.

Гуфта мешавад, ҳоло як манзили таъмирнадидаи дуҳуҷраӣ, барои мисол, дар ошёнаи сеюми бинои нуҳошёна, ба 50-55 ҳазор доллар савдо мешавад. Латофат Иброҳимова, раиси ожонсии миёнарави «Лаза», мегӯяд, арзиши хонаҳои заминӣ ҳам то имрӯз поён нарафтааст. Ба гуфтаи ӯ, бо нархи мавҷудаи манзилҳо дар шаҳри Душанбе мардуми одӣ имкони харидани манзили истиқоматиро надорад ва ба ҳамин сабаб донишҷӯён ва мардуми манзилнадошта иҷоранишиниро интихоб кардаанд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки дар баробари гароншавии баҳои манзилҳо арзиши манзили иҷоравӣ низ меафзояд. Миёнравҳо низ инро таъйид карда мегӯянд, ки имрӯз иҷораи манзил барои як моҳ аз 150 то ба 500 доллари амрикоӣ шудааст. Вале дар шамин ҳол Азизи Нақибзод, рӯзноманигори тоҷик, мегӯяд, ки афзоиши аҳолӣ ва талабот ба манзил дар баробари кам бунёд шудан ё аслан сохта нашудани манзилҳои истиқоматӣ боиси боло рафтани қимати манзил дар Душанбе шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ба болоравии нархи манзил дар кишвар як фармони раиси ҷумҳур низ сабаб шудааст.

Болоравии манзилҳо дар Душанбе ва навоҳиии атрофи он дар ҳолест, ки аз ҷониби ширкатҳои гуногун сохтмони манзилҳои нави замонавӣ идома дорад ва баъзеи он аллакай барои истифода дода шудаанд. Ин манзилҳо дорои куллияи шароити хуб барои ҳаёти хуби одамон мебошад, вале хариди чунин манзилҳо, ба андешаи коршиносон, барои аксар шаҳрвандони тоҷик ба наздикӣ даст нахоҳад дод.

Дар ҳамин ҳол дар шаҳрдории пойтахт мегӯяд, ки то ҷашни Наврӯзи оянда дар Душанбе 8 бинои нуҳошёнаи манзилӣ сохта ва ба истифода дода мешавад. Гуфта мешавад, ин хонаҳо барои сокинон қимати нисбатан дастрас хоҳанд дошт, дар ҳоле ки қимати ҳар як метри мураббаъи ин манозил то 400 доллари амрикоӣ баробар мешавад.

Дар ин сурат суъоли матраҳ ин хоҳад буд, ки оё ин хонаҳо эҳтиёҷоти аҳолии рӯз аз рӯз афзояндаи Душанберо бароварда месозад ё хайр.

Ва ин суол посух мехоҳад.

Дар Қӯрғонтеппа низ қимати манзил ба мисли пойтахти кишвар Душанбе дар ду соли ахир якбора боло рафт ва ҳоло манзили якҳуҷраӣ дар ин шаҳр на камтар аз 10 000 доллари амрикоӣ нарх доштааст.

Ва аммо сокинон ва коршиносони маҳаллӣ мегӯянд, болоравии нархи манзил дар маркази маъмурии устони Хатлон кори дасти ожонсиҳои рекламавӣ ва миёнаравон аст, ки ба таври сунъӣ баҳои хонаро гарон кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, дастандаркорони, ба истилоҳ, «бизнеси хона», бо харидани манзил бо қимати арзон ва таъмири зоҳирии он бо гузашти муддате ин хонаро бо қимати гарон ба фурӯш мегузоштаанд.

Тибқи арзёбиҳои тахминӣ, гурӯҳҳои манфиатдори хонаҷалоб аз ҳар як манзил, вобаста ба шароиту мавзеъи бунёдаш аз 1 000 то 12 000 доллари амрикоӣ суд мегирифтаанд.

Дар Хуҷанд тайи се соли ахир танҳо як бинои истиқоматии 16-манзилӣ бунёд мешавад ва мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ин манозил фақат баъди як сол ва танҳо барои афроди эҳтиёҷманд фурӯхта хоҳанд шуд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки феълан дар ин шаҳр беш аз 1 400 хонавода дар навбати гирифтани манзил ҳастанд.

Дар ҳамин ҳол дар саррофиҳои шаҳри Душанбе ва марказҳои маъмурии вилоятҳои Тоҷикистон асъори хориҷӣ аз як то се сомонӣ гаронтар аз қимати таъиншудаи Бонки миллӣ харидуфурӯш мешавад.

Тафсили ин мавзӯъро дар маҷаллаи "Дунёи иқтисод" гӯш бидиҳед

XS
SM
MD
LG