Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таронаҳои бадахшӣ дар Прага


 Лаҳзае аз филми "Бадахшон: Мусиқиву рақс дар кӯҳҳои Помир"
Лаҳзае аз филми "Бадахшон: Мусиқиву рақс дар кӯҳҳои Помир"

Дар шаҳри Прагаи Ҷумҳурии Чех ахиран як ҷашнвораи синамо таҳти унвони "Мусиқӣ дар филм ва филм дар мусиқӣ" баргузор шуд ва дар баробари даҳҳо филми амрикоиву аврупойӣ, намоишномаҳое роҷеъ ба мусиқии мардумии сокинони Тоҷикистон ва дигар қавму миллатҳои Осиёи Марказӣ намоиш дода шуд.

Филми "Бадахшон: Мусиқиву рақс дар кӯҳҳои Помир", сохтаи коргардони ӯзбакистонӣ Саодат Исмоилова, дар рӯзи нахустини фестивали Прага ба маърази тамошо гузошта шуд. Филм бар асоси сӯҳбатҳову ҳунарнамоиҳои овозхонҳои мардумӣ, фалаксароёни маъруфи бадахшӣ Соҳиба Давлатшоева, Олуча Алишоев, Мухтор Муборакқадамов, Ғуломшо Сафаров таҳия шудааст. Намоишномаи мазкур дар толори синамои ғайритиҷоратии "Светозор", воқеъ дар маркази Прага ба забони тоҷикӣ ва бо зерматнҳои англисиву чехӣ ба намоиш даромад.

Дар оғози филм овозхони саршинос Соҳиба Давлатшоева, ки дар Тоҷикистону хориҷ беҳтарин хонандаи таронаҳои ҷашниву маросимӣ шинохта мешавад, роҷеъ ба хусусиёти вижаи оҳангҳои миллии мардуми Бадахшон чунин иброз дошт, ки дар Бадахшон оҳангу мусиқӣ дар ҳама ҳолат садо медиҳад Дар ҳар хонае ҷашну хурсандӣ ҳамроҳ бо суруду мусиқӣ мегузарад ва ҳатто ҳангоми аз дунё гузаштани нафаре мардум маъюсиву ғамгинии худро бо мусиқии махсус баён мекунанд. Умуман дар Бадахшон сурудҳои мардумӣ, ба мисли фалак, лалаик, даргилик ва ғайра хеле маъмуланд.

Коргардон Саодат Исмоилова хати сужаи намоишномаи худро бар асоси нақлҳои овозхонҳо ва донишмандони бадахшии оҳанги мардумӣ созмон додааст. Ҷонбоз Чоршанбиев, як донишманди мусиқӣ дар ин филм, мегӯяд, овозхонҳои мардумии Бадахшон аксаран ашъори шоирони классик ба мисли Ҳофизи Шерозӣ, Саъдии Шерозӣ, Шамси Табрезӣ ва Носири Хусравро месароянд, ки дар бораи фалсафа ва панду насиҳатанд. Вай меафзояд, ки дар оҳангҳои овозхонҳои бадахшӣ ашъори лирикиву мазҳабӣ мавқеи хосса доранд ва тарзи иҷрои ин оҳангҳо тавассути асбобҳои миллӣ, мисли ғижжаку сетору даф, хеле ҷаззоб садо медиҳад.

Ба таъкиди тамошобинони намоишномаи мазкур, сӯҳбатҳои ҳунармандони имрӯзаи Бадахшон дар канори кӯҳҳои осмонбӯс, наворҳо аз маросимҳои арӯсиву сур ва намунаҳо аз оинҳои вижаи ин мардум дар чашми тамошобинони хориҷӣ рӯҳияи то ҳол камошнои ин мардуми қадимаи тоҷикиро муаррифӣ намуд.

Эва Пошта, як тамошобини ин филм дар толори синамои "Светозор", дар лаҳзаҳои баъди анҷоми он иброз дошт, ки замоне дар Югославия, як кишвари кӯҳӣ, зиндагӣ кардааст ва манзараҳои зебои филм дар бораи Бадахшон хотираҳои хубашро бедор кардааст. Ба гуфтаи ӯ, шеваи иҷрои таронаҳои тоҷикӣ барояш то андозае фарҳанг мардуми Албанияро ба ёд меорад.

Дар толори синамо, ки танҳо нафарони алоқамандро гирди ҳам оварда буд, як зани нобино ҳамроҳ бо модараш менишаст ва худро Яна Моравцева муаррифӣ кард, роҷеъ ба оҳангҳои бадахшии шунидааш гуфт, оҳангҳои тоҷикӣ барояш хеле ҷолиб ва ғайриоддӣ буд. Ба гуфтаи ӯ, аз оҳангҳои Бадахшон бӯи кӯҳҳову муҳити зебои табиат меояд, ки барояш ҳамакнун саҳифаи тозаро дар фарҳанги миллии тоҷикӣ боз мекунад.

Ҷашнвораи чаҳоруми филмҳо таҳти унвони "Мусиқӣ дар филм ва филм дар мусиқӣ" бо талошҳои созмони ҷамъиятии MOFFOM, воқеъ дар Прага, як ҳафта идома кард ва дар ин муддат, ҳудудан 60 намоишномаи мустанад ва таҷрибавӣ аз саросари ҷаҳон намоиш дода шуд.

XS
SM
MD
LG