Дар бисту шашумин давраи ин мусобиқот дар шаҳри Рио-де-Жанейро 700 варзишгар аз 140 кишвар ширкат варзиданд.
Ширинҷон Мамадсафоев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, гуштигири 26-солаи тоҷик Расул Боқиев дар рақобатҳо дар вазни зери 73 килограмм бар ҳарифони худ аз Ҷумҳурии Чех, Беларус, Тайван ва Узбакистон дастболо шуда, сипас барои роҳ ёфтан ба сабқати ниҳоӣ аз намояндаи Куриёи Ҷанубӣ Ки чун Ванг мағлуб гардид. Баъди ин паҳлавони тоҷик барои дарёфти мақоми севвум бар Давид Кехихвашвилии гурҷӣ пирӯзӣ ба даст овард.
Бад-ин тартиб Ки чун Ванг ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт. Элнур Маммадлӣ, намояндаи Озарбойҷон, бо медали нуқра мукофотонида шуд. Юсуки Канамару аз Ҷопон ва Расул Боқиев бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гардиданд.
Ба гуфтаи ҷаноби Мамадсафоев ин аввалин медали варзишгарони Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гуштии дзюдо маҳсуб мешавад. Расул Боқиев пас аз гурзандоз Дилшод Назаров дуввумин варзишгари Тоҷикистон аст, ки ба Бозиҳои олимпии соли 2008 роҳхат гирифтааст.
"Парвоз" ва "ХИМА" - дар финал
Дастаҳои лигаи олӣ - «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров ва «ХИМА»-и Душанбе ба бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2007 роҳ ёфтанд.
Бо вуҷуди он ки «Парвоз» дар бозии ҷавобӣ аз тими мизбон - «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бо натиҷаи 1 бар 2 шикаст хӯрд, аз рӯи натоиҷи ду бозӣ бо дарназардошти голи дар меҳмонӣ задааш пирӯз шуда, ба финал баромад. Ёдовар мешавам, бозии аввали ин дастаҳо бо натиҷаи 1 бар 0 ба нафъи «Парвоз» анҷом пазируфта буд.
«ХИМА» дар бозии ҷавобӣ низ «Динамо»-и Душанберо бо натиҷаи 4 бар 3 шикаст дод. Дар бозии аввал «ХИМА» бо натиҷаи 3 бар 1 пирӯзӣ ба даст оварда буд.
Ҳамин тариқ дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи баргузории он аз ҷониби Федеросиюни футболи Тоҷикистон ҳанӯз муайян нашудааст, дастаҳои «Парвоз» ва «ХИМА» барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон-2007 талош хоҳанд кард.