Дар бастагӣ ба мавзӯъ
Ҳукумат боядАртиши миллиро дар асоси талаботи имрӯза ба роҳ монад ва ё баталёни пурқудрати ПАХТАЧИНро созмон диҳад.
Сатурн.
--------------------------------------
Салом ба ҳаводорони сомонаи Радиои Озодӣ.
Хидмат намудан дар сафи қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ қарзи ҳар ҷавонмарди бо ору номус аст.
Вале низоме, ки ҳамакнун аз ҷониби вазорати маорифи ҷумҳурӣ дар қисмҳои ҳарбӣ
роҳандозӣ шуда истодаааст, боиси сарпечиву фирори ҷавонон аз хидмати ҳарбӣ мебошад. Манзурам шароити бади хобгоҳу тақсими ноодилонаи маводди хӯрокаву пӯшока ба сарбозон аз ҷониби масъулин мебошад.
Омили дигар ин авҷ гирифтани маҳалгароӣ дар миёни сарбозон мебошад, ки боиси таассуф аст. Шахсони соҳибмансаби қисмҳои ҳарбӣ, аз қабили командиру лейтенанту дигарон, низ ба ин маризӣ гирифтор мебошад. Яъне дар кадом қисми ҳарбие, ки нуфузи ашхоси як минтақа зиёд бошад, ба истилоҳ, «власт» дар дасти онҳост ва ингуна ашхосро ба осонӣ наметавон шиканҷа дод, чаро ки зӯри мушт аз ваҳдати ангуштҳо ояд бурун. Ва вой бар ҳоли онҳое, ки тани танҳоанд.
Дар ин маврид онҳое, ки ҷисман бузургу китфу бозуи таҳамтанона доранд, истисноанд. То он даме, ки карамшӯрбову мӯзашӯрбо аз миён наравад, хидмат хуб нахоҳад шуд!!
Бо эҳтиром, Ҷелон.
--------------------------------------
Bo arzi salom
Voqian, Tojikiston tae chand soli guzashta va oyanda niz zamistoni xunuk va jodahoe xoma va shabhoi toriki besveti mardumi ommaro dar sole yak marotiba nigaron mekunad.
Hamchunon Javononi mo boshand,dar yk sol 2 martaba az tarsu harosi ABLAVAI nihodhoi hukumati nigaron meshavand.
Inak, on ruzi saxti va nigaron kunandai javonon dorad faro merasadu javonone,ki az zeri soyai Chatr,yo xud Zontik-i taghoi va mansabdoron dur aftodaand,shabhoi darozi zamistoni xunuk xudro az bistarhoi narmu garmi doxili xona dar joihoe chashmnoras begonagon shabro ruz mekunad.
Dar kishvarhoi digar javonon xudashon bo xoishu darxosti xud ba maqomoti nizomi on kishvar mepardozand. Lokin, mutaasifona, dar kishvari mo hamai javonon majburan ba safhoi nizomi burda meshavand.
Man namedonam, charo yk bor volomansaboni mo dar justu jui illati on nameshavand?! Onchize, ki banda didamu shunidam askarbachahoi mo dar xonaho va zaminhoi gallai kamandirhoi mo ijboran ba xidmadgori burda meshavand ba onho daru xona va zamin obod mekunand, na in ki vatanro obod kunand.
Bovar kuned dar zamoni shuravi artish ba obod kardani shahrho mepardoxtand. Na,in,ki tanho dar kishvarhoi mushtarkul manofi, bal, ki dar kishvarhoi digar artish dar sohae energy va iqtisodi on kishvar joygohi mushaxse dorad. Az jumla, imruzho bozorho va maghozahoi Tojikiston hama pur az Simenti Favji Pokiston shudaast.
Fikr mekunam, ki agar dar voqi sharoiti zistu va hifzi salomati paygohhoi nizomi mo ba nazari jiddi girifta shavand har yk shahvandi Tojikiston bo xoishi xesh bo safi artish meshitoband. Hamchunon, agar dar safi artishi mo axloqu barodari va barobari rioya shavad, fikr mekunam hamae inho moiyai jalbi javonon xohad gasht.
Bo ehtirom : B. Musofir.
-----------------------------------
Кадом гапи ин ҳукумат рост буд, ки ин гапашон боз рост? Ранг бину ҳол пурс, мегӯянд.
Аҳволи халқро бинеду ана акнун тасаввур кунед, ки сарбозон чи ҳол доранд. Сарбоз ду сол хизмат мекунад. Донишҷӯён ҳамагӣ чанд рӯз дар саҳро пахтачинӣ мекунаду дар ҳамин чанд рӯз ба гиря меоянд, офарини сарбоз дар ин ду сол! Хӯрокашон фақат каду ва макарон аст. Додари ман хизмат карда омад, гуфт, ака, агар тавонӣ, барои писарат билети ҳарбиро бихару лекин ӯро ҳамин армияи Тоҷикистон равон накун.
Ман ин гапро аз додари худам шунидам, наход бовар накунам?
--------------------------------------
Ба наздикӣ ман 18-сола мешавам. Акнун мегӯянд, ки ман бояд қарзи худро дар назди ВАТАН адо кунам, яъне рафта 2 сол хизмати аскарӣ намоям.
Лекин ман худро дар назди Ватан қарздор ҳисоб намекунам, чунки Ватан, яъне давлату ҳукумат,
Аз ҳамон рӯзи таваллудам то ҳозир ба ман ягон тин надодааст, ҳатто барои шаҳодатномаи таваллуд падарам пул додааст.
Дар мактаби миёна доим аз ман пул мегирифтанд. Касал мешудам, барои табобат духтурон аз ман пул мегирифтанд - бе пул, мурӣ ҳам, табобат намекунанд, инро ҳама медонанд.
Барои ҳамин мегӯям, ки чаро ман қарздор будаам? Қарздор нестам, балки ин ҳукумату Ватан аз ман ҳазорҳо сомонӣ аз ман қарздор аст, на ман аз онҳо. Ё барои ҳамин ба дунё омаданам қарздор шудам?
Чарои бачаҳои хӯҷаинҳо қарздор нестанд?!!!!!!!
Бо салом, Саидҷалол, ш. Қурғонтеппа.
--------------------------------------
Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё такрориву беш аз андоза дарозанд ва ё бо мақсади таблиғ ирсол шудаанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Лутфан, агар имкон ҳаст, бо ҳуруфи тоҷикии сириллик бинависед, то номаи Шумо зудтар ба нашр расад. Номаҳо бо имзои мустаор на лузуман қобили нашр хоҳанд буд. Зимнан, ҳеч назаре дар Майдони баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.