Генерал Абдулраҳим Вардак дар шаҳри Вашингтон баъди мулоқот бо Роберт Гейтс, вазири дифоъи Амрико ҳамчунин гуфт, дар сурате, ки кӯмакҳои изофӣ ва аслиҳаи хубтар дар ихтиёри низомиёни афғон гузошта шавад, бешубҳа онҳо ба муваффақиятҳои бештаре ноил хоҳанд шуд. Хабаргузории Ройтерс дар як гузорише навиштааст, бо вуҷуди сипарӣ шудани шаш соли ҷанг дар Афғонистон, Толибон дар соли 2006 милодӣ нерӯмандтар шуда ва ҳамалот ба нерӯҳои маҳаллӣ Амрико ва қувваҳои НАТО-ро афзоиш доданд. Абдураҳим Вардак баъд аз суқути Толибон ду соли гузаштаро мушкилтарин солҳо хонд ва гуфт, душман акнун бо воҳидҳои кучак, вале дар миқёсҳои васеътар бо истифода аз маводи мунфаҷира ва бомбгузориҳои интиҳорӣ амал мекунад. Ҳамалот дар Афғонистон дар ҳоле афзоиш ёфтааст, ки фармондеҳони Паймони Атлантики Шимолӣ аз камбуди сарбоз, чархболу таҷҳизоти мухталифи низомӣ барои ҷанг алайҳи пайкорҷӯён шикоят доранд. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки қувваҳои худ дар Афғонистонро имсол бо сарбозони бештар ва таҷҳизоти низомӣ тақвият дод, чандин дафъа ҳампаймонҳои аврупоии худро танқид кардааст, ки майли фиристодани нерӯву кумакҳои бештар ба Афғонистонро надоранд. Интизор меравад, ки ин ҳафта вазирони дифоъи кишварҳои узви Паймони Атлантики Шимолӣ дар Ҳолланд ҷамъ меоянд ва дар он Роберт Гейтс вазири дифоъи Амрико дигарбора аз ҳамтоёни аврупоиаш хоҳад, хост, ки тааҳудоти супурдаи худ ба Афғонистонро иҷро кунанд. Як мақоми олирутбаи дигари амрикоӣ генерал Роберт Кон мегӯяд, ҷиҳати омӯзиши сарбозони афғон ба тимҳои иловагии омӯзишӣ ниёз аст, то ки теъдоди сарбозони артиши миллии Афғонистон аз 50 ҳазор то ба 70 ҳазор нафар расонида шавад. Ба гуфтаи Роберт Кон, феълан 22 тими омӯзишӣ сарбозони афғонро тамрин медиҳанд. Масъулони амниятии амрикоӣ мегӯянд, дар Афғонистон аз соли 2003 ба ин тараф ҳамалот дар чаҳор бахш афзоиш ёфтааст, аз ҷумла ҳамалот бо аслиҳаи сабук, бо хунпораандозҳо, бомгузориҳои интиҳорӣ ва истифода аз дастгоҳҳои тарканда. Пештар аз ин фармондеҳи нерӯҳои НАТО дар Афғонистон гуфт, онҳо аз интиқоли бомбҳои пешрафтае ҷилавгирӣ кардаанд, ки тавлиди Ирон ҳастанд ва зоҳиран низомиёни Ирон аз ин чиз бохабар ҳастанд. Вале вазири умури хориҷаи Афғонистон Рангин Додфар Спанто гуфт, ҳеҷ далеле дар даст нест, ки дар интиқоли дастгоҳҳои пешрафтаи мунфаҷира ба Афғонистон ҳукумати Ирон даст дошта бошад. Ҳукумати Ирон низ иддаъоҳо доир ба интиқоли силоҳ ба Толибонро рад мекунад.
Вазири дифоъи Афғонистон Абдураҳим Вардак хостори таҷҳизоту пули бештар барои ҷанг алайҳи Толибон шуд, ки ба ҳамалоту харобкориҳоро дар Афғонистон афзоиш додаанд. Вай гуфт, ҳамалоти интиҳории ҷангҷӯёни ин гурӯҳ дар муқоиса ба соли гузашта 50 фисад афзоиш ёфтааст, вале низомиёни Афғонистон бо силоҳу муҳимоти ҷангии қадимӣ дар муқобила бо Толибон ба муввафақиётҳои чашмгир ноил шудаанд.