Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешгомиҳои осиёвии Остона


Иқтисоди Қазоқистони саршор аз захираҳои нафту газ дар чанд соли гузашта тақрибан 10 дар сад рушд кардааст, ки ин рушд аз баракати фуруши нафт аст. Ширкатҳои Қазоқистон, ки аз ҳисоби даромадҳои нафтӣ сарватмандтар мешавад, акнун имкон пайдо кардаанд, дар кишварҳои ҳамсоя сармоягузорӣ намоянд.


Зимнан дар сафарҳои Нурсултон Назарбоев раиси ҷумҳури Қазоқистон ба Тоҷикистону Туркманистон масоили иқтисодӣ дар дастури кори мулоқотҳои дуҷониба қарор дошт.


Дар шаҳри Душанбе Нурсултон Назарбоев ваъда дод, Тоҷикистонро, ки шоҳиди болорафтани қиммати гандуму орд шудааст бо ғалладона таъмин хоҳад кард. Нурсултон Назарбоев ва Эмомалӣ Раҳмон тавофуқ карданд, то як бунёди сармоягузории муштарак таъсис диҳанд, ки 80 дар сади сармояи он аз ҷониби Қазоқистон хоҳад буд.


Нурсултон Назарбоев гуфт, Қазоқистон омода аст, бунёди нерӯгоҳи Нуробод дар шимоли Тоҷикистонро сармоягузорӣ кунад. Мубодилоти мол миёни ду кишвар дар шаш моҳи соли равон 75 дар сад афзудааст.


Ҳангоми мулоқоти Нурсултон Назарбоев бо раиси ҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар рӯзи 12 сентябр таваҷҷӯҳ рӯи масоили иқтисодӣ будааст. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Қазоқистонро афзалиятнок хонд. Раҳбарони ин ду кишвар ҳамчунин масъалаи бунёди лулаи газеро баррасӣ карданд, ки гази Туркманистонро аз тариқи қаламрави Қазоқистон ба Русия мерасонад.


Аммо барномаҳои иқтисодии Қазоқистон танҳо ба Тоҷикистону Туркманистон маҳдуд нашудаанд, чун дар солҳои гузашта сели сармояи Қазоқистон ба Қирғизистон низ ҷорӣ шудааст ва хусусан ба соҳаи бонкдории ин кишвар.


Сергей Лужянин, профессори Донишгоҳи умури байналмилалии Маскав ба Радиои Озодӣ гуфт, сафарҳои Нурсултон Назарбоев ба кишварҳои ҳамсоя бахше аз талошҳои давлат барои табдил ёфтан ба пешвои минтақавӣ аст. Оқои Лужянин гуфт, Қирғизистону Тоҷикистон бештар майли ҳамкорӣ нишон медиҳанд ва қарзу сармояи Қазоқистонро ба даст меоранд. Аммо дигар кишварҳо ба мисли Узбакистон ба даъватҳои Қазоқистон боэҳтиёт назар мекунанд, чун унсурҳои рақобат ва рашк дар ин ҷо вуҷуд дорад. Тошканд аксар вақт иқдомҳои Остонаро танқид мекунад, ки ин далели мухолифатҳои пешин аст.


Аммо танҳо мақомоти Қазоқистон нестанд, ки мехоҳанд ҳамкориҳои иқтисодӣ бо кишварҳои ҳамсоя тақвият ёбад. Ширкатҳои давлатӣ ва хусусии Қазоқистон низ ба соҳаҳои энержӣ, сохтмон ва хадамоти умумии кишварҳои ҳамсоя таваҷҷӯҳ кардаанд.


Аммо дар баробари Қазоқистон дигар кишварҳое ҳастанд, ки қасди афзудани ҳузури иқтисодӣ дар Осиёи Марказиро доранд. Масалан ҳузури иқтисодии Русия дар ин кишварҳои як замон тобеъи он бисёр қавӣ аст. Ширкати Газпром аз бузургтарин шарики тиҷоратии Узбакистону Туркманистон аст. Шарики бузургтарини тиҷоратии Тоҷикистон низ Русия аст. Дар чанд соли гузашта Ҷумҳурии Мардумии Чин низ ба қавле ба минтақа панҷа мезанад ва аксарияти кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳузури тавсиаёбандаи иқтисодии он ибрози ташвиш кардаанд.


Оё ин таҳаввулот метавонад бархурди манофеъи иқтисодии Қазоқистону Русия ва Чинро дар Осиёи Марказӣ ба вуҷуд биёрад? Профессори рус Сергей Лужянин посухи рад медиҳад. Ӯ далел меорад, ки Остона, Маскав ва Пекинро даҳҳо ва садҳо қарордодҳо ва ҳамчунин ниҳодҳои бузурги сиёсӣ ба мисли Созмони ҳамкориҳои Шонҳой ба ҳам пойбанд кардааст. Ва нишасти ахири созмон дар Бишкек махсусан дар бахши энержӣ дигарбора нишон дод, ки Чину Қазоқистону Русия дар рафъи мухолифатҳо дар робита ба гази Туркманистон манфиатдоранд.


Бо бузургтар шудани шикоф миёни кишварҳои фақиру сарватманди Осиёи Марказӣ ва вуҷуди ихтилофоти назар миёни Қазоқистон бо Тоҷикистону Қирғизистон ба гуфтаи Сергей Лужянин амнияти минтақавӣ бештар осебпазир мешавад. Аз ин хотир, мегуяд ӯ, Қазоқистон набояд на танҳо дар бахши нафту газ балки дар бунёди бемористону, мактаб ва роҳҳо ба ҳамсоякишварҳои худ кумак кунад.
XS
SM
MD
LG