Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Тоҷикистон


Салому алайкум!

Ман ҳамин кадар пешниход карданиям ба Порлумони Ҷумҳурӣ, ки одилона кор кунанд.

Дар ҳадисҳо омадааст, ки, масъулон, шумо нигоҳкунандаи раият хастед; рӯзи қиёмат Худо шуморо аз амалоҳоятон мепурсад,аз Худо тарседу ба мардум хизмат кунед .
Эҳсон.
--------------------------------------

Hamin qadar basanda ast, ki aksari qarorhoi ba tasvib merasondai parlumon xilofi `Sarqonun` meboshand
Bahman
----------------------------------

Салому паём ба мардуми сарсахти аз парлумон безор.

Албатта, ман низ чун дигарон аз парлумони Тоҷикистон ба ҷуз мубориза зидди дини Ислом ва иваз кардани қонунҳои Ҳукумат дигар чизеро интизор нестам. Онхо фақат дар фикри ишками хеш ҳастанд қадри халқи одӣ барои онҳо аз хоки роҳ дида арзонтар аст.

Агар мо барои ояндаи хеш ва миллат хуни дили худро хӯрем, онхо барои ояндаи худ ва фарзандони худ хуни мардуми одиро мехҳранду бас...

Паноҳатон ба Парвардигори карим. Аз Аллох бароятон тавфиқ ва инсоф мехоҳам бошад.
Бо эҳтиром, Бенишон.
-----------------------------------------------

Салом ба кормандони родиюи Озодӣ.

Офарин бар вакилони мардумии парлумони ҶТ! Умед дорам, ки баъди истироҳати тӯлонӣ боз ба кори худ ҷиддитар шурӯъ намоянд ва ба ҷои айнан рӯнавис кардани қонунҳое, ки Думаи ФР бо заҳамоти зиёд қабул мекунад, ва ба чои ФР – ҶТ менависанду бо як сарҷунбониву кафкӯби онҳоро ҳамчун қонуни ҶТ қабул мекунанд.

Ман аз вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки аз ёд набароранд: онҳоро мардум интихоб намудааст (агар чунин бошад) ва хубтар мешуд худашон мағз об кардаву қонунҳои муносиб ба авзоъи кунунии ҶТ таҳия, баррасӣ ва қабул намоянд. Агар чунин набошад, пас чи тавақӯъ метавон дошт?!

Фарорудӣ.
----------------------------------------------

Саломҳои гарму ҷӯшон ба ҳама!

Як нафар, ки ному насабашро наовардааст, чунин навиштааст: «Аҷабам меояд аз ин мардум, ки танҳо танқидро медонанд. Бародарон! Агар худи шуморо ҳамин рӯз вакили порлумон бигиранд, мутмаинан мешавад гуфт, ки на беҳтар аз инҳо кор хоҳед кард».

Дар ҷавоби вай ман гуфтаниям, ки ин мақоли русҳо ба ӯ сад фоиз рост меояд: «Каждый думает (рассуждает) в мере своей испорченности».

Бародари беном! Шумо дар бораи худатон мутмаинан гап занед, на дар бораи дигарон! Чунки шумо фикр мекунед, ки ҳама мисли худатон ҳастанд ва, агар вакили порлумон шаванд, ҳатман монанди депутатҳои ҳозира мешаванд. Ин фикри шумо беасос ва хато аст.

Масалан, ман ҳеч гоҳ ин хел нахоҳам буд! Зеро ман инсонам ва фарзанди инсону ин марзубум, яъне ВАТАН. Ва ҳеч гоҳ ба мардуми худ хиёнат нахоҳам кард, махсусан вақте ки онҳо фаразан ба ман дар интихобот раъй дода бошанд. Агар манро мардум (на президент) интихоб карда бошад, ман ба мардум хизмат мекунам, на ба шахси алоҳида ё мафияи алоҳида.

Шумо шояд ин чизро нафаҳмед. Ба фикрам, шумо ва шумо баринҳо аслан намедонед, ки шараф чисту Ватану Миллат!!! Ватану миллату виҷдони шумобаринҳо Нафсу Ишкаматон мебошад.

Хафа нашавед, инсон шудан даркор, на одамак ё гӯспанд!

Ҳаволатон ба Худо.

Комилҷони тоҷикистонӣ.
----------------------------------------------

Салом ба хама "озодагон"!!!
Ман вакили худро намедонам, ки кист. Зеро боре хам нашунидаам, ки у вохурие гузаронда бошад. Ба ман номи уро бигуед, то ман гуям, ки кор мекунанд онхо ва ё не? Ман истикоматкунандаи нохияи Синои ш. Душанбеам.
-------------------------------------


Ачабам меояд аз ин мардум, ки танхо танкидро медонанд. Бародарон! Агар худи шуморо хамин руз вакили порлумон бигиранд, мутмаинан мешавад гуфт, ки на бехтар аз инхо кор хохед кард.
------------------------------------------


Дуруд бар "Озодиён" ва озодагон!
Аз вакилони маҷлиси Тоҷикистон интизор доштани кори неке барои мардум аз барзагов шир хостан аст. Маҷлиси Тоҷикистон ниҳоде ташрифотист ва таъсире дар авзоъи сиёсиву иқтисодиву иҷтимоъии кишвар надорад.
-------------------------------------

Салом ба кормандони родиюи Озоди
Офарин бар вакилони мардумии парлумони ЧТ
Умед дорам ки баъди истирохати тулони боз ба кори худ чиддитар шуру намоянд ва ба чои айнан рунавис кардани конунхое ки Думаи ФР бо захамоти зиёд кабул мекунад ва ба чои ФР -ЧТ менависанду бо як сарчунбониву кафкуби онхоро хамчун конуни ЧТ кабул мекунанд.

Ман аз вакилони мухтарам хохиш менамоям ки аз ёд набароранд ки онхоро мардум интихоб намудааст (агар чунин бошад) ва хубтар мешуд худашон магз об кардаву конунхои муносиб ба авзоъи кунунии ЧТ тахия ,барраси ва кабул намоянд. Агар чунин набошад пас чи тавакуъ метавон дошт.
Фароруди
----------------------------------------


Салому паём ба мардуми сарсахти аз парлумон безор. Албатта ман низ чун дигарон аз парлумони Точикистон ба чуз мубориза зидди дини Ислом ва иваз кардани конунхои Хукумат дигар чизеро интизор нестам. Онхо факат дар фикри ишками хеш хастанд, кадри халки одди барои онхо аз хоки рох дида арзонтар аст. Агар мо барои ояндаи хеш ва миллат хуни дили худро хурем онхо барои ояндаи худ ва фарзандони худ хуни мардумо оддиро иехуранду бас... Панохатон ба Парвардигори карим аз Оллох бароятон тавфик ва инсоф мехохам бошад ки .......
Бо эхтиром БЕНИШОН
-------------------------------


Навиштаҷоти баъзеҳоро мутолиъа карда, ба хулосае омадам, ки ё ман беақлам, ё муаллифони сатрҳои зер супориши ҳукуматро иҷро мекунанд.
----------------------------------------

Ба вакилон дастони бақувват, ангуштони машқёфта, нохунҳои тез барои зер кардани тугмачаҳо ва бозиҳои компутерӣ хоҳонам.

Аз онҳо, ба ростӣ, ягон умед надорам. Танҳо ба худ боварӣ дораму халос, чунки ман ба ягон вакил овоз ҳам надодагӣ. Лек ба ҳар ҳол саломат бошанд депутатҳои мо, зеро саломатии онҳо саломатии миллат аст.

Комили Кӯҳистонӣ, Хоруғ.
--------------------------------------

Ман аз ин вакилон ягон чиз умедвор нестам, барои он ки онхо хама аз тарафи чаноби оли эътирофшуда хастанд ва мисли мошини электрони хастанд ва дар даруни онхо барномаи Rahmon Software барномагузори шудааст.

Ин вакилони мо ва пармаленти мо як манбаи исрофкорест ва пули миллати камбагали точик бехуда барои онхо маблаггузори карда мешавад.

Худоё, худовандо ба хамаи онхо тавфику имон дех ва аз ту зуртар тавонотар хеч кас нест.

Даврон
------------------------------


Дар бозорхо нарху навои тамоми махсулот дакка хурдааст, вакилони мухтараму арчманд чи кор карда истодаед? Охир хамин мардум Шуморо интихоб кардааст ку? Ваъдахои чанд соларо хам одам гуфтаги хар замон ба хотираш меорад. Маош паст маош паст вакилони мухтарам. Тагиру иловахо дароред ва талаб кунед, ки маош боз 100 фисади дигар зиёд карда шавад. То кай Шумо факат фикри худатону фарзандонатонро мекунед. Ягон маколаи танкидии матбуот ва расонахои хабари нисбати Шумo ку таъсир намекунад, чи бояд кард, ки хар замон Шумо гами халкро хам хуред. Шумо хам точик ку? Наход фарзанди хамин миллат бошеду коратон факат айшу ишрат бошад. Агар ин суханхои маро ягонтои Шумо рад кардани бошед, ман исбот карда медихам кадом депутат дар кучо истирохат мекунаду дар кучо маъшука дораду аз кадом хисоб даромади муфт ба даст меорад.

Бо эхтиром СОМОН
----------------------------------------------------



Аз вакилони "вакил"танхо адолат, росткавли, мардиги, устувори дар конуну карорбарори, шавкату поквичдониро талаб дорам. Ин орзуи як шахрванди точикистони ки дилаш саршор аз мухаббати Ватан аст, мебошад. Дар ботини ин вожахо-хуни хакикат чорист. Марди сохибдил ва Вакили одил ин мафхумхоро бидуни мушкилие дарку фахм мекунад. Факат як зарра андеша лозим асту тамом........Андешаи Румиёна (Мавлави)
Тавфик рафик бод!!!
ФИРДАВС, ИМА
-------------------------


Умедворам, ки аъзои порлумони Точикистон аз ин ба баъд аз нусхабардории тахтуллафзи ва бемантики конунхо ва меъёрхои Русия даст кашанд ва худ дар ростои конунофари талош кунанд.

Конунхои то имруз вазъкардаи онхо нусхахои вожа-ба-вожаи кавонини Русия аст ва дар забони форси (точики) аслан маъни надоранд ва ё саршор аз иштибохоти мантики хастанд. Аз суйи дигар бисёре аз ин кавонин ба шароит ва мухити Точикистон аслан созгор нестанд.

Забони кавонин ва конунгузори низ бояд фасех ва равон бошад, то мардум ба хондан ва азбар кардани конун чалб шаванд ва ба хамин васила конундон ва хукукдон шаванд. Аз догтарин масоил дар Точикистон аз конун дур будани мардум ва огох набудан аз хукукашон аст, зеро кавонини мо ба забоне дурушту хушк ва гушхарош навишта шуда ва мардумро ба хондану омухтани онхо чалб намекунанд, агар забони кавонин забоне фасех ва равон бошад, мардум ба хондани кавонин чалб мешаванд, конунхоро аз бар мекунанд ва аз хукуки худ дар хар чое дифоъ мекунанд.

Хало шикофе, ки байни мардум ва кавонин хаст, асосан хамин шикофи забони аст ва хамаи мушкилоти мардуми точик дар хамин мушкили забон тамом мешавад, зеро бе дарку фахмиши дуруст ва мантикии мафохим дар хеч арса ба чое нахохем расид.

Лозим ба зикр аст, ки агар забони кавонин фасех ва равон шавад, мардум ба хондани рузманохои Чумхурият ва Садои Мардум низ хоханд пардохт, холо камтар касоне ин рузномахоро мехонанд, зеро забони чолибе надоранд.

Бояд ба ёд овард, ки миллати мо аз кадимитарин милали конунофар ва додгустар буда ва масали "Конуне вазъ кун, ки монанди кавонини Порсхо ва Модхо бошад, чун кавонини Порсхо ва Модхо кобили табдил нест" дар китоби Таврот ишора ба миллате конунманд ва додофар (эчодгари кавонин) будани эрониён (аз чумла точикон) мекунад.

Хамчунин умедворам, кавонини Точикистон бо меъёрхои чахонии хукуки инсон созгор сохта шаванд ва рохро барои пешрафт ва фаъолиятхои сиёсию иктисоди ва ичтимоъии мардум боз кунанд, на ин ки монеъ шаванд ва ба гуфти русхо "запретителный характер" дошта бошанд.

Бештари кавонини имрузии Точикистон дорои хамин вижагии "запретительный" хастанд, яъне рохбанд хастанд на рохгушо, мушкилсоз хастанд на мушкилгушо, чилавгир хастанд, на заминасоз!

Хамчунин умедворам конунгузорони точик битавонанд хар халое (пробел-gap), ки дар кавонини мавчуд хаст, аз миён бубаранд, зеро хамин шикоф ё хало мучиби густариши фасод аст.

Хамчунин ба порлумон тавсия мешавад аз ихтиёроти густарда ва беш аз хадди раиси чумхури бикохад ва бештари ин ихтиёротро ба ухдаи худ бигирад, зеро раиси чумхур бо ин салохиятхои густардае, ки дорад батадрич ба як хокими худкома бадал мешавад. Мо бояд ба суйи демукроси биравем, на ба суйи диктотури ва хукумати мутлак.

Порлумон бояд барномаи густардае барои ислохоти идори (административи) ва сохтори ва хукуки дар тамомии арсахо огоз кунад ва аз корбурди намунахо ва сохторхои таклиди ва баргирифта аз фархангхои бегона пархез кунад. Масалан сохторе хаст ба номи "сарраёсат", хеле хандадор ва масхараомез. Раёсат худ сар аст ва ва боз бо сар чуфт шудаасит! Ё худ сарконун, рушан нест ин калимаи бемаъниро ки ворид кардааст!

Аз бахри мафохим ва сохторхое монанди сарраёсату управленияву селсовету чамъияту иттифоку хочагию хадамоту нохияву вилояту чамоъату дигару дигар, ки умдатан сохторхои таклиди ва баргирифта аз забони руси хастанд, бояд гузашт ва сохторхои миллие монанди Мехистон (ба чои мачлиси милли) анчуман, устон, шахристон, дехистон, дехсолор ва дехбуд, шахриёр ва шахрдор, устондор, девон ва дафтар, конун, канкош, сипахбуд ва артишбуд, сипахсолор ва сарлашкар, сарханг ва саргурд ва гайра.... бунён ниход.

Пешниходи дигар ба аъзои порлумон ин аст, ки аз вазъ кардани кавонин ва мукаррароти музхик ва хандадор ва ачибу гариб, назири конуни маросим ва ойинхои пурмасраф ва мукаррароти манъи пушиши бархе анвоъи либос дар донишгоххо, махдудсозии фаъолиятхои маданию сиёси, динию фарханги даст кашанд, аз чунин икдомоте чилавгири кунанд ва худ ва миллати худро назди чахониён хандахариш насозанд.

Хамчунин пешниход мешавад, ки ба озодии баён арч гузоранд ва аз мукаррарот ва кавонини бемантик ва захрогин ва иртичоъие назири "моддахои марбут ба тахкир ва тавхин дар матбуъот ва интернет дар конуни чинои" даст бикашанд.

Порлумони хакк дорад монанди порлумонхои хар кишвари дигари мутамаддин дар чахон кавонине мутамаддин вазъ кунад ва ба хамин васила сарафроз бошад

Дар гайри ин сурат чахониён ва ояндагон ба холи он идда аз раисони шикамгафсе, ки имруз дар курсии порлумони нишаста ва кавонини иртичоъи ва чангали метарошанд, хоханд хандид.
Фаромарз
-----------------------------------------------


Мо аз вакилони худ ба ғайр аз масҷидвайронкуниву мубориза бар зидди дин дигар чизеро интизор нестем. Ҳукумати мо сахттарин зулмро дар ҳаққи мусулмонон дар ин моҳи муборак карда истодааст. Ҳамаи ин бебаракатию боло рафтани нархҳо ба хотири корҳои ин ҳукуматдорон мебошад.

Агар ин ҳукуматдорон худро мусалмон наҳисобанд, моро шояд он қадар сахт нарасад, лекин боз даъвои мусулмонӣ мекунанд, агарчӣ Ислом аз онҳо безор аст. Дигар ба онҳо боварӣ нест.
Имам
-----------------------------------

Салом ба хамаи хамватанон!

Ман аз вакилон, гайр аз ворид намудани тагйиру иловахо ба ягон кодекс ё конуни чумхури дигар чизеро интизор нестам. Дар хакикат агар шумо тавачух намуда бошед, хамшахриёни азиз, вакилони мо чанд сол боз гайр аз тагйиру илова дигар коре надоранд. Масалан: калимаи "чунки" ба калимаи "чун ки" иваз карда шавад. Ё ин ки аз банди фалон модда вергул партофта шавад ва гайра...

Вакилони мо факат як корро хуб, ба дарачаи оли гуем хам хато намекунем нагз анчом медиханд. Он хам бошад калачумбониро. Чи карору конуне бошад, бе ягон фикру дудилаги каллахояшонро то миз мерасонанд. Хама тарафдор. Вакте тарики телевизион парламентро тамошо мекунам, афсонае ба ёдам мерасад, ки чунин ибора дорад: "Издихоми каллачумбонхо"

Хуш бошед. Хафа нашавед вакилони азиз, агар ин сатрхоро хонед. Барои чи ки шумо дар хакикат чунинед. Инро як ман не, аксари мардуми кишвар медонад. Шарм доред, маоши аз хама зиёд шумо мегиред, мошини хизмати доред, аз газу барк озодед. (новобаста аз оне ки барку газ хаст ё не)!
Як шахрванди хайрон
----------------------------------------------



Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё такрориву беш аз андоза дарозанд ва ё бо мақсади таблиғ ирсол шудаанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Лутфан, агар имкон ҳаст, бо ҳуруфи тоҷикии сириллик бинависед, то номаи Шумо зудтар ба нашр расад. Номаҳо бо имзои мустаор на лузуман қобили нашр хоҳанд буд. Зимнан, ҳеч назаре дар Майдони баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG