Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Женева ҷавонони ҷаҳонро гирд овардааст


Дар Женева тайи се рӯзи оянда садҳо ҷавони 18 то 28-сола аз саросари олам дар мавзӯи фанноварии иттилоотӣ радду бадал хоҳанд кард. Дар ин нишаст масоили истифодаи фанновариҳои мухобиротӣ, тадбиқи он дар соҳоти иҷтимоиву сиёсӣ, мусоидати ин фанновариҳо барои рушди вазъи духтарону занон баҳсу баррасӣ хоҳад шуд. Нишасти мазкур бо талоши як идда ташаккулу созмонҳои байналмилалии мухобиротӣ, мисли Global alliance for ICT ва СММ ташкил ва то 26 сентябр иидома хоҳад кард. Дар оғози нишаст аз ҳозирин пурсида шуд, интизороти онҳо аз ҳамоиши мазкур чист. Бубинед, ин ҷавонҳо чӣ мегӯянд:

"Номи ман Ида Ҳарина, ман аз Малайзия ҳастам. Интизороти ман ин аст, ки бифаҳмам, оё вазъи истифода ва тадбиқи фанноварии иттилоотӣ дар кишварҳои мухталиф дар кадом поя қарор дорад ва аз ҷавонҳои дигар биомӯзам, ки онҳо оё ин фанновариро дар таҷрибаи худ чӣ гуна истифода мекунанд."

"Ман Набил ҳастам аз созмони марбут ба шабакаи маърифатӣ. Ин ҷо ҳастам то ба ҳамсолонам роҷеъ ба истифодаи фанноварии мухобиротӣ дар миёни ҷавонон маълумот диҳам. Инчунин мехоҳам ба дигарҳо роҳҳои истифодаи ин фанновариро барои рушд ва сиҳҳатии омма намоиш диҳам"

"Ман Катя аз Русия ҳастам ва аз барномаи Ҳазорсола намояндагӣ мекунам. Аз назари ман, ҳамаи мо ин ҷо ба хотири он ҷамъ омадем, ки роҷеъ ба беҳбудёбии ҷомеаи худ андеша кунем. Мо бояд дарк кунем, ки иттилоот дар ҷомеаҳои мо дар ҳоли рушд аст. Мо мушкилоти мухталиф дорем ва ба дарки онҳо меравем, ва ҳадафи мо ин аст, ки роҳи ҳалли ин мушкилотро пайдо карда ба хотири беҳбудёбии ин ҷаҳон талош ба харҷ диҳем"


Фанноварии иттилоотӣ, аз рӯи тавзеҳи Анҷумани фанноварии иттилоти Амрико, ба мутолеа, тарроҳӣ тавсеа, пиёдасозӣ ва мудирияти системаҳои иттилотии комюпетрҳо, хусусан барномаҳои нармафзорҳо вобаста мебошад. Ба таври мухтасар гуфта мешавад, ки фанноварии иттилоотӣ бо масоили монанди истифода аз роёнаҳои электронӣ ва нармафзорҳо сару кор дорад ва инчунин табдилу захира, ҳифозат, пардозиш, интиқол ва бозёбии иттилотро ба шакли амн анҷом медиҳад.

Яке аз масъулин дар мулоқоташ бо ширкатдорони ҳамоиш гуфт, ки аз нигоҳи ӯ ҷавонон бояд дар ин нишаст фаълона иштирок карда ба ду масъала таваҷҷӯҳи хосса зоҳир кунанд:

"Мо ба ду масъалае нигоҳ мекунем, ки саҳми шумо дар он муҳим аст: қабл аз ҳама шумо бояд фаъолона дар тасмимгириҳо ширкат кунед, то ки донед, ки кор бояд чӣ гуна анҷом гирад. Дуюм, дар баробари пешниҳоди барномаҳои вижаву нақшаҳои худ, шумо бояд роҳҳои анҷоми ин барномаҳоро ҳам бигӯед, ки дар чанд рӯзи дигар баррасӣ кунем"

Дар ҳамоиши мазкур дар канори як идда меҳмонони баландпоя, мисли ҳамсари раиси ҷумҳурии Миср Сюзан Муборак, вазири мухобирони Озарбойҷон Алӣ Аббосов, вазири умури ҷавонони Малайзия Датук Отман, дабири кулли Иттиҳодияи байналмилалии телекоммукикатсионӣ Ҳамадун Туре, инчунин намояндаҳои чандин ширкатҳои бонуфузи мухобиротӣ иштирок мекунанд, мисли Alcatel-Lucent, Cisco, Ericsson, Google, Microsoft ва дигарҳо.
XS
SM
MD
LG