Аз ин номгӯи вакилон, дар ҳоли интихоб шуданашон, бюрои сиёсии кумита баргузида хоҳад шуд ва бюро раҳбари ҳизб, яъне мамлакатро муайян хоҳад кард. Биноан, таркиби номгӯи пешниҳодшуд баёнгари дараҷаи нуфузи раҳбари феълии Чин Ҳу Ҷинтао шумурда мешавад. Вай аз конгресси гузашта то ҳоло кишварро сарварӣ мекунад ва гуфта мешавад, ҳайъати кумитаи марказӣ аз тарафдоронаш иборат буда, ӯро дигарбора ба мақоми раҳбарӣ ҷобаҷо хоҳад кард. Сарвазир ҳам маълум аст ва гуфта мешавад, Вен Ҷябао иҷрои ин вазифаро идома хоҳад дод. Эҳтимол меравад, ки интихобот то охири ин ҳафта барпо шавад.
Ба андозаи зиёд тартиби кор низоми ба истилоҳ марказиятдории демократии иттиҳоди шӯравиро, ки акнун ба гузаштаи дури таърихӣ табдил ёфтааст, ба хотир меорад. Ва аммо он гуна ки дар охирин солҳои раҳбарии Леонид Брежнев ба вуқӯъ пайваста буд, имрӯз дар Чин камубеш ба насли нави сиёсатмадорон таваҷҷӯҳ медиҳанд ва тахмин меравад, онҳое, ки ахиран ба узвияти кумитаи марказии ҳизб ворид гаштанд, раҳбарони ояндаи кишвар хоҳанд буд.
Бо вуҷуди ин, Ҷинтао бояд ба "истироҳати фахрӣ" фиристодани ноиби президент Дзенг Қингҳонгро, ки ба горди кӯҳнаи Дзянг Дземин пайванд дорад, таъмин кунад. Дзенг дар паси парда ҷойнишини эҳтиётии Ҷинтао, дар ҳол лағжидани ӯ ба шумор мерафт. Вале Ҷинтао то ҳол тавонистааст, бо барномаи "ҷомеаи ботавозун" қудрати худро таҳким бахшад ва роҳи пешниниёнро идома диҳад. Ва агар вай тавонад, раҳбарии конгрессро дар қабза бигирад, мумкин аст, ба дигаргуниҳои ҷиддии сиёсӣ даст бизанад. Онгуна ки ҳарчанд дар толори бузург наммояндагони ҳизб бо ҳамон сарулибоси расмӣ ва айнакҳои аз андоза бузург нишастаанд, дар берун мардум бо майкаҳои рангорангу зернависдор ва мӯйҳои гелзада ҷаҳони хориҷиро канор мегиранд.