Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси созмони «Мушфиқи маъюбон»


Анвар Мӯсоев (чап), муъовин ва Бахтиёр Эргашев (рост) раиси созмони навтаъиси "Мушфиқи маъюбон"
Анвар Мӯсоев (чап), муъовин ва Бахтиёр Эргашев (рост) раиси созмони навтаъиси "Мушфиқи маъюбон"

Вазорати адлияи Тоҷикистон созмони ҷамъиятии «Мушфиқи маъюбон»-ро тоза сабтином кард.

Бахтиёр Эргашев, раиси ин созмон, мегӯяд, ки то имрӯз 500 нафар аз афроди маълулро гирди ин созмон ҷамъ овардааст ва ҳадафи аслии созмон мусоидат дар коҳиши мизони нодориву бекорӣ миёни маълулон ва ҳифзи сиҳҳати онҳо будааст.

Тибқи омори расмӣ, феълан шумори маълулон дар Тоҷикистон ба 150 000 нафар расидааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки қабл аз низоъҳои ҳамватанӣ дар ин кишвар ин рақам ба 75 000 баробар будааст. Ба гуфтаи Б. Эргашев, дар ҳоли ҳозир ағлаби маълулон шуғле надоранд ва ночор даст ба гадоӣ мезананд. Вале дар ҳамин ҳол ӯ тарҳҳои мушаххасе ҷиҳати коҳиши мизони бекорӣ миёни маълулон доштааст: «Агар мақомот ба мо кумак кунанд, мо метавонем, масалан, маълулонро дар таксофонҳои канори кӯчаву хиёбонҳо кор бидиҳем, мешавад, бо истифода аз нерӯи занони маълул, барои ташкилоту муассисаҳои давлативу ҷамъиятӣ либосҳои корӣ таҳия кард. Бояд бигӯям, ки тақрибан 25 дарсади маълулон дорои маълумоти олӣ ва зеҳни қавиянд ва метавонанд корҳои зиёди некеро анҷом диҳанд».

Созмони ҷамъиятии «Мушфиқи маъюбон» ягона созмони вижаи маълулон дар Тоҷикистон нест. Феълан Иттиҳодияи миллии маъюбон, созмонҳои кару гунгҳо ва нобиноён, ташкилоти махсуси маълулон мавсум ба «Дилсӯз» дар қаламрави Тоҷикистон фаъолият мебаранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки, ба гуфтаи худи маълулон, фаъолияти ин созмонҳо муассир нест ва дар раслнидани кумакҳои иҷтимоъӣ ва ҳатто равонии ниёзмандон кори назаррасе наметавонанд анҷом диҳанд.

Ҳамзамон аксар аз афроди маълули кишвар хостори барқарор кардани кулли имтиёзотеанд, ки давлат онҳоро маҳрум кардааст. Феълан афроди маълул вобаста ба дараҷаҳои маъюбиашон имтиёз доранд, ки дар манзилашон хатти телефон насб кунанд, аз нақлиёти ҷамъиятӣ ройгон истифода баранд ва бо пардохти 50 дарсади маблағ хонаашонро хусусӣ гардонанд.

Дар ҳамин ҳол нафақаи миёнаи маълулон дар Тоҷикистон ҳамагӣ 30 сомонӣ (муодили 8,5 доллари амрикоӣ) мебошад.

XS
SM
MD
LG