Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Андешаҳои моҳи парҳезгорӣ


Голосование в Сан-Франциско
Голосование в Сан-Франциско

Як шахси рамазонӣ гуфт, ин шояд ягона давраест, ки кас метавонад, бо вуҷуди ташнагӣ ба обнӯшии дигарон бетафовут нигоҳ кунад.

Барои Тоҷикистон, ки ҳанӯз чанд наслаш аз мероси атеизми шӯравӣ пурра раҳо наёфтааст, моҳи Рамазон ҳар сол як зинаи дигари бозгашт ба ислом шумурда мешавад. Аммо ҳамзамон бо равандҳои ҷаҳонӣ шудани зиндагӣ гудози алами динбохтагӣ ва зиёдаравию зиёдаталабии якбора худ ба худ мӯътадилтар мешаванд. Агар чанд сол пеш дар моҳи Рамазон ҳама ба ҳамдигар мутаваҷҷеҳ буданд, ки оё рӯза гирифтааст ё на, имсол ин таваҷҷӯҳ камтар аст. Агар чанд сол пеш баъзе аз чойхонаву ошхонаҳо дар моҳи Рамазон баста мешуд, имсол аксарияти онҳо боз буд ва мардум дар нимарӯзи Рамазон дар чойхонаи "Роҳат" дар маркази Душанбе, масалан, кабоб ва ё лағмонро нӯши ҷон мекард. Дин ҳарчӣ бештар ба кори хусусии инсонҳо табдил меёбад.

Дар сатҳи ҷаҳонӣ низ имсол Рамазон бо ду масъала рӯбарӯ гардид. Аввал, Рамазон ва фанновариҳои нави иттилоотӣ. Баҳс ин ҷост, ки, масалан, дар Эрон мегӯянд, ҳилоли моҳ бояд бо чашм дида шавад. Вале бархе аз кишварҳои дигар гаҳшумории дақиқи астрономӣ ва дурбинҳои кайҳоннигарро бартарӣ доданд. Ин баҳс сабаб гаштааст, ки рӯҳониён ба ақибнигар ва пешнигар қисмат шаванд. Биноан ҳамоно оғози Рамазон дар ҳар кишвар ё минтақаи ҷуғрофӣ гуногун боқӣ мемонад. Пешниҳоде шуд, ки ҳамаи кишварҳо ба Арабистони Саъудӣ ҳамоҳанг шаванд, лек ихтилофоти мазҳабию сиёсию фарҳангӣ ба ёдҳо расид ва касе ба пешниҳод гӯш надод.

Оё ба худ атр ва ба мӯй гел задан рӯзаро мешиканад?
Масъалаи дигари Рамазони имсол ба истифодаи дорувор бастагӣ дошт. Бархе аз рӯҳониёни ислом дар Аврупо ба мусулмонони бемор, ки фосилаи тӯлонии миёни доругирии онҳо метавонад, хатарнок бошад, фатво доданд, ки ё аз дорувор истифода кунанд ва ё рӯза нагиранд. Чунончи, ба пурсиши як зани мусулмон, имоми яке аз масҷидҳои Порис дар барномаи радиои Беюр FM гуфт, дорувор ғизо нест ва метавонад истисно бошад. Вай ҳамчунин гуфт, ба тани худ атр ва ё ба мӯйҳо гел задан рӯзаро намешиканад.

Аз сӯи дигар дар ҳоле ки бархе аз рӯҳониён ҳатто ҳарфи бад ё дашномро дар моҳи Рамазон ихлоле ба рӯза мешуморанд, дар Ироқ хушунатҳои байни шиъаву суннӣ идома дорад ва дар Покистон хунинтарин даргириҳо садҳо куштаву захмӣ ба ҷой гузошт. Дар Афғонистон маҳбусони маҳкумшуда ба эъдом кушта шуданд, дар Тоҷикистон бархе аз масҷидҳо баста ё тахриб шудаву наврасон аз рафтан ба масҷид маҳрум гаштанд. Вале нависандагони зиёде ба як нукта ишора кардаанд, ки моҳи Рамазон бо баҳсу ихтилофи рӯзи оғозаш шурӯъ мешавад, дар тӯли моҳ ин кашокашҳо фаромӯш мегарданд ва дар Иди Фитр инсонҳо ба тафоҳум бармегарданд. Зеро дар Рамазон мебинанд, ки ба инсон на хӯроки зиёде даркор будааст, на шукӯҳу ҷалол, на хобу роҳат, балки ишқ ба худованд, ишқ ба инсонҳо, ёдбуди гузаштагон, омурзиш ва саховат, ҳилм ва дуои нек.

Вале шояд ончӣ баъд аз Рамазон иттифоқ меафтад, муҳимтар аз ҳама чизи дигар аст, ки оё Рамазон то куҷо инсонро тағйир медиҳад ва зина ба самти поён аст ё боло...

XS
SM
MD
LG